Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомот фиреб карданд? Ё чаро Мирзокарими сарбоз бе замин монд


Мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон шуруъ шуд ва президент мақомоти шаҳру ноҳияҳоро ин навбат низ вазифадор кард, ки нақшаи даъватро иҷро кунанд. Солҳои ахир роҳбарони ноҳияҳо дар кишвар бо ҳар роҳ ва ҳам додани имтиёз талош доранд, ҷавононро ба артиш ҷалб намоянд. Ваъдаҳои ҷудо кардани замини наздиҳавлигӣ, додани ҷойи кор аз қабили василаҳои ҳавасмандкунии ҷавонон мебошад, ки барои дилгармии

Чандин маротибаи дигар талош кардам, аммо замини ваъдагиро ба ман надоданд. Ин дар ҳолест, ки чандин нафар аз дӯстони ман баъди хидмат замини наздиҳавлигӣ гирифтанд

ҷавонон ба кор бурда мешавад. Аммо бархе ҷавонҳои хидматкарда мегӯянд, ки дар бархе ҳолатҳо ваъдаҳои мақомот дар ҳаво мемонад. Ҷалби ҷавонон ба хидмат дар артиш яке аз мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар бисёр ҳолатҳо тарс аз хушунату қонуншиканӣ, талоши ҳалли масоили доғи иқтисодии хонавода ҷавонҳои синни сарбозиро водор мекунад, ки аз хидмат сарпечӣ кунанд. Ҳодисаҳои ҷалби маҷбурӣ ваё облава шудани ҷавонон кам нест.

“Гуфтанд, ки то омаданат заминат тайёр мешавад”

Мирзокарим Мирзозода, сокини 24-солаи ноҳияи Мастчоҳ тӯли ду сол аст, ки аз хидмати ҳарбӣ баргаштааст, аммо давоми ин мӯҳлат натавонист замини барояш ваъдашударо соҳибӣ кунад.

Ба гуфтаи Мирзокарим, соли 2013 бо хоҳиши худаш хост дар сафи артиш хидмат кунад ва роҳбарияти ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ба ӯ ваъда доданд, ки барояш 10 сотих замини наздиҳавлигӣ ҷудо мешавад. Ҳатто ба Мирзокарим ваъда додаанд, ки то баргашти ӯ аз хидмат замини наздиҳавлигиаш ҷудо мешавад.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, баъди як соли ба артиш пайвастани ӯ дар соли 2014 падараш ба мақомот бо ариза муроҷиат намуда, хост замини ваъдашударо дарёфт кунад. Он замон масъулини ҷамоати Оббурдон ба аризаи падари ӯ посух доданд, ки бо пайдо шудани имконият барои писари сарбозаш замини наздиҳавлигӣ ҷудо мешавад.

“Моҳи майи соли 2015 аз хидмати ҳарбӣ озод шуда, ба зодгоҳ баргаштам. Баъди як ҳафтаи истироҳат ба идораи ҷамоати Оббурдон муроҷиат кардам, ки замини ваъдагиро бароям ҷудо кунанд. Аммо онҷо ба ман гуфтанд, ки шумо рафта раиси ҷамоати пешинро пурсед. Мо шуморо намешиносем. Чандин маротибаи дигар талош кардам, аммо замини ваъдагиро ба ман надоданд. Ин дар ҳолест, ки чандин нафар аз дӯстони ман баъди хидмат замини наздиҳавлигӣ гирифтанд,”-мегӯяд Мирзокарим.

Мирзокарим мегӯяд, ҳадафи ӯ аз хидмат дар сафи артиш соҳибӣ ба замини наздиҳавлигӣ набуд, вале ин масъала барои хонаводаи онҳо феълан доғ шудааст. Чун ба гуфтаи худаш дар оила панҷ бародар зиндагӣ мекунанд ва се бародари Мирзокарим оиладор мебошанд. Мирзокарим бо таассуф мегӯяд, агар мақомот ба ваъдаи худ вафо мекарданд, ӯ шояд ҳанӯз ду соли пеш соҳиби хонаву дар буд.

“Танҳо ман замин гирифта тавонистам"

Масъулини ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ нахостанд масъаларо шарҳ диҳанд. Дар ҷамоати Оббурдон ба хабарнигори Озодӣ танҳо нусхаи посух ба аризаи Мирзокарим Мирзозодаро нишон доданд, ки дар он гуфта мешуд, ариза баррасӣ шуда, “дар ҳолати пайдо шудани замини наздиҳавлигӣ барои тақсимот ба аҳолӣ, аризаи мазкур пешниҳоди комиссияи манзили ҷамоат карда мешавад.”

Мирзокарим танҳо нест ва дар қатори ӯ чандин нафари дигаре ҳаст, ки мегӯянд, баъди баргашт аз хидмат мақомот ба ваъдаашон вафо накарданд. Аммо дар ин миён онҳое низ кам нестанд, ки барои ба хидмати ҳарбӣ рафтан замину дигар имтиёзҳо дарёфт кардаанд.

Аз ҷумла Абдумаҷид Солиҳов баъди адои хидмати сарбозӣ дар ноҳияи Зафаробод соҳиби 7 сотих замини наздиҳавлигӣ шуд. Абдумаҷид мегӯяд, ин порча заминро бо сарсониҳои зиёд ба даст овардааст ва дигар ҷавононе, ки ҳамроҳи ӯ ба хидмати ҳарбӣ рафтанд, натавонистанд ба муродашон бирасанд.

Ба гуфтаи Абдумаҷид, “танҳо ман замин гирифта тавонистам. Дигарон вақте диданд, ки ин қадар даводав дорад, аз баҳраш гузаштанд.” Масъалаи дастрасӣ ба замин аз мушкилоти рақами аввали сокинон дар Тоҷикистони камзамин маҳсуб мешавад ва хонаводаҳои зиёд дар орзуи бунёди хонаву дар солҳои зиёд дар навбати замин меистанд.

“Хидмат дар артиш уҳдадорӣ аст, на имтиёз”

Собиқ сарбозон дар ҳоле аз иҷро нашудани ваъдаҳои мақомот шикоят мекунанд, ки вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, хидмат дар артиш уҳдадорӣ аст ва сарфи назар аз будану набудани имтиёз бояд иҷро шавад.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 14 сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи талаботи Конситутсия ва дигар қонунҳо хидмат дар сафи артиш барои ҳама ҷавонон ҳатмӣ аст. Ба ҷуз аз ҳолатҳои истисное, ки ҷавон ҳаққи озод будан ва ё ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбиро дорад.

Ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадалиев, “вақте уҳдадорӣ аст, барои ҳама ин ҳатмӣ мебошад. Аммо бо вуҷуди он ки уҳдадорӣ аст, имтиёзҳое аз ҷониби Вазорати мудофиа муқаррар шудааст. Аз ҷумла, сарбозоне, ки маълумоти касбиву техникӣ доранд, баъди 1,5 соли хидмат дар сурати хоҳиш дар мактаби прапоршики ба таълим ҷалб мешаванд ва баъди хатми он бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд. Илова бар ин, сарбозони то синни 23-сола метавонанд ба таври имтиёз баъд аз хидмат ба донишкадаи ҳарбии вазорат қабул шаванд.”

Сухангӯи Вазорати дифоъ мегӯяд, додани замини наздиҳавлигӣ ё имтиёзҳои дигар шояд ташаббуси худи роҳбарияти ноҳияҳо мебошад, ки бояд нақшаро иҷро кунанд.

“Ваъдаҳои мақомот заминаи қонунӣ надорад”

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ваъдаи замин ё ҳар имтиёзи дигар барои хидмат дар артиш заминаи қонунӣ надорад ва дар сурати иҷро нашуданаш сарбозон наметавонанд ба ягон ҷо шикоят баранд. Дилрабо Самадова, роҳбари ташкилоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки аз ҳуқуқи даъватшудагон ва сарбозон ҳимоят мекунад, гуфт, қонунгузории Тоҷикистон барои хидмат дар артиш ягон чораҳои ҳавасмангардониро пешбинӣ накардааст.

Хонум Самадова мегӯяд, “барои ҳамин сарбозон дар сурати иҷро нашудани чунин ваъдаҳо аз болои он шикоят бурда наметавонанд. Чунки ин умуман заминаи қонунӣ надорад ва масъулини ҷамоату ноҳияҳо аз ҳадди ваколатҳои худ баромада, чунин ваъдаҳо медиҳанд. Масалан, қонунгузорӣ барои тақсими замини наздиҳавлигӣ хидмат дар артишро пешбинӣ накардааст».

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Роҳбари ташкилоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” афзуд, ҳамасола ба созмони онҳо то 2-3 нафар муроҷиат мекунанд, ки баъди адои хидмати ҳарбӣ мақомот ба ваъдаашон вафо накарданд.

Фаъолони ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки бо расидани мавсими даъват ба артиш, ки соле ду бор – баҳору тирамоҳ сурат мегирад, аҳамияти бозбинӣ шудани шароити хидмат ва ҷорӣ шудани ислоҳот дар ин низом аҳамият пайдо мекунад. Мақомот ҳарчанд дар фикри ҷорӣ кардани системаи алтернативии хидмат дар артиш мебошанд, ҳанӯз қонуни нав дар ин замина эҷод ва қабул нашудааст. Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар сурати либералӣ ваё озодтар шудани шароити хидмат, масъалаҳои мисли хушунат дар артиш ҳам ҳалли худро пайдо мекунад. Вале масъала ин аст, ки то куҷо мақомот дар Тоҷикистон барои тағйири низоми мавҷудаи хидмат омода ҳастанд?

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG