Пайвандҳои дастрасӣ

“Агар баъди ваксинзанӣ кӯдакам бимирад, кӣ ҷавоб хоҳад гуфт?”


Яке аз иштирокдорони мулоқоти Қандиоғош дар бораи ваксинзании кӯдакон. Моҳи марти 2017

Садҳо сокини мусалмони Қазоқистон бо ваксинзании кӯдакон дар ин кишвар мухолифат доранд. Мақомот гуфтанд, ки аксари онҳо бошандагони вилояти Оқтеппа буда, заминаи эътирозашон “динист”. Шалгинбой Ҷондосов – мудири маркази миллии ташхис дар вилояти Оқтеппа – рӯзи 16 март гуфт, ки волидони даҳ ҳазор кӯдак аз ваксинзании фарзандони худ даст кашидаанд.

Дар миёни онҳое, ки аз ваксинзании фарзандони худ даст кашиданд, 44 омӯзгор ва чор имом низ будаанд.

Асалу зира – ба ҷои ваксина

Мурод Ҷуманбетов, сокини вилояти Оқтеппа, дар вохӯрии ахири мақомот бо мухолифони ваксинзанӣ дар рустои Қандиоғош гуфт, ки фарзандонаш ҳеҷ гоҳ ваксина нагирифтаанд ва то кунун ба ҳеҷ беморӣ ҳам напечидаанд. Ӯ гуфт, “панҷ фарзанд дорам ва ҳеҷ кадомашон намедонанд, ки “укол” чист. Агар бемор шуданд, дарҳол бо асалу зира табобат мекунам. Агар баъд аз ваксинзанӣ кӯдакони ман бимиранд, он вақт чӣ кор хоҳам кард? Барои чӣ пизишкҳо дар бораи таркиби ваксина ошкоро гап намезананд?”

Майрамбек Бижанов
Майрамбек Бижанов

Майрамбек Бижанов, сокини дигари Оқтеппа, иддао дорад, ки ду фарзандаш баъд аз гирифтани ваксина бо “имконияти маҳдуди зеҳнӣ ё ақлонӣ” рӯбарӯ шудаанд. Вай гуфт, ду сол боз намоз мехонад ва дар ин муддат нагузоштааст, се фарзанди дигари хурдсолаш ваксина бигиранд. “Ба мо мегӯянд, ки бояд фарзандонамон ваксинзанӣ шаванд. Вале оё фарзандони худи онҳо ҳам ваксина мегиранд?” - суол гузошт ӯ.

Ваксинаи соли 2005 бесифат буд?

Пизишки маҳаллӣ Амонҷол Адаев дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, ягон далеле нест, ки баъд аз гирифтани ваксина имконияти зеҳнӣ ё ақлонии кӯдакон маҳдуд шуда бошад. Аммо сокинон ба пизишк имкон надоданд, ки дар вохӯрии рустои Қандиоғош ҳарфҳои худро пурра ба поён барад ва далелҳояшро дар миён гузорад.

Як зани ҷавон дар вохӯрӣ бо эълони онки ӯро ҳамаи пизишкони минтақа хуб мешиносанд, гуфт, “кӯдаки нахустини ман дар соли 2005 ваксина гирифта, баъд аз он бемор шуд. Ҳафт моҳ бо кӯдаки бемор як пой дар Қандиоғош ва як пой дар Оқтеппа будам. Нав сиҳҳат шудааст. Ҳукумат барои ваксинзанӣ пул ҷудо мекунад, аммо барои табобат маблағ намедиҳад. Ҳамон вақт гуфта буданд, ки ваксинаи бесифат дар Қандиоғош чаҳор нафарро бемор кардааст.”

Дар идома ин зан заминаи динӣ доштани мухолифати волидонро бо ваксинаи кӯдакон беасос хонд ва гуфт, “бале, ман намоз мегузорам, аммо даст кашиданам аз ваксина ба дин ҳеҷ рабт надорад”.

Майрамбек Қурмангазин, профессори Донишгоҳи давлатии тиббии Қазоқистони Ҷанубӣ эътироф кард, ки воқеан ваксинаи соли 2005 ба чанд кӯдак таъсири манфӣ гузошта буд. Вай афзуд, он замон гунаҳкорони қазия ба ҷавобгарӣ кашида шуда ва ҳоло маъракаи ваксинзанӣ ба шиддат аз тарафи мақомот назорат мешавад ва ҷое барои нигаронӣ вуҷуд надорад.

“Онҳо аз роҳи Имом Абуҳанифа хориҷ шудаанд”

Толеби Оспанов
Толеби Оспанов

Профессори дигари ин донишгоҳ Куангали Абдураҳмонов дар посух ба иддаои онҳое, ки гуфтанд, мухолифаташон бо ваксина заминаи динӣ надорад, гуфт, “дар сӯҳбат бо мухолифони ваксинзанӣ маълум шуд, навад дар сади онҳо намоз мехонанд ва сахт диндоранд.” Аманҷол Адаев, пизишки маҳаллӣ, низ гуфт, дар сӯҳбатҳои хусусӣ сокинон мухолифати худро ба ваксина ба дин рабт додаанд. Ӯ гуфт, “аз ҷумла сокинон мегӯянд, дар таркиби ваксина аз моддаҳои ҳайвонҳои дар Ислом мамнӯъ истифода мешавад. Онҳо аз масири Имом Абуҳанифа хориҷ шудаанд. Онҳо аз берун маслиҳат мегиранд.”

Дар Идораи тандурустии вилояти Оқтеппа ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки таркиби ваксина набояд мавриди шубҳа бошад, чун ба гуфтаи онҳо, ду ниҳоди масъул, аз ҷумла, идораи санитарӣ ва тандурустӣ онро назорат мекунанд.

Чаро Саудӣ ваксинзаниро талаб мекунад?

Рӯҳониёни расмӣ гуфтанд, ки ваксинзании кӯдакон мухолиф бо шариати Ислом нест. Намояндаи Идораи муфтиёти Қазоқистон дар минтақаи Оқтеппа имом Толеби Оспанов гуфт, “барои мисол, Арабистони Саудӣ, ки дар онҷо Ислом рушд ёфтааст, пеш аз зиёрати Каъба ваксинзаниро талаб мекунад. Яъне, ҳоҷиён пеш аз вуруд ба хоки он кишвар ваксина мегиранд. Ман мусалмонеро ёд надорам, ки ба хотири нагирифтани ваксина аз Ҳаҷ даст кашида бошад. Барои ҳамин, даст кашидани волидон аз ваксинзании кӯдакон ақидаи ғалат аст,” - гуфт ӯ.

Бо ин ҳол, Идораи ҳимоят аз ҳуқуқи истеъмолгарон дар вилояти Оқтеппа мегӯяд, 82,2 дар сади волидоне, ки бо ваксинзании кӯдакон мухолифат доранд, намояндагони “равияҳои харобкори динӣ” ҳастанд. Дар вохӯриии Қандиоғош ҳам гуфта шудааст, дар миёни онҳое, ки аз ваксинзании фарзандони худ даст кашиданд, 44 омӯзгор ва чор имом низ мебошанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG