Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Апшуу..." Зукоми H-3 садҳо нафарро аз пой афтонд


Вогиршиносони тоҷик  вируси зукоми зимистони имсоларо нисбати солҳои гузашта давомдору таъсиргузор ва давраи табобати онро тӯлонтар арзёбӣ мекунанд.

Ба гуфтаи мутахасисони тоҷик, вируси зуком (грипп), ки аз он Н-3 ном мебаранд, шакли дигаршудаи вируси зукоми хук буда, чанд сол боз бо дигар кардани гени худ дар гардиш аст. Сокинон ҳам аз аломатҳои фарқкунандаи ин зуком сӯҳбат мекунанд ва мегӯянд, ки табобати он ба осонӣ даст намедиҳад.

Зукоми имсола бо гарм омадани зимистон домани худро ба шаҳру рустоҳо паҳн карда, то ҳол садҳо нафарро аз пой афтонидааст.

“Ман 3 ҳафта касал шудам. Азбаски барф наборид, ҷараёни маризии ман тӯл кашид, чун ман кор мекунам, маҷбур шудам варақаи корношоями бигирам"- гуфт як сокини пойтахти Тоҷикистон, ки худро Фирдавс муаррифӣ кард.

Зукоми H-3 садҳо нафарро аз пой афтонд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00

“Ман як сол боз грипп нашуда будам. Чун дар кӯҳистон будам ва дар онҷо барф буду ҳаво хунук. Ду ҳафта боз ба шаҳр омадам ва зуком шудам. Димоғам маҳкам мешавад, нафасам мегирад. Пештар сабуктар мегузашт, аммо ҳоло худамро вазнин ҳис мекунам”- шикоят кард духтаре бо номи Рӯҳафзо.

Сокинон мегӯянд, зуком Н-3 натанҳо онҳоро бемору бемадор,балки ҷайбашонро ҳам холӣ кардааст. Муолиҷаи зуком аз як то 3 ҳафта давом ёфта, харҷи он то 200 сомонӣ ва аз ин ҳам бештар гуфта мешавад. Аммо табибон дер ё зуд сиҳат шудани беморро дар суст ё қавӣ будани масъунияти бадан ва ҳамчунин муроҷиати саривақтии онҳо ба духтурон марбут мекунанд.

Оё ҷилавгирӣ аз H-3 имкон дошт ва оё ваксинаи зидди грипп метавонист ҷараёни маризиро сабуктар кунад? Миралӣ Камолов, сардори Раёсати назорати давлатии эпидемологии Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки ин беморӣ мавсимӣ аст ва аз моҳи октябр то моҳи апрел давом мекунад. "Мо наметавонем, ки нисбати ин беморӣ ягон ваксина ё эмдору гузаронем. Чунки айни ҳол чунин шароитро надорем”- гуфт ин мақомдори тоҷик.

Тоҷикистон бори охир шаш соли пеш бар зидди зукоми парранда эмгузаронии миллиро анҷом дод. Аммо бо таваҷҷуҳ ба он ки нархи як ваксинаи зиддизуком 7 доллар арзиш дорад, мақомоти беҳдоштӣ аз роҳандозии чунин маърака дар кишвар худдорӣ кардаанд.

Маркази обу ҳавосанҷии Тоҷикистон зимистони имсоларо то ба охир гарм ва камбориш пешгӯӣ мекунад ва зимистони нарм барои рушди вируси зуком фазои мусид эҷод мекунад. Ҷамила Байдуллоева, як мақоми Марказаи обуҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки моҳҳои январ ва феврали соли равон дар муқоиса бо сули гузашта гармтар хоҳад буд. "Асосан дар водиҳо дар ин ду моҳ борон меборад. Дар қисматҳои баландкӯҳ эҳтимоли боридани барф бештар аст. Дар нимаи дувуми моҳи феврал ҳаво эҳтимолан то 20-22 дараҷа гарм мешавад", гуфт хонум Байдуллоева.

Офтобиву бебарф омадани зимистони имсола, сокинони Тоҷикистонро, ки аз камбуди барқу маводи сӯхт ранҷ мебаранд, то ҳадде хушҳол кардааст. Аммо табибон мегӯянд, ки ин хушҳолӣ барои иддае аз мардум паёмади вазнин хоҳад дошт, зеро бемории зуком дар ин мавсим авҷ хоҳад гирифт. Авҷи навбатии зуком дар моҳи феврал пешбинӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG