Пайвандҳои дастрасӣ

"Облава"-и Сайёд 2 масъули комиссариати Ҳисорро ба ҷавобгарӣ кашонд. САДО


Сайёд Ҳалимов

Ду масъули комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор барои “ҷалби маҷбурии” Сайёд Ҳалимов ба хидмат ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Як мақоми Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 17-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки алайҳи Саъдулло Иброҳимов ва капитан А.Шарипов парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиши қазия идома дорад. Наздикони Сайёди 24-сола иддао доранд, ки гӯшаш ношунаво ва як дасташ каҷ буда, вале дар охири моҳи апрел аз тариқи “облава” ба комиссариати ҳарбӣ бурда шуд.

​Азим Иброҳим – муовини нахуствазири Тоҷикистон аз масъулони комиссариатҳои ҳарбӣ тақозо карда буд, ки дар мавсими баҳории даъват ба артиш ба сафарбаркунии иҷборӣ роҳ надиҳанд.

Ҳамсуҳбати мо дар Додситонии ҳарбии гарнизони Душанбе ҳам гуфт, “баъди баррасии аризаи наздикони Сайёд Ҳалимов маълум шуд, ки Саъдулло Иброҳимов бо истифода аз вазифа ва бе иҷозаи соҳибхона вориди манзили истиқоматӣ шуда, Ҳалимовро ба комиссариати ҳарбӣ бурдааст”. Дар ҳоли ҳозир Саъдулло Иброҳимов бар асоси моддаи 147, қисми 2, яъне “ғайриқонунӣ даромадан ба манзил” муттаҳам шуда, то ду соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Акси Сайёд Ҳалимов
Акси Сайёд Ҳалимов

Ҳамчунин, ба иттилои мақомоти Додситонии ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе, “капитан А.Шарипов - сардори зершӯъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба артиши комиссариати ноҳияи Ҳисор бар асоси моддаи 391, қисми 1, яъне “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” айбдор мешавад.” Дар сурати собит шудани ин иттиҳом, маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол таҳдид мекунад.

То ҳол ин ду масъули комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор ва ваикли дифоашон дар бораи қазия изҳори назар накардаанд. Аммо Бадриддин Сафаралиев, амаки Сайёд, рӯзи 17-уми май ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки аз додгоҳ мехоҳанд, барои чунин рафтор кормандони комиссариат муҷозот шаванд.

Гузориши видеоӣ аз моҳи апрел:

Ҷалби маҷбурии ин сокини, ба қавли наздиконаш, бемори Ҳисор ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар охири моҳи апрели имсол вокунишҳои мухталифро ба бор оварда буд. Наздикони Сайёд Ҳалимов мегӯянд, ҳарчанд гӯшаш ношунаво ва як дасташ каҷ буда, бар илова ҳуҷҷати ҳарбӣ ҳам дошт, вале аз тариқи “облава” ба комиссариати аҳрбӣ бурда шуд, як шабонарӯз дар онҷо нигаҳдорӣ гардид.

Дар Вазорати дифои Тоҷикистон ҷалби маҷбурии Сайёд Ҳалимовро рад карда ва гуфта буданд, ки “имкони хидмати ӯ дар қатори нерӯҳои захиравии мусалллаҳи кишвар мушаххас шудааст”. Коршиносони низомӣ таъкид доранд, ки ба ҷалби ҷавонон ба артиш ҷиддӣ бояд бархӯрд шавад, то афроди солиму ҳушёр ба сафи нирӯҳои мусаллаҳ роҳ ёбанд.

Тибқи фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мавсими даъвати баҳории соли ҷорӣ ҷавонони соли таваллудашон 1990-1999 ба хидмат дар артиши кишвар ҷалб карда мешаванд. Қаблан Азим Иброҳим – муовини нахуствазири Тоҷикистон аз масъулони комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои кишвар тақозо карда буд, ки дар мавсими баҳории даъват ба артиш ба "облава" ё сафарбаркунии иҷборӣ роҳ надиҳанд.​

Азим Иброҳим
Азим Иброҳим

Азим Иброҳим – муовини нахуствазири Тоҷикистон аз масъулони комиссариатҳои ҳарбӣ тақозо карда буд, ки дар мавсими баҳории даъват ба артиш ба сафарбаркунии иҷборӣ роҳ надиҳанд. Вай дар як ҷаласаи рӯзи 16 март дар Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, пас аз анҷоми даъвати тирамоҳи соли гузашта ба далели роҳ додан ба даъвати иҷборӣ, 51 комиссари ҳарбии шаҳру ноҳияҳои кишвар иваз шуданд.

Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мегардад.

Дар Тоҷикистон масъалаи даъват ба артиш, масъалаи ба истилоҳ ҷанҷолӣ аст, чун теъдоде аз ҷавонон аз хидмат дар сафи артиш худдорӣ мекунанд. Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мегардад.

Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Бино ба иттилои манобеи расмии Тоҷикистон, теъдоди афроди синни даъватӣ дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафари ин шумор аз хидмати артиш озод ҳастанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG