Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

80 соли Оқохон ва 21 соли "байъат" бо исмоилиҳои Тоҷикистон


Оқохони чор бо ҳамсараш.

Оқохони чор – Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ – пешвои тақрибан 20 миллион исмоилиёни ҷаҳон ба синни 80 расид. Ҳазорҳо пайрави исмоилия дар Тоҷикистон барои таҷлил аз ҷашни таваллуди ӯ барномаҳои фарҳангиро дар назар гирифтаанд. Занҷирбек Бахтиёров, масъули Созмони ҷамоатҳои Оқохон дар Тоҷикистон, рӯзи 13 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, “маҳфилҳо аз мадҳиясароӣ ва андарзу насиҳат ба ҷавонон иборатанд. Азбаски рӯзи хушист, рақсу бозӣ ҳам ҳаст. Яъне, мо бо хурсандӣ мавлуди Волоҳазратро таҷлил мекунем.”

Беш аз 200 ҳазор пайрави мазҳаби исмоилия дар вилояти Бадахшон ва Душанбеву баъзе аз навоҳии вилоятҳои Хатлону Суғд ба сар мебаранд.

Байъат дар 21 соли пеш

Пешвои исмоилиёни ҷаҳон то 21 соли пеш барои аксар муридонаш дар Тоҷикистон ношинохта буд. Сафари нахустини ӯ дар моҳи майи соли 1995, дар авҷи даргириҳои дохилӣ, аз Маскав ба Душанбе сурат гирифта, ба қавли пажӯҳишгар Умеди Ҷайҳонӣ, пайванди то он дам рӯҳонии пайравони исмоилияро бо пешвояшон ба пайванди воқеӣ табдил дод.

Мамадшо Илолов
Мамадшо Илолов

Мамадшо Илолов, президенти собиқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки рӯзи 13 декабр аз Амрико бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, низ гуфт, ин дидори оддӣ набуд, балки байъати миёни пайравони исмоилия бо Имоми Замон ба ҳисоб мерафт. “Аввал дар сатҳи боло бо президент сӯҳбат доштанд. Баъдан дар чанд гӯшаи Бадахшон бо муридонашон вохӯрӣ карданд. Ин дидор бори аввал дар таърихи имоматии исмоилия буд. Барои пайравони исмоилия дар Тоҷикистон падидаи нодир буд ва мардум ба ҳавои сард нигоҳ накарда, хурсандӣ мекарданд”, - ёдоварӣ намуд Илолов.

Раҷпут чӣ паём овард?

Президенти собиқи Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфт, пеш аз сафари нахустини Оқохон ба Тоҷикистон як гурӯҳ аз пайравони исмоилия барои сӯҳбат бо ӯ ба Порису Лондон рафта буданд. Таҳлилгар Рашид Ғанӣ Абдулло тамоси Оқохон бо исмоилиҳои Тоҷикистонро дар оғози солҳои навад, ҳатто ҳанӯз дар замони пойбарҷоии Шӯравӣ тасдиқ кард. Ӯ гуфт, “тавре дар ёд дорам, ин мулоқот соли 1990 дар Душанбе сурат гирифт. Нахустин намояндаи махсуси Оқохони чор, ки ба Душабе омад, Раҷпут буд. Вай омада буд, то вазъу ҳоли мардуми исмоилиро бо чашми сар бибинад.”

Рашид Ғанӣ Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло

Ҳоло беш аз 200 ҳазор пайрави мазҳаби исмоилия дар вилояти Бадахшон ва Душанбеву баъзе аз навоҳии вилоятҳои Хатлону Суғд ба сар мебаранд. Рашид Ғанӣ Абдулло мегӯяд, аз ҳаққу озодии баробар бо сокинони дигари Тоҷикистон бархӯрдор будани исмоилиён, аз ҷумла дар мақомҳои раҳбарӣ, фиристодаи махсуси Оқохони чорро “мафтун карда буд”. “Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳистон ягона ҷое буд, ки пайравони исмоилия як навъ аз давлатдорӣ бархӯрдор буданд. Исмоилиҳо дар ҷойҳои дигар аз ин неъмат чандон баҳравар нестанд”, - афзуд ӯ.

“Ҳарфи ниҳоиро имом мегӯяд”

Ба ақидаи бисёре аз таҳлилгарон, сафару ёриҳои Оқохон ба Тоҷикистон дар давраи ҷанги дохилии солҳои 1992-97 ва бозсозии баъдиҷангии Тоҷикистон шиддати иҷтимоиро коҳиш дода, мавзеъгирии сиёсии ӯ ба нармиши мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ва пешрафти гуфтушуниди сулҳ мусоидат кардааст. Мамадшо Илолов мегӯяд, дар ин муддат “ёриҳои зиёде ба сокинони кишвар шуда, сохтори мукаммали мазҳабӣ низ таъсис гардид.”

Маркази исмоилия дар Душанбе
Маркази исмоилия дар Душанбе

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ягона Маркази исмоилия дар Душанбе сабти ном шуда, дар дохили он ҷамоатхона, яъне ибодатгоҳи расмии исмоилиҳо низ ҷойгир аст. Яке аз пайравони исмоилия гуфт, ҳанӯз Оқохони чор ҷамоатхонаи дигареро таъйид накардааст. Вай афзуд, “дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) ибодатгоҳ аст ва дар Хоруғ “Дорулҳикмат” ҳаст, вале инҳо ҷамоатхона нестанд. Ҷамоатхона ҳамонест, ки Имоми Замон шахсан тасдиқ ва баъдан намояндаи худро таъин мекунад.”

Ин пайрави исмоилия гуфт, мисли ин, ҳарфи Имоми Замон барояшон ниҳоист ва танҳо ӯ хатти машйи мазҳабро муқаррар мекунад. “Ин бармегардад ба фалсафаи шиа, махсусан шиаҳои исмоилӣ, ки бовар доранд, паёмбари ислом баъди худ васӣ гузошт. Яъне, ҳамон васиҳо дар ҳар асре вобаста ба замон динро ба муридон тафсир мекунанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

“Помир Тибет нест”

Оқохони чор ва Эмомалӣ Раҳмон дар шурӯи сохтмони пули Шоҳон - Хоҳон. Моҳи ноябри 2011
Оқохони чор ва Эмомалӣ Раҳмон дар шурӯи сохтмони пули Шоҳон - Хоҳон. Моҳи ноябри 2011

Мақомоти Тоҷикистон ва ҳам Русия то солҳои 2000-ум зимни тамаркузи Оқохон ба аҳолии Бадахшон ба ин фаъолиятҳо бо чашми шубҳа менигаристанд. Он давра буд, ки баъзе матолиби манфӣ ва танқидӣ дар Душанбе ва Маскав мунташир шуд. Дар яке аз онҳо Помири Тоҷикистон барои Оқохон ба Тибет барои Далай-Лама ташбеҳ шудааст. Ҳарду раҳбар ҳамзамон динӣ ва мулкиянд, аммо қаламрави алоҳидае барои давлатдорӣ надоранд. Вале таърихи беш аз 20 соли охир нишон дод, ки Тоҷикистону Оқохон аз якдигар розӣ боқӣ монда, Тоҷикистон Оқохонро дӯсти худ мешуморад ва дар лаҳзаҳои мушкил ба ӯ рӯйи ниёз ҳам меорад.

"Тоҷикистон аз Оқохон розист"

Аз ҷумла, дар бӯҳрони амниятии соли 2012 дар Хоруғ Оқохон нақши мусбат бозида ва ба ҳалли осоиштаи низоъ миёни фармондеҳони собиқу нерӯҳои давлатӣ мусоидат намудааст. Ин дар ҳолест, ки Оқохон ҳамеша талош кардааст, мудохилае ба сиёсат надошта бошад.

Бо вуҷуди ин, солҳои охир дар Тоҷикистон баъзе нигарониҳо дар бораи тарҳи “Бадахшони бузург” садо дода, марҳум Сӯҳроб Шарифов, вакили собиқи порлумон, дар як сӯҳбаташ дар соли 2014 пешниҳод карда буд, ки “Тоҷикистон дар системаи унитарӣ ва автономӣ бояд ислоҳот гузаронад ва аз ҳама таҳдиду хатарҳое, ки ба мо аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мерос гузоштаанд, берун барояд.” Аммо таҳлилгар Рашид Ғанӣ Абдулло мегӯяд, дар ҳоли ҳозир чунин нигаронӣ вуҷуд надорад. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, “давлати Тоҷикистон то ба ҳол чунин хатарро эҳсос накардааст. Аз аввал Оқохон муридонашро ба оромӣ даъват карда буд ва барои ҳамин миёни ӯву раҳбарияти Тоҷикистон якдигарфаҳмӣ буд. Ҳамин якдигарфаҳмӣ ҳанӯз ҳам боқист.»

Мулоқоти аввалини пайравони исмоилия дар Тоҷикистон бо пешои ин мазҳаб Оқохони чор. Моҳи майи 1995
Мулоқоти аввалини пайравони исмоилия дар Тоҷикистон бо пешои ин мазҳаб Оқохони чор. Моҳи майи 1995

Шоҳзода Оқохон борҳо бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада, чанде аз иншоот, аз ҷумла пули пайвандгари Тоҷикистону Афғонистонро бар фарози Ому ба истифода додааст. Қарор буд, Оқохони чаҳор дар моҳи ноябри соли гузашта ҳангоми ифтитоҳи пули Шоҳон – Хоҳон, пули дигари миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод) ба Тоҷикистон биояд. Аммо ба далели таъхиркорӣ дар корҳои сохтмонӣ ин сафари ӯ ҳам ба ақиб афтод. Дертар гуфтанд, ӯ дар ҷашни имсолаи Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон иштирок хоҳад кард, вале ин маҳфил низ бе ҳузури ӯ гузашт. Ҳоло гуфта мешавад, пешвои исмоилиён дар маросими ба истифода додани бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ ба Тоҷикистон хоҳад омад.

Натанҳо пешвои мазҳаб

Оқохони чор рӯзи 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омада, замони кӯдакиро дар Кения сипарӣ кардааст. Вай баъдан 9 сол дар мактаби Ле Розеи Швейтсария таҳсил намуда, соҳиби дипломи таърихи Исломи Ҳарвард мебошад. Оқохон дар 21-солагӣ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севум пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд ва имоми 49-уми пайравони ин шохаи мазҳаби шиа ба шумор меравад.

Оқохони чор
Оқохони чор

Шоҳзода Карим Оқохон дар баробари ин, сармоядор ва аз афроди бонуфузи ҷомеаи имрӯз маҳсуб мешавад ва ба ҳарфи ӯ на танҳо пайравони мазҳаби исмоилия, балки сиёсатмадорони воломақоми кишварҳои олам ҳам гӯш медиҳанд. Шоҳзода Оқохон муассиси минтақаи фароғатии Порто-Черво дар ҷазираи Сардинияи Италия мебошад, ки аз мавзеъҳои дӯстдоштаи истироҳати миллиардерҳои олам аст.

Ӯ соли 1967 Бунёди Рушди Оқохонро таъсис дод, ки дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон тарҳҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангиро татбиқ мекунад. Ин бунёд саҳмияи сад дар садии ширкати мобилии “Tcell”-ро низ дар даст дошта, Бонки хурди молиявӣ ва меҳмонхонаи "Серена-Душанбе" низ ба он марбут дониста мешавад. Бунёди рушди Оқохон соли гузашта дар Тоҷикистон 107 миллиону 144 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ кардааст.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG