Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро форсизабонҳои "Фейсбук" Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медоранд? САДО


"Дуруд бар ин раисҷумҳур», «дурудҳо бар ин марди бузург», «дурудҳо бар ин марди фахмида», «эй кош раисҷумҳурии мо буд» -- аз ҷумлаи шиору назарҳое ҳастанд, ки зери аксу суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар сафаҳоти интернетии форсизабонони бурунмарзӣ зиёд ба чашм мерасанд.

Зоҳиран раисҷумҳури Тоҷикистон миёни бештаре аз форсизабонони дунё рӯз ба рӯз маъруфияти бештаре касб мекунад. Ҳаводорони эронӣ ва афғонистонии ҷаноби Раҳмон порае аз суханрониҳои ӯро ба хатти форсӣ баргардонда ва ҳамроҳ бо аксҳояш монанди дигар афроди маъруфи ҷаҳони форсигӯ, дар интернет мечархонанд.

Ҳатто зери баъзе аз аксу гуфтаҳои раисҷумҳур ҳазорон форсизабон лайк ё аломати писанд гузоштаанд ва садҳо нафар онҳоро ҳамрасонӣ кардаанд. Аз ҷумла дар «Эрониёни хирадкор» ном гурӯҳ, рӯи яке аз аксҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон шиорҳое ҳак шудаанд, ки даъват ба шоҳномахонӣ, баргузидани номҳои форсии тоҷикӣ ба фарзандони худ ва пархез кардан аз номҳои арабӣ ва таблиғи пӯшиши миллии тоҷикӣ аз қавли раисҷумҳур оварда ва ба баҳс кашида шудаанд.

Маъруфияти Раҳмон дар чашми афғонҳову эрониҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:37 0:00
Линки мустақим

Дар ҳоле, ки айни қарорҳои президент Раҳмон дар ҷомеаи Тоҷикистон ва махсусан дар кишварщои мазҳабӣ чандон маҳбубият надоранд, ӯ тавонистааст байни эрониҳову афғонистониҳо тарафдорони зиёд пайдо кунад.

Бобаки Ифтихорӣ, як эронии муқими Аврупо, ки худро аз ҳаводорони ашаддии Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон аз мухолифони сарсахти Ҷумҳурии Исломии Эрон медонад, мегӯяд, муддати 37 соле, ки ҳукумати Эрон ба дасти рӯҳониён супурда шуд ва ба далели маҳдудиятҳое, ки ба гуфтаи ӯ, "низоми охундӣ" барои густариши фарҳанги миллии мардуми Эрон раво дид, боиси хезиши ҷонибдорони фарҳанги асили эронӣ ва гароиши мардум ба озодихоҳӣ аз он замон бад ин сӯ шурӯъ шуд ва торафт авҷ мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳзода Карим Оғохон дар маросими гузоштани санги таҳдоби як пул бар фарози дарёи Панҷ.
Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳзода Карим Оғохон дар маросими гузоштани санги таҳдоби як пул бар фарози дарёи Панҷ.

Ҷаноби Ифтихорӣ мутмаин аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ба далели дунявигаро буданаш, рӯз ба рӯз тарафдорони бештаре миёни эрониён пайдо мекунад, «Ҳарфҳое, ки раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, аз дили мо мегӯяд. Ӯ забони гӯёи мо шудааст. Замоне буд, ки шоҳи Эрон агар коре мекард, мардум ба ӯ механдид. Ҳатто мо, ки ҳоло тарафдоронаш ҳастем, ба ӯ механдидем. Вале акнун аз ин кор пушаймонем. Ҳоло ҷойгоҳи раисҷумҳури шумо байни мардум ҳамон гуна аст, ки ҷойгоҳи подшоҳи Эрон буд. Он замон мо сиёсатҳои ӯро намефаҳмидем, вале ӯ мефаҳмид. Акнун ҳам раисҷумҳури шумо мефаҳмад ва мардум намефаҳмад. Аммо мо эрониён мефаҳмем, ки ӯ чӣ мегӯяд.» - мегӯяд ҷаноби Ифтихорӣ.

Каюмарс Ориё, тоҷиктабори афғонистонии муқими Аврупо мегӯяд, "ҳарчанд ҳарфҳои зиёди манфӣ дар бораи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мешунавем, вале бо вуҷуди ин, ӯ миёни бахусус тоҷикони Афғонистон маъруфу маҳбуб аст, “Корҳояшон (манзур раисҷумҳури Тоҷикистон) то андозае хуб аст. Ба хотири ин, ки исломгароёнро саркӯб мекунад, байни афроди рӯшанфикри Афғонистон қобили қабул аст. Ва дар Эрон ҳам чун давлати охундӣ ҳаст, аз ин нигоҳи эрониён ҳам озодиҳое, ки дар Тоҷикистон ҳаст ва тариқи барномаҳои телевизионӣ мебинанд, дӯст доранд..»

Ҷонбоз Коргар, сокини минтақаи Шуғнони Афғонистон низ аз ҷумлаи тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, ки "мардуми Афғонистон сиёсати исломгароёнро таҷриба карданд. Аз ин рӯ, сиёсате, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар нисбати ифротиҳо пеш гирифтааст, ман дӯст дорам. Бубинед, Афғонистон имрӯз дар чӣ ҳол аст. "

Занон дар Эрон.
Занон дар Эрон.

Аммо иддае аз таҳлилгарон бар инанд, ки мардум ба ҳар чизе, ки дар ҷомеаҳо саркӯб мешавад, алоқаи бештаре пайдо мекунанд. Ба бовари ин таҳлилгарон, азбаски дар Эрон фарҳангу таърихи пешазисломӣ сарфи назар шудааст, мардуми бештаре баръакс талош доранд ба он рӯ биоранд.

Элико Бақоӣ, як эронии муқими Амрико мегӯяд, "масъалае, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ба унвони як дағдаға вуҷуд дорад ва баръакси он дар Эрон ҳаст, масъалаи пӯшиш (сару либос) мебошад. Мо намунаи таъқиби беҳиҷобҳоро дар Эрон мебинем ва намунаи таъқиби ҳичобдоронро дар Тоҷикистон. Дар Эрон мардум эҳсос мекунанд, ки мамониат вуҷуд дорад аз он пӯшиши зебо, пӯшиши рангин. Дар ҳоле ки мушоҳида мекунанд, ки дар Тоҷикистон баръакси инро анҷом медиханд. Яъне бо ҳиҷобу риш мубориза мекунанд. Вуруди афроди зери ҳаждаҳ ба масоҷидро мамнӯъ кардаанд."

Хонуми Бақоӣ ҳамчунин мегӯяд, аз он ҷое ки ҷомеаҳои мо шарқӣ ҳастанд, гоҳе фарҳанги мазҳаби ва фарҳанги миллӣ бо ҳам дастбагиребон мешаванд.

Ба бовари ӯ, фишору таъқиб дар ҳар ҷомеае натиҷаи манфӣ ба бор меорад. Қабл аз ин, ки бо чизе бархӯрд шавад, бояд ошкоро ба мардум фаҳмонд, ки чизҳои дигаре ҳам ҳастанд ва дар авлавият карор доранд. Яъне агар кореро бад бигӯем, бояд ба мардум бифаҳмонем, ки бадияш дар чист ва дар баробари он гузинаи хубро ҳам бояд ба мардум пешниҳод кард.

"Ҳадафи як донишгоҳ таҳсил аст ва вақте мо дар донишгоҳ масоили донишро канор мегузорему масъалаи пӯшишро матраҳ мекунем, ин монеи рушд мешавад. Ҳамчунон, ки дар даромадгоҳи донишгоҳҳои Эрон монеи беҳиҷобӣ мешаванд, хелеҳо ин натиҷаро мегиранд, ки барои мо дониш муҳим аст"- мегӯяд, хонум Бақоӣ.

XS
SM
MD
LG