Пайвандҳои дастрасӣ

Ихроҷи падари Сиёвуш Давронзод аз Русия ба Тоҷикистон


Сиёвуш Давронзода

Мақомоти Русия Даврон Пиров – падари Сиёвуш Давронзода – яке аз се тоҷики муттаҳам ба бомбгузорӣ дар шаҳри Маскавро ба Тоҷикистон ихроҷ кардааст. Пирови 50-сола рӯзи 16-уми сентябр аз маҳалли зисташ дар шаҳри Ваҳдат гуфт, ки ӯву писараш "қурбонии амалиёти нирӯҳои Русия" шуданд ва барои исботи бегуноҳии худ то ҳадди тавон талош хоҳад кард.

  • Ин шаҳрванди Тоҷикстон як моҳи қабл, дар шаби боздошти писараш, аз тарафи маъмурони хадамоти муҳоҷирати Русия дастгир ва баъдан бо ҳукми додгоҳ ба кишвар фиристода шуд. Ӯ ба нақзи қоидаҳои будубош айбдор аст ва ҳадди ақал то се соли дигар ҳаққи сафар ба Русияро надорад.
...Пурсидам, ки ягон “номаъқулӣ” кардааст? Кормандони мақомот хандида гуфтанд, ки не. Танҳо пурсиданд, писарат куҷост? Гуфтам, ки ба Маскав гусел кардам

Дар ҳоле ки мақомоти тоҷик дар бораи омадани Даврон Пиров хабаре надоданд, худи ӯ гуфт, ки баробари вуруд ба хоки кишвар мавриди бозпурсии маъмурони пулис қарор гирифт. Ӯ гуфт, мақомот асосан дар бораи писараш Сиёвуш Давронзод пурсидаанд, ки феълан дар Русия ба унвони як “ҷангии ДИИШ” ва муттаҳам ба бомбгузорӣ муаррифӣ мешавад.

Даврон Пиров охирин нафар аз наздикони Сиёвуш аст, ки ҳамагӣ чанд соат қабл аз боздошт ӯро дидааст. Ӯ гуфт, тамоми ҳодиса дар як мижжа задан сурат гирифт ва то ҳол ба асли қазия сарфаҳм нарафтааст.

"Ман дар вилояти Владимирский ва писарам дар Маскав кор мекард. Чаҳор рӯз пеш аз боздошт ӯро даъват кардам, ки омада ба корҳои ман ёрӣ кунад. Омад ба ман кумак кард. Субҳи 13-уми август тариқи автобус дубора ба Маскав гусел кардам. Ҳамон шаб, соати 22, кормандони ФМС “облава” карда, маро боздошт намуданд. Баъди ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурдан се суратро нишон доданд, ки дар миёни онҳо акси Сиёвуш буд. Пурсидам, ки ягон “номаъқулӣ” кардааст? Кормандони мақомот хандида гуфтанд, ки не. Танҳо пурсиданд, ки писарат куҷост? Гуфтам, ӯро ба Маскав гусел кардам”, - афзуд ӯ.

Давлатёр Ҳоҷиев, яке дигар аз гумонбарони бомгузорӣ дар Маскав
Давлатёр Ҳоҷиев, яке дигар аз гумонбарони бомгузорӣ дар Маскав

Даврон Пиров мегӯяд, давоми як моҳи зиндонӣ будани писараш аз ҳоли ӯ хабар надорад, чун худаш низ дар озодӣ набуд ва мақомот аз боздоштгоҳ то дари ҳавопаймо дунболигириаш карданд. Ин ҳамсуҳбати мо аз охирин рӯзҳои дар озодӣ будани писараш ёд оварда гуфт, дар рафтору гуфтори ӯ ягон тағйироте намедид.

Инчунин, Даврон Пиров гуфт, ки Давлатёр Ҳоҷиев ва Сулаймон Бурҳонов, ду боздоштшудаи дигарро намешиносад ва ягон бор ҳамроҳи писараш онҳоро надида буд.

Даврон Пиров рӯзи 13-уми сентябр аз тариқи хатсайри Маскав-Хуҷанд ба Тоҷикистон фиристода шудааст. Ӯ гуфт, “бо вуҷуди қонунӣ будани санади будубошам дар Русия мақомоти он кишвар маро аз ҳудуди Русия берун карданд. Ҳамкорони дигари маро додгоҳ ҷарима басту ҷавоб дод, аммо алайҳи ман қарори ихроҷро содир кард”, - афзуд ӯ.

Додгоҳи Лефортово қарор кард, ки Сиёвуш Давронзода, Давлатёр Ҳоҷиев ва Сулаймон Бурҳонов – бояд то 11-уми октябр дар боздоштгоҳи муваққаттӣ бимонанд.

Сиёвуш Давронзода, Давлатёр Ҳоҷиев ва Сулаймон Бурҳонов рӯзи 14-уми август аз сӯи Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ боздошт шуданд. Хонаводаҳои ин се нафар, ки бо ҷурми терроризм боздошт шудаанд, иттиҳомро мармуз ва дур аз бовар арзёбӣ карда буданд.

Мақомоти амниятии Русия онҳоро “ҷангҷӯёни ДИИШ” номида, додгоҳи ноҳияи Лефортовои шаҳри Маскав дар пушти дарҳои баста ҳукми ҳабсашонро ба мӯҳлати ду моҳ содир кард. Додгоҳи Лефортово рӯзи 14-уми августи имсол гуфт, ки се шаҳрванди Тоҷикистон – Сиёвуш Давронзода, Давлатёр Ҳоҷиев ва Сулаймон Бурҳонов – бояд то 11-уми октябр дар боздоштгоҳи муваққаттӣ бимонанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG