Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсири тарма. Болоравии нарху наво дар бозорҳои Душанбе. ВИДЕО


Барфбории шадиди ду ҳафтаи охир дар масири Душанбе-Хуҷанд на танҳо барои рафту омади сокинон, балки ба бозорҳои пойтахт ҳам бе таъсир намонд. Бо фаромадани тарма, ки ин масир чанд рӯз баста буд, даҳҳо мошини боркаш дар ҳар ду ҷониби ағба мунтазир монданд ва аз ин ҳисоб нархи чанд навъи маҳсулот дар бозорҳои пойтахт боло рафт. Дар ҳоле ки маоши ҳадди ақалл дар Тоҷикистон 400 сомонӣ (тахминан 50 доллар) ҳисоб шуд, 37 дар сади аҳолӣ зери хатти фақр ба сар мебаранд ва ҳама гуна болоравии нарх ба буҷаи хонаводаҳо таъсир мерасонад. Ҳангоми ҳузури мо дар бозорҳои пойтахт мушоҳида мешуд, ки табъи харидорон низ аз баландии нарх хира аст.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Маҳсулоте, ки аз вилояти Суғд ба Душанбе меояд, асосан картошкаву пиёз, орд, тухм ва маҳсулоти ширӣ аст. Картошка, ки талаботи мардум ба он зиёд аст, дар бозори яклухтфурӯшӣ 2 сомониву 60 дирам ва дар бозорҳои чакана то 3 сомонӣ боло рафтааст. Нархи пиёз ҳам аз ду ҳафтаи пеш 10-20 дирам боло рафта, нархи яклухти он 1 сомониву 60 дирам ва чакана то 2 сомонӣ расидааст.

Коҳиши маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори яклухтфурӯшии "Сомон" ҳатто ба даромади аробакашон низ бетаъсир намондааст.

Мушоҳида мешавад, дар ин шабурӯз дар фурӯшгоҳҳои Душанбе маҳсулоти ширӣ аз вилояти Суғд низ камчин шудааст. Ҳангоми ҳузури мо дар фурӯшгоҳи асосии ширкати "Файзи Расул" дар Душанбе яхдонҳои он нимахолӣ ба назар мерасиданд. Носир Абдуллоҷонов, фурӯшандаи мағозаи “Файзи Расул” гуфт, "сабабаш ҳамин аст, ки тарма фаромад ва роҳҳо баста шуданд."

Харидорон аз он шикоят мекунанд, ки масъулони бозор барои чунин ҳолатҳои ғайричашмдошт захираи кофӣ надоранд, то нарх дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шавад. Масъулони бозорҳо низ инкор намекунанд, ки барои ҳолатҳои фавқулода захираи зарурии маҳсулот надоранд. Умед Рустамов, нозири бозори яклухтфурӯшии “Сомон”, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо анборҳои захиравӣ надорем ва умуман маҳсулот захира намекунем.”

Аммо Мастон Шарифов, ноиби мудири “Бозори Деҳқон” гуфт, қоидаи кор дар ин бозор дигаргуна аст. Ба гуфтаи ӯ, барои нигоҳ доштани нархи муътадил дар бозор маҳсулотро ба дараҷаи зарурӣ захира мекунанд. Аз ҷумла, ӯ гуфт, ҳоло дар анборҳои бозори зертобеаш 5 тонна картошка, 9 тонна пиёз, 5 тонна равған, 40 тонна орд ва 4 тонна шакар мавҷуд аст. Ин дар ҳолест, ки барои мисол талаботи рӯзонаи “Бозори Деҳқон” ба картошка, ба гуфтаи масъулинаш 2 тоннаву 300 кило аст ва захираи дар анбори ин бозор буда, танҳо барои 2 рӯз кофист.

Дар ин миён нархи тухми истеҳсолшуда дар корхонаҳои шаҳри Хуҷанд низ каме зиёд шудааст. Арзиши он андаке аз моли ҳамсони минтақаҳои дигар аз ҳисоби роҳу роҳбандон гаронтар аст: Як бастаи иборат аз 30 донаи тухми истеҳсоли корхонаи ноҳияи Рӯдакӣ дар нуқтаи яклухтфурӯшӣ ба 24 сомонӣ баробар бошад, моли Хуҷанд 26 сомонӣ арзиш дорад. Дар фурӯши чакана нархи тухми Хуҷанд боз ҳам гаронтар буда, то 27-28 сомонӣ пешниҳод мешавад.

Мирзоалӣ Уроқов, сокини шаҳри Душанбе, ки ҳар моҳ 250 сомонӣ нафақа мегирад, рӯзи 9 феврал ба бозор барои харидани пиёз омадааст. Ӯ гуфт, бидуни барфрезиву бӯҳрон низ ҳамеша аз бозор бо табъи хира бармегашт, вале ҳоло боз нороҳат шудааст. “Албатта нархҳо гаронанд. Лекин чӣ кор кунем? Маҷбурем, ки бигирем. Чанд моҳ қабл як кило сабзӣ ва пиёз 80 дирам буд, ҳозир 1,60 - 1,70 дирам аст. Як баробар қимат шудааст", - афзуд ӯ.

Уроқов аз бозори яклухтфурӯшӣ на як халта, балки бо харидани чанд кило пиёз қаноат кард. Вай мегӯяд, оилаи иборат аз 9 нафар, ки фарзандони ноболиғ дорад, танҳо аз нафақаи ӯ таъмин мешаванд. Аз баста шудани роҳ на танҳо харидорон, балки ронандагон низ нороҳатанд, зеро чанд рӯз дар роҳ дармондан хароҷоти онҳоро боз ҳам зиёд кардааст.

Ҳомидхон, ки солҳои зиёд бо мошини боркаш ба тиҷорати картошка машғул аст, мегӯяд, дар баробари хароҷоти маъмулии роҳ дар ин шабу рӯз сарфи сӯзишворӣ ҳам зиёд шудааст. Бо сабаби хатари ҳар лаҳза омадани тарма шумори ронандаҳо дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе коҳиш ёфт ва боис ба кам шудани маҳсулот ва баланд шудани нархи он дар бозорҳои пойтахт шудааст.

Коҳиш ёфтани маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори яклухтфурӯшии "Сомон" ҳатто ба даромади аробакашон низ бетаъсир намондааст. Убайдулло Хоҷаев, аробакаши бозори мазкур, мегӯяд, "ҳоло рӯзона 10-15 сомонӣ кор мекунам. Пештар, ки маҳсулот зиёд буд, 40-50 сомонӣ кор мекардам. Ҳоло баъд аз кам шудани маҳсулот 10-15 сомонӣ кор мекунам ва намедонам, ки бо он ғизои нисфирӯзӣ хӯрам ё онро ба хона барам?"

Рӯзи 8 феврал обуҳавошиносон гуфтанд, ки дар рӯзҳои оянда ҳам бориши барф дар назар аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG