Пайвандҳои дастрасӣ

ВКД: "Тафтиши боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав оғоз ёфт"


Акс аз хабаргузориҳои расмии Русия.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, дар робита ба боздошти се шаҳрванди кишвар дар Маскав, ки ба роҳандозии амалиёти террористӣ муттаҳаманд, тафтишотро оғоз карданд. Ин афрод рӯзи 14-уми август аз сӯи Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ боздошт шуданд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 15-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти тоҷик дар ҳамкорӣ бо ҷониби Русия эҳтимоли даст доштани онҳо дар як нақшаи террористиро мавриди санҷиш қарор додааст. Ӯ гуфт, "баъзе ҷузъиёт барои ҷониби Тоҷикистон мушаххас шудааст, аммо ба хотири халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот феълан аз ироаи он худдорӣ мешавад."

Амалиёти боздошти ин афродро Хадамоти амнияти федеролии Русия анҷом дода ва гуфтааст, ки онҳо эҳтимолан як гурӯҳи террористӣ буданд ва мехостанд дар макони таҷаммӯи афроди зиёд дар Маскав, таркишҳои террористӣ анҷом диҳанд.

Умарҷони Эмомалӣ гуфт, яке аз корҳое, ки дар ин самт ҷараён дорад, марбут ба мушаххас кардани ҳуввияти боздоштшудаҳост. Рӯзи 14-уми август хабаргузориҳои русӣ аз қавли сохторҳои ҳифзи қонуни ин кишвар хабар доданд, ки дар чаҳорчӯби амалиёте чор гумонбари таҳиякунандаи як ҳамлаи террористӣ боздошт шудаанд ва се нафари онҳо шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.

Мақомоти амниятии Русия онҳоро “ҷангҷӯёни узви ДИИШ” номида, додгоҳи ноҳияи Лефортовои шаҳри Маскав дар пушти дарҳои баста ҳукми ҳабси пешакии онҳоро ба муҳлати ду моҳ содир кард. Додгоҳи Лефортово рӯзи 14-уми август ҳукм кард, ки се шаҳрванди Тоҷикистон - Сиёвуш Давронзода, Давлатёр Ҳоҷиев ва Сулаймон Бурҳонов бояд то 11-уми октябр дар боздоштгоҳи муваққаттӣ нигоҳдорӣ шаванд.

Амалиёти боздошти онҳоро ФСБ – Хадамоти амнияти федеролӣ анҷом дода гуфтааст, ки ин афрод эҳтимолан як гурӯҳи террористӣ буданд ва мехостанд дар макони таҷаммӯи афроди зиёд дар пойтахти Русия, аз ҷумла дар нақлиёт ва маконҳои тиҷоратӣ, таркишҳои террористӣ анҷом диҳанд. Дар ин амалиёт гӯё мехостанд аз маргталабон истифода кунанд.

Хадамоти федеролии амнияти Русия гуфтааст, ки дар пайи амалиёти нерӯҳои амнияти ҳамоҳангсози гурӯҳи фаъолияташ дар Русия мамнӯи "Давлати исломӣ", як мутахассиси омодакунандаи маводи тарканда ва ду фарди интиҳоркунанда боздошт шудаанд.

Дар наворе, ки ниҳодҳои амниятии Русия аз ҷараёни боздошти ин афрод нашр карданд, дида мешавад, ки боздоштшудаҳо Калашников, норинҷак ва дигар маводи тарканда дар ихтиёр доштанд. Инчунин субҳи 15-уми август сохторҳои ҳифзи қонуни Русия аз ошкор шудани як захирагоҳи азими силоҳ дар атрофи шаҳри Маскав хабар дода ва гуфтанд, ки иртиботи онро бо гумонбарони боздоштшуда дар терроризм, мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

Рӯзи 3-юми апрели имсол дар пайи таркиш дар вагони метрои шаҳри Санкт-Петербург 15 нафар кушта ва 50 нафар захмӣ шуд. Аз рӯи ин ҳодиса 10 нафарро дастгир карданд. Тафтишот сокинони Қирғизистон – бародарон Аброр ва Акрам Азимовҳоро ташкилкунандаи ҳамла ба метро мешуморад. Рӯзи 19-уми апрел Хадамоти федеролии амнияти Русия навори боздошти Акрам Азимов дар Маскавро пахш кард. Модари Азимов боздошти ӯро "саҳнасозӣ" номид ва гуфт, ки чанд рӯз пеш аз ин кормандони Хадамоти амнияти миллии Қирғизистон писари ӯро аз бемористони хусусии Уш берун оварда, ба хадамоти махсуси Русия супурданд.

Охири моҳи июл боздоштшудаҳо аз шиканда дар “зиндони махфӣ”-и ФСБ шикоят карданд. Вакили онҳо Дмитрий Динзе гуфт, ки баъди ин кормандони хадамоти махсус Аброр Азимовро муҷбур карданд, ки шикояти худро дар мавриди шиканҷа бозпас бигирад, вагарна худаш ва наздиконаш кушта мешаванд.

Бар асоси омори расмӣ солона то 800 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Тибқи иттилои расмӣ беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки 90 дар сади онҳо аз тариқи Русия - Туркия вориди хоки Сурия шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG