Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулло Давлатов номзад ба мақоми вакили порлумони Русия шуд


Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов

Абдулло Давлатов, табиби тоҷики муқими шаҳри Маскав, аз сӯи ҳизби тозатаъсиси РОСТ ба мақоми вакили Думаи давлатии Русия пешбарӣ шудааст. То замони баргузории интихоботи порлумонӣ дар Русия ду моҳи дигар мондааст.

Абдулло Давлатов, табиби тоҷики муқими шаҳри Маскав, аз сӯи ҳизби тозатаъсиси РОСТ ба мақоми вакили Думаи давлатии Русия пешбарӣ шудааст. Дар ин бора Абдулло Давлатов рӯзи 8 июл дар сӯҳбат бо Озодӣ хабар дода ва гуфт, ки ному насабаш дар рӯйхати федеролии ҳизб таҳти рақами 18 аст. Дар ин феҳрист сиёсатмадори маъруф Ирина Хакамада дар мақоми аввал қарор дорад.

Ҳизби РОСТ аз сӯи Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқ дар бахши тиҷорати Русия Борис Титов таъсис шудааст ва бори аввал дар интихобот ба Думаи давлатӣ иштирок мекунад.

Абдулло Давлатов мегӯяд, ба ӯ баъд аз суханрониҳояш дар нишастҳои ин ҳизб пешниҳоди ширкат дар интихобот ба палатаи поёнии порлумони Русияро кардаанд. "Ман то ду рӯзи пеш дудила будам, зеро аз корҳои ҷамъиятӣ хеле хаста шудаам ва узвият ба ягон ҳизбро ҳам хуш надорам. Аммо сӯҳбате бо як муҳоҷири тоҷик боис шуд, ки ба пешниҳоди навбатии масъулони ҳизб ҷавоби мусбат диҳам," - афзуд ӯ.

Ба қавли Абдулло Давлатов, хулосаи суҳбати тақдирсози муҳоҷири тоҷик бо ӯ чунин буд: "Маро барои узвият дар Шӯрои миллатҳо ва комиссиюни масоили муҳоҷирати назди ҳукумати Маскав табрик кард. Дар ҷавоб шӯхиомез гуфтам, ки мири шаҳр нашудаам-ку, узви комиссиюн будан кирои табрик карданро надорад... Аммо ин ҷавон гуфт, ин тавр нагӯ, ба ман дӯстонам занг зада аз он изҳори хушҳолӣ карданд, ки як тоҷик ба ҳукумати Маскав наздик шудааст... Онҳо хеле дилгарманд, ҳама ҷо тоҷикон аз камбудҳо гап мешунаванд, агар тоҷике муваффақ шуд, қабат-қабат гӯшт мегиранд, гуфт он ҷавон."

Абдулло Давлатов меафзояд, аслан на ба хотири вакил шудан, балки барои он ба ширкат дар интихоботи Думаи давлатӣ розӣ шудааст, ки тоҷикҳои муқими Русия чаҳорчӯби тарсу бегонагиро дар худ бишкананд ва бовар кунанд, ки дар Русия ҳам бо кори шоиста метавон муваффақ шуд.

Абдулло Давлатов 24 сол боз дар Русия ба сар мебарад ва ҳамчун табиб ва фаъоли ҷомеа як шахси матраҳшуда аст. Ӯ аз муассисони созмони тоҷикистониёни Русия аст. Абдулло Давлатов ахиран бори дувум узви Шӯрои миллатҳои назди ҳукумати Маскав интихоб ва ду ҳафта пеш ба комиссиюни тозатаъсиси муҳоҷират дар ҳукумати пойтахти Русия шомил шуд.

Табиб ва сиёсатмадори тоҷик мегӯяд, ки ба комёб шудани ҳизби РОСТ дар интихобот ба Думаи давлатӣ хушбин аст.

Ба гуфтаи Абдулло Давлатов, ҳарчанд то интихоботи Думаи давлатӣ боз ду моҳи дигар боқӣ мондааст, ӯ ва раҳбарони РОСТ пешниҳодҳое таҳия кардаанд, ки дар сурати ба порлумон шомил шудани ҳизб ҳамчун тарҳи қонун пешбарӣ хоҳанд шуд.

Яке аз ин пешниҳодҳо авфи муҳоҷирони аз Русия ихроҷшуда аст. "Мо ин масъаларо аз нуқтаи назари амнияти Русия пешбарӣ кардаем, зеро бибинед, айни ҳол, бигирем, тақрибан 400 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шудаанд ва аммо таври маъмул ин афрод ному насабашонро иваз карда бармегарданд, зеро дар кишварашон ҷойи кори мувофиқ пайдо кардан муҳол аст. Онҳое, ки бармегарданду кор пайдо намекунанд, ба гурӯҳҳои ҷиноӣ ё ифротӣ мепайванданд... Яъне, аз нигоҳи ҳизб, беҳтар аст, ки афроди қаблан истирдодшуда афв карда шаванд ва бо роҳи қонунӣ вориди Русия шаванду қонунӣ ва рӯшод кору зиндагӣ кунанд," - шарҳ дод ӯ.

Аммо, ба гуфтаи Абдулло Давлатов, ин афрод ҳушдори қатъӣ мегиранд, ки дар сурати қонуншиканӣ то охири умр ҳаққи пой гузоштан ба хоки Русия нахоҳанд дошт.

Дар маъракаи интихоботӣ афроди шинохтае чун шоир Михаил Синелников, рӯзноманигор ва нависанда Михаил Попенко, раҳбари шӯъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Урал академик Александр Черних шахсони боэътимоди Абдулло Давлатов хоҳанд буд. Ӯ ва ҳизби РОСТ ба пуштибонии тоҷикони муқими Русия ҳам дар интихоботи рӯзи 18 сентябр умед бастаанд...

XS
SM
MD
LG