Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси тоҷирон ва раиси ноҳия ба Хуҷанд ва сипас ба Душанбе расид


Баҳси байни тоҷирон ва раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов сари хароб кардани "Бозори Марказӣ" боз ба Додгоҳи олии иқтисодии кишвар кӯчидааст.

Мақомоти ноҳия мегӯянд, бо бастари ин бозор тасмим доранд роҳҳои маркази ноҳия шаҳраки Меҳрободро васеъ намуда ва биноҳои истиқоматии баландошёна бунёд намояд. Ба даҳҳо соҳибмулкон ва тоҷирони бозор пешниҳод шудааст, ки ба бозори навбунёди "Ашроф" кӯч банданд. Вале соҳибкорон мегӯянд, ки мақомот бидуни машварат бо онҳо ва ғайриқонунӣ бозорро баста, коргоҳ ва моликияти онҳоро бидуни ҷуброн барҳам заданд.

"Бозори марказӣ" дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳудуди 70 сол пеш бунёд шуда, дар маркази шаҳраки Меҳробод ҷойгир аст.

Ҳоло на соҳибмулкони ин бозори кӯҳна ба тарки молу мулки худу фаъолият дар бозори нав тан медиҳанд ва на мақомоти ноҳия ба хароб кардани бозору бозсозии ҷои он иқдом мекунанд. Ҳар ду ҷониб умед дорад баҳсро Додгоҳи олии иқтисодӣ ба нафъи онҳо ҳал хоҳад шуд.

Бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар маркази ин ноҳия ҷойгир буда, беш аз 150 дӯкону мағозаҳо дорад. Бозори нави "Ашроф" дар канори шаҳраки Меҳробод мавқеият дорад.

Лола Ёқубова, вакили дифои шуморе аз соҳибмулкони "Бозори марказӣ"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, мегӯяд, дар пайи баста шудани бозори марказӣ, ҳудуди 10 моҳ пеш даҳҳо соҳибмулкон ва тоҷирони бекор монда, сарҳисоби кору зиндагиашонро гум кардаанд.

Ба гуфтаи Лола Ёқубова, бар асоси шикояти соҳибмулкони бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҳанӯз моҳи сентябри соли 2017 Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд ва моҳи феврали ҳамин сол Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон қарори раиси ин ноҳия дар бораи манъи фурӯш дар бозори марказиро бинобар "берун аз ваколати хидматии раиси ноҳия ва ғайриқонунӣ" будани он, бекор кард. Вале раиси ноҳия Комил Салимзода моҳи март ба Додгоҳи олии иқтисодӣ шикояти назоратӣ ирсол кард ва қарори охирини додгоҳ боздошта шуд.

Лола Ёқубова рӯзи 22-юми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Додгоҳи олии иқтисодӣ дар ҳайати раёсати худ, иборат аз 7 нафар аввалҳои моҳи май ҷонибҳоро даъват кард ва масъаларо баррасӣ намуд. Фикри ҷонибҳоро ҳам пурсиданд. Баъд танаффус эълон карданд. Бо ҳамин то ба имрӯз дигар хомӯшанд. Мӯҳлати баррасӣ ду моҳ аст, вале то ҳоло кашол дода истодаанд."

Насимҷон Ҳалимов -- яке аз тоҷирони "Бозори Марказӣ" мегӯяд, ки як мағозаи дуошёна ва чандин дӯкон дошт ва дар он аҳли оилааш кор мекарданд ва даромаде барои пешбурди рӯзгорашон ба даст меоварданд. Вале баста шудани бозор, онҳоро аз ҷойи кор ва даромад маҳрум кардааст. "Мо дар хона даҳ нафарем ва бекор мондем. Мунтазирем, ки кай боз корро сар мекунем" - афзуд Насимҷон Ҳалимов.

Ба қавли мусоҳибам, мақомот бозорро бастанд, вале то ҳол дар иваз ба соҳибмулкони қаблӣ ҷойи нав ва пули моликияташонро пардохт накардаанд. Шуморе мегӯянд, бозори нав ба бародари раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов тааллуқ дорад ва бо кӯчонидани бозори кӯҳна, раису бародараш мехоҳанд тиҷорати бозори худро равнақ диҳанд ва бо иҷора додани ҷойҳои бозори нави "Ашроф", даромадҳои калон ба даст оранд. Иддаое, ки мақомоти ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов бепоя меноманд ва рад мекунанд.

Комил Салимзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар як сӯҳбати қаблиаш бо Радиои Озодӣ инро, ки бастани бозор ба манфиати шахсии ӯву бародараш аст, рад карда буд. Ба қавли ӯ, зарурати бастану оянда хароб кардани бозори марказиро пешрафти замон ва зиёд шудани аҳолии маркази ноҳия пеш овардааст ва он дар асоси нақшаи куллии бозсозии шаҳраки Меҳробод сурат мегирад. Ин қарор ба таъкиди Комил Салимзода, бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шудааст.

Ӯ афзуд: "Тибқи нақшаи кулл дар ҷои бозори кӯҳна сохтани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, байни он роҳ мекушоем, ки тамбашавӣ дар маркази ноҳияро аз байн бубарад. Мо ба соҳибмулкони бозори марказӣ гуфтем, ки ба онҳо ҷои нав медиҳем. Ҳамчунин арзиши моликияти онҳоро пардохт мекунем. Аммо бархе соҳибмулкони бозори марказӣ инро қабул надоранд. Аммо кори онҳо фақат судбозӣ. Ман намефаҳмам."

Ӯ гуфт, мақомоти ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ба навбати худ бо роҳи додгоҳӣ талош дорад мушкили бозорро ҳаллу фасл кунад. Ҳар ду ҷониб умедворанд зинаи назоратии Додгоҳи олии иқтисодӣ ба баҳси байни онҳо поён хоҳад дод.

“Бозори марказӣ” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳудуди 70 сол пеш бунёд шуда, дар маркази шаҳраки Меҳробод ҷойгир аст. Соли 2013 дар канори маркази ин ноҳия бозори наве бо номи “Ашроф” бунёд гардид, ки хеле бузург ва дорои иншооти муосир, роҳҳои васеи мумфарш ва шароити беҳтар аст.

Вале бозори нав дуртар аз маркази шаҳраки Меҳробод ҷойгир аст ва назар ба бозори кӯҳна муштариёнаш камтар мебошанд. Аз ин рӯ, соҳибмулкону тоҷирон ва фурӯшандаҳои бозори кӯҳна онро хуш қабул накарданд ва ихтиёрӣ кӯч набастанд.

Мақомоти ҳукумати ноҳияи Расулов барои кӯч додани тоҷирону фурӯшандаҳои бозори кӯҳна аз фишор кор гирифтанд ва баҳси соҳибмулкони ин бозору мақомот аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Соле қабл дар асоси қарори раиси ноҳия бастани бозори марказӣ ин баҳсро ба додгоҳи иқтисодии Суғд ва имсол то Додгҳи олии иқтисодӣ бурд.

XS
SM
MD
LG