Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ё.Файзов: Таъхири сафари Оғохон ба 2 тарҳи муҳим бастагӣ дошт


Оғохони 4
Оғохони 4

Масъули барномаҳои Бунёди Оғохон дар Хоруғ мегӯяд, таъхир сафари Оғохони 4 ба Тоҷикистон ба нотамом мондани ду тарҳ бастагӣ дошт, вале ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон соли оянда ба Бадахшон мераванд.

Масъули барномаҳои Бунёди Оғохон дар Хоруғ Ёдгор Файзов рӯзи 13 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби ба таъхир афтодани сафари раҳбари исмоилиҳои ҷаҳон Оғохони 4 ба Тоҷикистон нотамом мондани ду тарҳи муҳим буд. Ба гуфтаи Файзов, як тарҳ марбут ба кӯпруку бозори наздимарзӣ бо Афғонистон буд ва дигар ба сохтмони нирӯгоҳ.

- Мо ба ҳукумат муроҷиат кардем ва фаҳмондем, ки як-ду масъала пеш омадааст. Бояд кӯпруки навро аз қаламрави Шӯрообод боз мекардем, вале ҳамроҳ бо он бояд бозори муштарак ҳам фаъол мешуд. Аммо бозор омода нашуд. Чун бозор омода набошад, кушодани кӯпрук маъно надорад. Масъалаи дигар ин шурӯи сохтмони як нирӯгоҳи барқи обӣ дар Роштқалъа аст. Аз тарафи мо ҳанӯз ҳуҷҷатҳои ин тарҳ омода нашудааст, - гуфт ӯ.

Ёдгор Файзов
Ёдгор Файзов

Ёдгор Файзов мегӯяд, сабаби ҷиддии дигар номусоидии ҳаво дар Бадахшон ва ҳам дар ноҳияи кӯҳии Шӯроободи Хатлон дар фасли тирамоҳ аст. Аз ин хотир, қарор шуд, ки ин корҳоро то баҳори соли 2015 мутаваққиф кунанд. Сафари Шоҳзода Карим Оғохон ба Тоҷикистон ғолибан дар мӯҳлати аз май то августи соли оянда сурат мегирад ва қарор аст, ӯ ҳамроҳ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Хоруғ сафар кунад.

Ибтидо интизор мерафт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар тирамоҳи соли равон ба Бадахшон сафар кунад. Вале дар ин ҳафта ба ҷои ӯ сарвазир Қоҳир Расулзода ба ин вилоят рафт ва бисёриҳо гуфтанд, ки тағйир дар барномаи сафари президент ба мутавақиф шудани боздиди Оғохон аз ин минтақа бастагӣ дошт.

Ба иттилои масъули барномаҳои Оғохон дар Хоруғ, сохтмони пули байни Тоҷикистону Афғонистон, ҳамроҳ бо бозори муштараке барои сокинони рустоҳои наздимарзии ду кишварро ҳукумати Олмон маблағгузорӣ кардааст. Ин тарҳ беш аз 2 миллион доллар арзиш дорад. Дар маросими кушоиши ин пул, қарор аст, ҳам ҷониби маблағгузору иҷрокунандаи тарҳ ва ҳам намояндагони ҳукумати Афғонистон иштирок кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Оғохони 4
Эмомалӣ Раҳмон ва Оғохони 4

Тарҳи дигар, бо «Себзор» бунёди нирӯгҳои барқи обиро дар ноҳияи Роштқалъа дар назар мегирад ва дар ҷараёни сафари Оғохон ба Бадахшон соли оянда хишти аввали ин тарҳ гузошта мешавад. Қарор аст, ин нирӯгоҳ дар ду-се соли оянда бунёд шуда, сокинони Роштқалъа ва ҳам рустоҳои назди марзии Афғонистонро бо барқ таъмин кунад. Дар ҳарду тарафи марз пайровани Имом Оғохон ба сар мебаранд ва ин тарҳро Бунёди рушди иқтисодии Оғохон амалӣ мекунад.

Ду омил ба сафари Шоҳзода Оғохон монеъ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00
Линки мустақим

Ёдгор Файзов дар идома гуфт, ки айни замон, масъулини барномаҳои рушд эҳтимоли бесубот шудани вазъ дар минтақа дар шароити таҳдидҳои афзояндаи Толибон дар хоки Афғонистонро низ дар назар доранд. Як моҳ пеш аз вилояти Бадахшони Афғонистон дар бораи юриши Толибон ва мухолифони дигари ҳукумати Кобул хабар мерасид. Ҳукумати Тоҷикистон пинҳон намекунад, ки таҳдиди ноамнӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ситезаҷӯву ифротгаро, бахусус баъди аз Афғонистон рафтани нирӯҳои НАТО то охири соли 2014 аз масоили радди аввал боқӣ мемонад.

- Оромиву амният яке аз масъалаҳои асосӣ ҳам барои мо ва ҳам барои Афғонистони ҳамсоя аст. Дар ҳолати ноамнӣ, ҳеҷ як тарҳи рушди мо амалӣ намешавад. Мо ба ин чиз бовар дорем, ки вақте зиндагӣ пеш мераваду шароити иқтисодӣ беҳтар мешавад, худи мардум ҳам аз ҷангу ҷанҷол рӯ мегардонанд. Мардум бояд зиндагии шоиста дошта бошанд, ҳам ҳукумат ва ҳам сармоягузорҳо бояд дар бораи роҳҳои беҳбуд ёфтани сифати зиндагии мардум дар ҳарду тарафи марз фикр кунанд. Барои ин бояд оромӣ бошад, савдо, тиҷорат, маориф бошад. Ҳар қадар зиндагӣ осоиштаву пешрафта бошад, ҳамон қадар гурӯҳҳои бегона наметавонанд зиндагии мардумро ноором созанд. Вақте мардум қашшоқ аст, ба ҳар роҳ меравад, - таъкид кард ӯ.

Роҳи Хоруғ
Роҳи Хоруғ

Ёдгор Файзов гуфт, ноамниҳои тобистони соли 2012 ва баҳори соли 2014 на танҳо ба рӯҳияи мардум, балки ба муҳити тиҷоративу ҷаҳонгардии минтақа таъсири манфӣ расонд. Ҳаҷми хисороти амалиёти низомӣ дар Бадахшон дар пайи кушта шудани раҳбари идораи амнияти маҳаллӣ генерал Абдулло Назаров 235 ҳазор доллар баровард шуд. Хисороти ширкатҳои тиҷоратӣ, ки шадидан вобастаи сафарҳои туристону шикорчиён аз хориҷа мебошанд, даҳҳо ҳазор доллари дигар гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG