Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансаби як зодаи Тоҷикистон дар Мадагаскар. ВИДЕО


Давлатёр Ҷумъахонов
Давлатёр Ҷумъахонов

Давлатёр Ҷумъахонов, шаҳрванди 44-солаи Тоҷикистон, ҳоло роҳбарии як бонки тиҷоратӣ дар Мадагаскарро бар уҳда дорад. Ӯ гуфт, ки ба ин симат бо пешниҳоди шабакаҳои рушди Оғохон таъин шудааст.

Як мутахассиси соҳаи бонкдорӣ дар Тоҷикистон дар кишвари Мадагаскари Африқо раиси як бонки тиҷоратӣ таъин шудааст. Давлатёр Ҷумъахонов ҳоло дар шаҳри Антананариву роҳбарии бонки “Пример Эҷенс Де Микрофайненс” (Première Agence de Microfinance)-ро ба уҳда дорад. Ин шаҳрванди 44-солаи Тоҷикистон аз поёни соли гузашта ба ин симмат пазируфта шудааст. Қабл аз ин, ӯ ба ҳайси роҳбари молиявии “Аввалин бонки молиявии хурд дар Тоҷикистон” фаъолият доштааст.

Ҷумъахонов рӯзи 15 август дар як тамоси видеоӣ ба чанд суоли Радиои Озодӣ посух дод ва аз ҷумла гуфт, ки 16 сол боз дар шабакаҳои рушди Оғохон кор мекунад ва ба Мадагаскар рафтанаш низ бо пешниҳоди раҳбарияти ҳамин шабака сурат гирифтааст. “Пештар аз ин, дар соли 2007, муддати ду сол, дар Афғонистон ҳам кор кардаам,” – илова кард ӯ.

Мусоҳибаи видеоӣ бо Давлатёр Ҷумъахонов:

Бонкдори Тоҷикистон дар Мадагаскар
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:30 0:00

Озодӣ: Ҳамкоронатон Шуморо дар ин кишвари дур чӣ гуна пазируфтанд?

Давлатёр Ҷумъахонов дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон ба дунё омада, факултаҳои иқтисод ва забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хоруғро хатм кардааст. Дипломи МВА-ро дар Фаронса ба даст овардааст.

Давлатёр Ҷумъахонов: “Бисёр хуб пазируфтанд. Рости гап, маро эҳтиром мекунанд. То имрӯз бо ҳамкорон ҳеч мушкил надоштам. Як “команда”-и хуби ҳамкоронро дорем. Ҳама вақт дастгирӣ мекунанд.”

Озодӣ: Оё фарзандонатон низ ҳамроҳи Шумо дар Антананириву зиндагӣ мекунанд?

Давлатёр Ҷумъахонов: “Феълан онҳо ҳамроҳи ман ҳастанд. Аммо ҳамагӣ ду ҳафта қабл ба инҷо омаданд. Барои бештар ошноӣ пайдо кардан бо Мадагаскар. Барои саёҳат омаданд. Вале то ҳанӯз тасмим нагирифтаем, ки ба пуррагӣ инҷо бикӯчем, ё не.”

Озодӣ: Пас, маълум мешавад, ки фарзандонатон дар Душанбе таҳсил мекунанд?

Давлатёр Ҷумъахонов: “Бале, онҳо дар Душанбе таҳсил мекунанд, аммо дар таътил барои саёҳат ду ҳафта ба Мадагаскар омадаанд. Феълан ҳамроҳи ман ҳастанд.”

Озодӣ: Мадагаскар аслан чӣ гуна кишвар аст, вазъи зиндагии мардумаш, забони расмӣ ва боду ҳавояш чӣ гунаанд?

Давлатёр Ҷумъахонов: “Мадагаскар ҷазираи бисёр бузург аст. Масоҳаташ қариб 600 ҳазор метри мураббаъ. Аҳолиаш 24 миллион нафар аст. Аммо зиндагии мардум чандон хуб нест. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ бештар аз 90 фисади мардум камбизоат ҳастанд. Забони расмиашон фаронсавӣ ва забони маҳалии Малагазӣ аст. Ин ҷо ду фасл дорад. Фасли тобистону зимистон, тирамоҳу баҳор надоранд. Фасли хушк ва хунук аз апрел то октябр давом мекунад. Ҳаво то 10 дараҷа сард мешавад. Аммо аз ноябр то апрел ҳаво хеле гарм аст ва ҳар рӯз борон меборад.”

Озодӣ: Шароити кор дар ин кишвар то чӣ андоза аз Тоҷикистон фарқ мекунад? Манзурам вазъи бонкҳо, андозаи фоизи қарзи бонкҳо чӣ гуна аст?

Давлатёр Ҷумъахонов: “Чандон фарқи зиёд нест. Бонкдорӣ дар ҳама ҷо як аст, чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Африқо. Фоизҳое, ки мо инҷо қарз медиҳем, мисли Тоҷикистон баланд аст, аз 20 то 35 фоиз барои қарзҳои хурд. Мизони фоизи пасандозҳо ҳам аз 4 то 18 фоиз ҳастанд. Фарқият дар ҳамин аст, ки вазъияти бонкҳои Тоҷикистон дар ҳамин рӯзҳо бисёр вазнин аст, буҳрони иқтисодӣ ба вазъи аксари бонкҳо таъсир гузоштааст. Аммо бонкҳои Мадагаскар вазъияташон хуб, буҳрони иқтисодӣ ҳам нест инҷо. Вале рақобат дар Мадагаскар дар сохтори бонкӣ чандон тезутунд нест. Оҷонсии мо метавонад ба комёбиҳои хуб ноил шавад. Чунки инҷо имкониятҳо зиёданд.”

Озодӣ: Дар ин кишвар ҳам мушкили бекории ҷавонон ҳаст?

Давлатёр Ҷумъахонов: “Тавре пештар гуфтам, сатҳи камбизоатӣ то 90 дарсад мерасад. Бекорӣ низ аз проблемаҳои умда аст. Асосан сектори хусусӣ барои ҷавонон ҷойи кор фароҳам мекунад.”

Озодӣ: Ба муҳоҷират ҳам мераванд?

Давлатёр Ҷумъахонов: “Теъдоди бисёри ками ҷавонон ба хориҷа мераванд. Чунки чунин имкониятро надоранд. Аммо муҳоҷирати дохилӣ вуҷуд дорад. Аксарият аз деҳот ба шаҳрҳои калон барои пайдо кардани ҷойи кор меоянд.”

Озодӣ: Оё миёни Тоҷикистон ва Мадагаскар робитаҳои дипломатӣ вуҷуд доранд?

Давлатёр Ҷумъахонов: “Дар Мадагаскар сафорат ва ё консулгарии Тоҷикистон вуҷуд надорад. Як проблемае, ки баъди ба ин ҷо омаданам, дучор шудам, ин буд, ки намедонистам дар куҷо худро ба қайд гузорам. Вақте аз сарҳади давлатӣ мегузаштам, сарҳадбонҳо шиносномаи тоҷикии маро дида, хеле зеҳн мемонданд, чунки бори аввал медиданд. Баъдан тариқи Интернет ҳам талош кардам, ки ягон нафарро аз ҳамватанон пайдо кунам, аммо касе ёфт нашуд. Шояд баъд аз пахши ин суҳбати мо нафаре аз ҳамаватанонамонро пайдо кунем.”

Озодӣ: Ва ниҳоят барои ҷавононе, ки ҳамкнун мехоҳанд барои худ “карйера” созанд, чӣ машварат доданӣ ҳастед? Барои бунёди як “карйераи” муваффақ ҷавонон бояд чӣ кор кунанд?

Давлатёр Ҷумъахонов: “Ба фикрам, аввалан ҳар як ҷавон бояд як касбро интихоб карда, дар он маҳорат ҳосил кунанд. Дар шароити кунунӣ бе донистани забонҳои хориҷӣ сохтани “карйера” душвор аст. Ба ду чиз бояд сахт эътибор бидиҳанд- интихоби касб ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ.

XS
SM
MD
LG