Пайвандҳои дастрасӣ

Кимсанбек ё Содиқ? Гумонбари ҳамла ба метрои Петербург кист? ВИДЕО, САДО


Акси Ортиқовро полиси Русия рӯзи 7 апрел нашр кард

Содиқ Ортиқов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар бомбгузории метрои Санкт-Петербург 3 апрел боздошт шудааст, ду сол пеш, баъди ихроҷ шудан аз Русия номи воқеиаш - Кимсанбек Қодировро иваз кардааст.

Бо расман иваз кардани ному насаб ӯ дубора вориди Русия шуда, дар ошхонае ба ҳайси ошпаз ба кор даромад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ пайвандони Содиқҷон Ортиқовро дар ҷамоати Пахтаободи шаҳри Турсунзода пайдо карданд.

Бародарамро сад фоиз тӯҳмат кардаанд. Динмуҳаммад Қодиров

Мақомоти Русия рӯзи 6 апрел Содиқҷон Ортиқовро бо иттиҳоми иртибот ба бомбгузории метрои Санкт-Петербург, ки 3 апрел рух дод, боздошт карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки Акбарҷон Ҷалилов, гумонбари аслӣ дар таркиши метрои Санкт-Петербург қабл аз анҷоми ҳамла ба ин нафар занг задааст. Содиқов дар як манзил бо бародарон Акбар ва Акрам Азимовҳо, шаҳрвандони Қирғизистон, ки бо айни иттиҳом дар боздошт нигаҳдорӣ мешаванд, зиндагӣ мекардааст.

Динмуҳаммад: Бародарам сад фоиз тӯҳмат шудааст

Пайвандони Содиқ Ортиқови 39-сола ба иттиҳоме, ки алайҳи ӯ эълон шудааст, бовар надоранд. Динмуҳаммад Қодиров, бародари ӯ рӯзи 22 май ба Радиои Озодӣ гуфт, иттиҳоме, ки мақомоти рус алайҳи бародараш эълон кардаанд, сохтаву бофта ҳаст. Ӯ гуфт, замони боздошти бародараш дар Русия қарор дошт ва бо вакили дифои ӯ низ сӯҳбат кард. Вакили дифоъ гуфтааст, мақомот далелҳои мӯътамади пайдо шудани маводи тарканда дар манзили зисти бародари ӯро нишон дода натавонистанд. Динмуҳаммад гуфт:

"Бародарамро сад фоиз тӯҳмат кардаанд. Ӯ танҳо дар он ресторан кор мекард. Дар охирин ҷойи кораш раҳбари ошхона дар наздикии Маскав ба ӯ квартира дода буд. Ду акаву додари қирғиз (Азимовҳо) ҳамроҳи Содиқҷон дар як квартира зиндагӣ мекарданд. Дар ошхона ҳамроҳи ҳамон қирғизҳо кор мекард. Мақомоти ФСБ мегӯянд, ки гӯё аз телефони акаи ман ба Акбарҷон Ҷалилов занг задаанд.

Ман ҳоло аниқ намегӯям, ки занг задагӣ нест, мумкин занг зада бошад. Барои он ки онҳо қаблан шинос буданд ва ҳамроҳи Акбар Ҷалилов ва ҳамон қирғизбачаҳои акаву додар 5-6 сол кор кардаанд. Ман фикр мекунам, ки ҳамон акаву додари қирғиз телефони акаамро истифода кардаанд", - гуфт ӯ.

Акбарҷон Ҷалилов гумонбари аслии анҷоми таркиши интиҳорӣ мебошад
Акбарҷон Ҷалилов гумонбари аслии анҷоми таркиши интиҳорӣ мебошад

Динмуҳаммад мегӯяд, агар бародараш дар ин ҳодиса даст медошт, мисли Азимовҳо аз Русия ба ватан фирор мекард, вале ӯ то замони боздошт оромона ба кораш давом додааст.

Ҳарчанд, мақомоти рус дар наворҳои видеоӣ намоиш доданд, ки гӯё ду бародари қирғиз дар ҳудуди Русия бо тапонча ва норинҷак боздошт шудаанд, вале мақомоти қирғиз бо рад кардани ин иттилоъ гуфтанд, ки онҳо дар Қирғизистон боздошт ва баъдан ба ин кишвар истирдод шуданд.

Чӣ тавр Кимсанбек Содиқҷон шуд?

Пас аз боздошти Содиқ Ортиқов мақомоти рус ӯро як шаҳрванди Тоҷикистон эълон карданд. Дар сафорати Тоҷикистон гуфтанд, ки ӯ зодаи шаҳри Қӯрғонтеппа аст, вале баъдан ин иттило рад шуд. Мақомот дар шаҳри Қӯрғонетеппа гуфтанд, ки дар ин шаҳр ҳеҷ нафаре бо ному насаби Содиқ Ортиқов сабт нашудааст.

Динмуҳаммад Қодиров, бародари Содиқ гуфт, то соли 1997 дар шаҳри Қурғонтеппа зиндагӣ мекарданд ва баъди ин ба Турсунзода кӯч бастанд. Динмуҳаммад эътироф кард, ки исми бародараш пас аз депортатсияи ӯ аз Русия дар соли 2015 дигар шуд.

Шиносномаи тоҷикӣ
Шиносномаи тоҷикӣ

Ӯ гуфт: “Номҳои моро бобоям гузоштааст. Бобоям бародарамро Кимсанбек ном кард. Дар шаҳодатномааш исмашро Қодиров Кимсанбек навиштанд, вале дар хонавода ӯро аллакай Содиқҷон ном гузошта буданд. Ба ғайри бобоям, ки аз Фарғонаи Узбакистон буд, ба касе ин ном маъқул набуд. То соли 2015 ҳама ӯро ҳамчун Содиқ мешинохтанд, лекин дар ҳуҷҷатҳо ӯ Кимсанбек Қодиров буд. Вақте аз Русия ихроҷ шуд, фамилияи модарам, яъне Ортиқовро гирифт ва номашро Содиқ кард. Гуфт, "охир маро ҳама Содиқ мегӯянд". Тамоми ҳуҷҷатҳояшро омода кард ва пас аз даводави зиёд ному насабашро иваз кард”.

Магар террорист орзуи фарзанд мекунад?

Пайвандони Содиқ Ортиқов замони шӯравӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон омада, ин ҷо муқимӣ шуданд. Дар оилаи 12-нафара Кимсанбек (Содиқҷон) фарзанди даҳум буда, зиёда аз 15 сол дар Русия кору зиндагӣ мекард. Динмуҳаммад Қодиров мегӯяд, бародараш 20 соли пеш хонадор шуда, то кунун соҳиби фарзанд нашуда буд.

“Ҳама кӯшишу ҳавасаш барои фарзанддор шудан буд. Табобат мекард ва аз Худо мехост, ки барояш фарзанд диҳад. Аз як бародарам, ки чор духтар дошт, як духатарро гирифта калон мекард”.

Динмуҳаммад мегӯяд, бародари ӯро дар терроризм муттаҳам мекунанд, дар ҳоле, ки ӯ ба ҷуз беҳтар кардани шароити зиндагиву фарзанддор шудан орзуи дигар надошт.

Мақомоти тоҷик: Ортиқов зери шубҳа набуд

Мақомоти интизомӣ дар шаҳри Турсунзода гуфтанд, то замони боздошташ нисбат ба Содиқ Ортиқов ҳеҷ парвандае дар Тоҷикистон мавҷуд набуд. Ӯ ҳатто дар рӯйхати афроди эҳтимолии робитадошта бо гурӯҳҳои шубҳанок низ қарор надошт.

"Иваз кардани ному насбааш тафтиш шуд. Тафтиш исбот кард, ки ӯ қонунӣ ному насабашро иваз кардааст. Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон бо пешниҳоди номгӯи ҳуҷҷатҳо шаҳрванд ҳақ дорад, аз як насаб ба насаби дигар гузарад. Ин ки ному насабро бо ҳадафҳои ғайриқонунӣ дар Русия истифода бурдааст, масъалаи дигар аст", - гуфт як ҳамсӯҳбати радиои Озодӣ дар сохторҳои интизомии шаҳри Турсунзода.

Тафтишот гуфт, таркиши бомба дар дохили вагони метро рух дод
Тафтишот гуфт, таркиши бомба дар дохили вагони метро рух дод

Ёрибек Тураев, вакили маҳаллае, ки хонаводаи Содиқ Ортиқов зиндагӣ мекунад, рӯзи 22 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аксари писарони ин хонавода дар муҳоҷират қарор доранд ва то ҳол ҳарфи баде аз онҳо дар маҳалла нашунида буд. Ба иттилои ӯ, эҳтимолан ҳамсари Содиқҷон ба Русия барои огоҳ будан аз вазъи ҳамсари боздоштшудааш рафтааст.

Ӯ гуфт: “Наздиконашон ҳам ба ин бовар надоранд ва мегӯянд, ки тӯҳмат аст. Ман, рости гап, дар Русия гунаҳкор ё бегуноҳ будани ӯро намедонам. Ҳамсараш баъди боздошт ба идораи ҷамоат рафтааст, ки "ман ба назди шавҳарам рафта истодаам, ба ман справка диҳед". Бори охир 20 рӯз пеш ӯро дар деҳа дида будам. Дар 20 рӯз дигар ягон хабари нав нашуд”.

Рӯзи 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербург таркиш ба амал омад, ки онро мақомот "як ҳамлаи террористӣ" номиданд. Дар он ҳодиса 16 нафар кушта ва наздик ба 50 нафар захмӣ шуданд. Мақомоти Русия масъулияти анҷоми таркишро ба дӯши Акбарҷон Ҷалилов, зодаи Қирғизистон вогузор карданд ва гуфтанд, ки ин ҷавони бомбгузор дар ҷои ҳодиса кушта шуд. Содиқ Ортиқов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми иртибот бо Ҷалилов боздошт шудааст, то 1 июн ба ҳабс гирифта шудааст. Дар сурати пурра тасдиқ шудани иттиҳомаш, мӯҳлати ҳабси ӯ тамдид мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG