Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди боздошти Сиёвуш падараш "дастнорас" шуд. ВИДЕО, САДО


Малика Мирзоева, модари Сиёвуш Давронзода

Пайвандони се муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик дар Маскав, ки дар омодагӣ ба амалиёти террористӣ муттаҳам мешаванд, мегӯянд, ин се нафар бо ҳам ҳеҷ пайванде надоштанд ва маълум нест, ки мақомоти Русия чӣ тавр онҳоро дар як макон боздошт карданд.

Хонаводаҳои ин се нафар мегӯянд, аз иттиҳоми терроризм, ки хадамоти амнияти Русия алайҳи боздоштшудаҳо эълон кардааст, шокӣ шудаанд ва бовар надоранд, ки иттиҳоми терроризм воқеият дошта бошад.

“Қариб худам боздошт шавам”

Сиёвуш Давронзода, Давлатёр Ҳоҷиев ва Сулаймон Бурҳонов рӯзи 14-уми август аз сӯи Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ боздошт шуданд.

Абдулҳамид Сатторов, хеши дури Сулаймон Бурҳонов, яке аз ин ҷавонони боздоштшуда рӯзи 23-уми август аз шаҳри Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо тақозои наздикон барои ҳолпурсӣ ба боздоштгоҳ рафт,

Шаби 15-уми август ӯ як бор ба телефони духтарам занг задааст. Занги ӯро дер дидем. Гашта занг задем, дигар гӯшӣ набардошт. Ӯ аз ҳамон рӯз гумном аст

вале мақомот худашро боздошт карданд. Ӯ мегӯяд, дар давоми як рӯз мавриди бозпурсӣ қарор дошт ва ӯро ба шарти берун нашудан аз қаламрави шаҳр раҳо кардаанд.

"Саволҳои зиёд доданд, ки ту кӣ ҳастӣ ва чаро ӯро суроғ мекунӣ, нақшаҳои ӯро медонистӣ ё не. Қариб худамро ҳамдасти ӯ эълон кунанд", - гуфт ӯ. Сатторов гуфт, ки баъди боздошти кӯтоҳи ӯ, дигар хешу табор ҷуръат намекунанд ба боздоштгоҳ наздик шаванд.

Ӯ гуфт, Сулаймон ҳамроҳ бо дигар нафарон дар сохтмон кор мекард ва он ҷо Давлатёру Сиёвуш, ки ҳоло аз ҳамроҳони ӯ ном бурда мешаванд, набуданд. Аз ин ки ҳоло ин ду нафар аз ҳамроҳони Сулаймон дониста мешаванд, ҳайрон аст.

Сиёвуш Давронзода
Сиёвуш Давронзода

Пас аз боздошти Сиёвуш падараш “дастнорас шуд”

Хонаводаҳои ин се нафар, ки бо ҷурми терроризм боздошт шудаанд, иттиҳомро мармуз ва дур аз боварӣ медонанд.

Малика Мирзоева, хабари боздошти писари 17-солааш Сиёвуш Давронзодаро аз мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат шунидааст. Ӯ рӯзи 23-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, 15-уми август, баъди расонаӣ шудани хабари боздошти писараш мақомоти маҳаллӣ ӯ ва писари бузургашро ба сӯҳбат даъват карданд. Мирзоева мегӯяд, мақомот дар ин сӯҳбат гуфтанд, ки писараш гуноҳашро эътироф кардааст. Ӯ гуфт, ки писараш ҳамроҳи падараш дар Маскав кор мекард, аммо баъди боздошти писараш шавҳараш низ ба таври мармуз ғайб зад.

“Шаби 15-уми август ӯ як бор ба телефони духтарам занг задааст. Занги ӯро дер дидем. Гашта занг задем, дигар гӯшӣ набардошт. Ӯ аз ҳамон рӯз гумном аст”, - гуфт Малика Мирзоева.

“Сиёвуш - террорист? Шок шудем”

Сиёвуш Давронзода 15 сол дошт, ки барои кор ба Русия рафт. Модараш гуфт, ӯ бояд дар синфи нӯҳ таҳсилашро давом медод, вале ба иллати дер мондан аз мактаб, ӯро қабул накарданд.

Сулаймон Бурҳонов
Сулаймон Бурҳонов

Ӯ гуфт, ки мехоҳад худаш ва ё писари бузургаш ба Маскав раванд ва вазъиятро аз пеш бубинад, аммо ҷуръат надоранд. Ба гуфтаи модар: “дар он ҷо ягон шинос ҳам надорем, ки рафта пурсанд. Писарамро шояд маҷбур карданд, мумкин шиканҷа ҳам карда бошанд, мумкин таҳдид карда бошанд. Ғарибӣ аст. Ба ман рози дил накардааст. Мо агар мефаҳмидем пеши роҳашро мегирифтем. Кори Худо дар насибаш будааст”.

Фирӯз Давронзода
Фирӯз Давронзода

Фирӯз Давронзода, бародари Сиёвуш Давронзода, ки то як моҳи пеш ҳамроҳ бо бародараш дар Русия кор мекард, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз шунидани хабари боздошти бародараш шок шуд. Ӯ гуфт, то замоне, ки бо бародараш буд, ҳеҷ дигаргуниеро дар фикру рафтори ӯ мушоҳида накард. Рафтораш маъмулӣ буд. Ҳамчунин, Сиёвуш ошное ба мисли Давлатёр ва Сулаймон надошт.

Ӯ гуфт: “Куҷое мерафтем, ҳамроҳ мерафтем. Ҳеҷ рафтори шубҳанокашро надида будам.”

Наздикони Давлатёр Хоҷаев: “Чизе намедонем”

Давлатёр Хоҷаев, нафари дигар, ки ФСБ-и Русия ӯро ба барномарезии амалҳои террористӣ дар фурӯшгоҳҳои Маскав муттаҳам кардааст, сокини ноҳияи Рӯдакӣ Давлатёр Хоҷаев аст. Хонаводаи Хоҷаев ҳам мисли оилаи Давронзодаҳо зиндагии миёнаҳолона доранд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки Давлатёр панҷ сол боз дар Русия аст. Падару модари Давлатёр солҳо пеш аз ҳам ҷудо шуда, се бародар дар тарбияи бародари бузург буданд.

Давлатёр Хоҷаев
Давлатёр Хоҷаев

Бахтиёр Хоҷаев, бародари бузурги Давлатёр Хоҷаев рӯзи 23-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бори охир як моҳ пеш бо додараш, ки дар Маскав буд, телефонӣ суҳбат кард. Ӯ як сол пеш ҳамроҳи бародараш дар пойтахти Русия кор мекард ва дар заминаи вайрон кардани қонуни буду бош аз ин кишвар депорт шуд.

"Ба мо касе то ҳол чизе нагуфтааст. Танҳо худаш дар суҳбати охирин гуфт, ки то фасли тирамоҳ ба ватан бармегардад. Гуфт, ки як сохтмон дорам, бояд ҳамонро тамом кунам ва ба ватан меоям", - гуфт ӯ.

Бародари хурдии ин хонавода Далер Хоҷаев соли гузашта бо ҷурми талоши пайвастан ба ДИИШ дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд. Додгоҳи Тоҷикистон ӯро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кардааст.

Содиқ Ортиқов
Содиқ Ортиқов

Ба ҷуз хабари боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми барномарезии амали террористӣ, мақомоти амниятии Русия то ҳол дар ин бора маълумоти дигар пахш накарданд. Телевизиони Русия навореро намоиш дод, ки дар он саҳнаи боздошти ин се нафар сабт шуда буд. Мақомот ҳамчунин тағораеро нишон доданд, ки гӯё ин се нафар дар он маводи мунфаҷира месохтанд. Наздиконашон мегӯянд, ин се нафар эҳтимол адвокат ҳам надоранд, ки иттиҳомро ба чолиш бикашанд. Рӯзи 23-уми август дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомоти интизомии рус бо мақомоти тоҷик дар ин масъала ҳамкорӣ доранд, вале ҳеҷ чиз рӯшан нест.

Дар як соли охир ин мавриди дуюм аст, ки мақомоти рус шаҳрвандони Тоҷикистонро бо иттиҳоми даст доштан ба терроризм боздошт мекунанд. Моҳи апрел низ мақомоти Русия Содиқ Ортиқов (Кимсанбек Қодиров), шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд ва гуфтанд, ки ӯ ба омилони таркиши 4-уми апрел дар метрои Санкт-Петербург иртибот дорад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG