Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорони Суғд: "Нархи нави роҳи оҳан моро касод мекунад"


Як гурӯҳ аз соҳибкорони вилояти Суғд мегӯянд, нархи нави боркашонӣ, ки идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон муайян намудааст, корхонаҳоро муфлис карда, боиси бекор мондани ҳазорон коргар хоҳад шуд.

Аъзои гурӯҳи Анҷумани осиёбонони Тоҷикистон, ки моликони корхонаҳои тавлиди орд ҳастанд, бо навиштани як нома ба унвони нахуствазир, Вазорати рушди иқтисод ва Вазорати нақлиёт хостаанд, нархҳои нави бокашониро бекор кунанд.

Муҳимтарин нуктаи эътирози соҳибкорон ин аст, ки чаро нархи боркашонӣ танҳо дар минтақаи Суғд боло бурда шуда, барои минтақаҳои дигар, аз ҷумла Душанбе бе тағйир мондааст?

Комили Мирзоалӣ, раиси Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи 14-уми марти имсол бо имзои як фармон нархи боркашониро дар минтақаи Суғд ба якборагӣ беш аз 200 (дусад) дарсад боло бурд.

Дар фармони раиси идораи Роҳи оҳан таҳти рақами 64 гуфта мешавад, ки 20-уми марти соли равон коэффитсенти нархи кашондани сӯзишворӣ тариқи роҳи оҳан 2,4 (яъне 240 фоиз) ва дигар молҳо 2 (яъне 200 фоиз) муқаррар карда шавад.

Дар ин фармон, ки "Дар бораи коэффитсиентҳои баландкунанда дар минтақаи Суғд" унвон дорад, гуфта мешавад, ин коэффитсиентҳо ба борҳои ҷумҳурии Узбекистон дахл надоранд.

Чаро Cуғд?

Чанде аз соҳибкорон дар вилояти Суғд дар сӯҳбатҳои ҷудогона ба Радиои Озодӣ гуфтанд, идораи Роҳи оҳан аз ин тариқ мехоҳад, пули бештар кор кунад, аммо дар асл ба тиҷорати онҳо ва сокинони вилоят зарба мезанад.

Нигаронии соҳибкорон бештар аз нобаробарии тарифҳои боркашонӣ дар манотиқи кишвар аст, чун нархи боркашонӣ ҳоло танҳо дар вилояти Суғд боло рафтааст. "Чаро нарх танҳо барои Суғд боло бурда шуд, магар Суғд ягон вилояти угай аст?" - гуфт яке аз соҳибкорон.

Соҳибкорони суғдӣ дар номаи шикоятии худ мегӯянд, болоравии нархи боркашонӣ тариқи роҳи оҳан дар ниҳоят бар зиёни давлат тамом мешавад. Дар ин замина онҳо ба чаҳор нукта ишора кардаанд. Аз ҷумла гуфтаанд, ​"гарон шудани нархи боркашонӣ тариқи роҳи оҳан рақобатпазирии ширкатҳои вилоятро нисбат ба маҳсулоти хориҷӣ, хусусан, кишвари ҳамсоя аз даст медиҳанд ва муфлис шуда, садҳо нафар бекор мемонанд".

Вилояти Суғд бинобар мавқеи ҷуғрофиаш наздиктарин нуқтаи Тоҷикистон барои ворид кардани сӯзишворӣ, орду гандум ва дигар анвои ғизоҳост, ки умдатан аз Русия ва Қазоқистон ворид мешаванд. Дар як сол аз гузаргоҳи Бекобод тариқи роҳи оҳан ба вилояти Суғд то 3 миллион тонна бор ворид мешуд.

"16 ҳазор нафар бекор мемонад"

Дар идома соҳибкорон гуфтанд, бо боло рафтани нарх, воридоти маҳсулот ба вилоят коҳиш ёфта, тақрибан 16 ҳазор ронандаи мошинҳои баркашон, ки маҳсулотро аз Суғд ба дигар манотиқи кишвар мекашонанд, бекор мемонанд. Бар илова соҳибкорон ҳушдор додаанд, ки кам гаштани воридоти бор ба вилоят, боиси кам шудани боркашонӣ ва "касод гаштани доромади ширкати IRS" мешавад.

Аммо муҳимтарин нуктаи эътирози соҳибкорон, ки тариқи Анҷумани осиёбонҳо баён шудааст, ин аст, ки чаро нархи боркашонӣ танҳо дар минтақаи Суғд боло бурда шуда, барои минтақаҳои дигар, аз ҷумла Душанбе бе тағйир мондааст?

Барои муқоиса нархи кашондани як тонна сӯзишворӣ аз Бекобод то наздиктарин истгоҳ дар вилояти Суғд – Спитамен аз 11,7 доллари кунунӣ то ба 28,8 доллар боло хоҳад рафт. Дар ҳоле ки нархи "Роҳи оҳан" барои кашондани ҳамин миқдор бор аз Қудуқлӣ то ба истгоҳи Душанбе 7,3 доллар боқӣ мемонад.

Мақомот чӣ мегӯянд?

Дар идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон касе ҳозир нашуд, сабаби боло бурдани нархи боркашониро дар вилояти Суғд шарҳ диҳад. Бархе аз масъулони идора барои тасдиқи нархи тарифҳои нав дар Хадамоти зиддинҳисорӣ қарор доштаанд. Аммо як мақоми баландапоя дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, ҳарчанд масофаи роҳи оҳан дар вилояти Суғд кӯтоҳ аст, хароҷоти идораи Роҳи оҳан зиёд аст.

Ӯ гуфт: "Масалан, қаторҳои мо садҳо километрро аз Узбекистон мегузаранд, вале бинобар зиёд будани ҳаҷми боркашонӣ, арзон меафтад. Масалан, як локомотив 60-70 вагонро мекашонад. Аз мо дар як ҳафта ба зӯр 15-20 вагон ҷамъ мешавад ва соҳибкорон боз шикоят мекунанд, ки борашонро тезтар расонем. Роҳи оҳан маҷбур мешавад локомотивро фиристад ва вагонҳоро дохил кунад. Дар ҳама ҷо, вақте аз ҳисоби тонна/километр мегирем, тарифи масофаи кӯтоҳ баландтар аст”.

Ин мақоми Вазорати нақлиёт гуфт, дар ин сурат новобаста ба кӯтоҳии роҳ, хароҷоти Роҳи оҳан зиёд аст ва аз ин рӯ нархи боркашонӣ боло бурда шуд. Ин мақоми Вазорат гуфт, мактуби Анҷумани осиёбонон, ки ширкатҳои истеҳсоли орд шомили он ҳастанд дарёфт карда, ба арзашон ҷавоби муфассал ирсол карданд.

"Як муддат нархи боркашонӣ дар Суғд дар муқоиса бо минтақаҳои дигар арзонтар буд, ҳоло каме баръакс шуд ва ин ҷое барои нигаронӣ надорад", - хулоса кард ин мансабдор.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG