Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолу ҳавои бозорҳои Душанбе як рӯз пеш аз Рамазон. ВИДЕО, АКС


Як рӯз пеш аз моҳи Рамазон дар аксар бозорҳои шаҳри Душанбе қимати гӯшт боло рафт ва камчин шуд. Масъулони бозорҳо аз тоҷирон хостаанд, ки дар ин моҳ нархи гӯштро аз 36 сомонӣ боло набаранд.

Фараҳнӯши Мирзо, ёвари раиси бозори “Меҳргон”-и Душанбе, рӯзи 16-уми май гуфт, "ба далели инки тоҷирон нархи гӯштро то 40 сомонӣ боло бурданд, фурӯши онро манъ кардем."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ба тоҷиронро гуфтанд, гӯштро гарон накунед
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Сифати гӯште, ки аз 33 то 36 сомонӣ қимат дорад, ба харидорон чандон писанд нест. Тоҷирон ҳам дар навбати худ мегӯянд, бо ин нарх наметавонанд гӯшти беҳтарро ба сокинон пешниҳод кунанд.

Ҳикматуллоҳ Иброҳимов, тоҷири гӯшт дар бозори Қарияи Боло мегӯяд, сабабаш ҳам афзоиши нархи гов будааст. «Имсол боронгарӣ кам шуд ва алаф нест. Гӯсфандҳо харобанд. Дар бозҳор моли фарбеҳ кам аст. Барои ҳамин, нархи гов қимат шуд», - шарҳ дод ӯ.

Қимати дигар анвои ғизо дар кулли бозорҳои пойтахт чандон тағйир накардааст. Масъулони бозорҳо бо таъсиси ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот аз болоравии маҳсулоти ниёзи аввал ба ҷуз аз гӯшт то ҳадде ҷилавгирӣ кардаанд. Дар бозори «Меҳргон»-и Душанбе ду ҳафтаи охир ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия баргузор мешавад.

Қурбоналӣ Раҳмонов, як сокини пойтахт гуфт, «нарх дар муқоиса ба рӯзҳои гузашта тағйир ёфтааст. Албатта, ба самти поин. Пеш як кило пиёз 2 сомонӣ буд, картошка 3 сомонӣ буд. Ҳоло картошка 2 сомониву 80 дирам аст, пиёз 70 дирам. Биринҷ 5 сомонӣ, шакар 5 – 5,5 сомонӣ аст.»

Ҳар сол дар остонаи моҳи шарифи Рамазон нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон, бахусус, гӯшт боло рафта, боис ба нигаронии сокинон мешавад. Дар гузашта шаҳрдории Душанбе барои дар як сатҳ нигоҳ доштани нархҳо талош карда буд, вале ба қавли сокинон ба ҷое нарасид.

Охири ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ дар мулоқот бо руҳониён ва зиёиҳо гуфт, дар ҳоле ки аксар кишварҳои мусалмонӣ ба хотири савоб дар Рамазон нархро поин мекунанд, дар Тоҷикистон, баръакс, нархҳо рӯ ба боло меравад. Ӯ ҳамчунин аз мардум интиқод кард, ки дар арафаи идҳо ва моҳи мубораки Рамазон барои ороиши дастархон маҳсулоти зиёд мегиранд, ки «гӯё фардо дунё ба охир мерасида бошад.»

Моҳи шарифи Рамазон имсол дар Тоҷикистон рӯзи 17-уми май оғоз мешавад.

Аксҳои бештар дар инҷост:

XS
SM
MD
LG