Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле, ки хабари расмии муҷозот шудани ду масъули аршади бахши оидоти буҷаи Тоҷикистон ба мушкилот дар бахши воридоти ғизо ба бозори дохилии кишвар гуфта шуд, соҳибкорон ва моликони ширкатҳо ба ин боваранд, ки далели аслии танбеҳ гирифтани раиси Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук дар иҷро нашудани бахши даромади буҷа аст.

Соҳибкорону тоҷирон мегӯянд, ҳамакнун бояд интизори бештар шудани тафтишҳо ва ташдид ёфтани фишори молиявӣ болои бизнес шуд.

Шароити воридоти мол сахттар шудааст

Комрон Ниёзов, соҳибкори тоҷике, ки дар Қазоқистон як ширкат дораду ба Тоҷикистон макарон ва навъҳои олии орд ворид мекунад, мегӯяд,

Дар Тоҷикистон як қатор ширкатҳои наздик ба ҳукумат амал мекунанд, ки ё аз пардохти андоз озод шудаанд ва ё маълум нест онҳо чӣ миқдор андоз супурда саҳмашон дар бахши даромади будҷа чанд аст

шароити воридоти мол ба Тоҷикистон дар қиёс ба солҳои пеш аз бӯҳрони иқтисодии соли 2014 хеле сахт шуда вақти зиёдеро мегирад. Ӯ гуфт:

«Ҳар як мошине, ки бори моро аз шимол ба маркази кишвар (аз вилояти Суғди ҳаммарз бо Қирғизистон ба Душанбе) мебарад, дар роҳ аз 7 то 10 нуқта нозирони гумрук истодаанд. Мошинро медоранд, ҳуҷҷатҳо ва бори мошинро тафтиш кунанд. Маълум аст, ки ҳама асабонӣ ҳастанд, “план буд нашуд” мегӯянд. Ҳангоми растаможка (барасмиятдарории мол) бо нозирони гумрук доим баҳс мекунем, онҳо нархи маҳсулотро аз будаш баланд мемонанд. Ба нархи воқеӣ, ки мо пешниҳод мекунем, бовар намекунанд».

Комрон Ниёзов мегӯяд, фишори маъмурӣ дар сатҳи болоӣ барои иҷрои нақшаи будҷа зиёд шудааст ва ӯ нигарон аст, ки ба таври занҷираӣ фишор болои тоҷироне мисли ӯ боз ҳам афзоиш меёбад. Чун, ба таъбири ӯ, «агар нозири андоз ва ё гумрук камбудӣ ёфтан, меёбад».

Камбуди нишондодҳои даромад аз андоз ва гумрук – 4 то 13 дарсад

Танбеҳи мансабдорон ва нигаронии соҳибкорон аз афзоиши тафтишу фишор дар ҳолест, ки дар 9 моҳи соли равон ба будҷаи кишвар аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 212 миллион сомонӣ камтар аз нақша маблағ ворид гаштааст. Нақшаи андози иҷтимоӣ низ, ки аз иҷроиши он пардохти нафақаи пиронсолон, кӯмакҳои иҷтимоӣ ва камбизоатону маъюбон вобаста аст, ба пуррагӣ иҷро нашуд.

Андози иҷтимоӣ дар 9 моҳ - 166 миллион сомонӣ камтар аз нақша иҷро шуд. Ин арқом, ки ба эҳтимоли зиёд мояи танбеҳи роҳбарони Кумитаи андозу хадамоти гумрук - Нусратулло Давлатзода ва Абдуфаттоҳи Ғоиб аз ҷониби раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон шудааст, ҳафтаи гузашта дар як муҳокимаи парлумонӣ ошкор шуд.

Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи парлумонии ҳафтаи гузашта гуфт, ки дар ин муддат 32 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нақшаи даромади будҷаро аз ҳисоби андоз иҷро накарданд.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи Раҳимзода, ин ноҳияҳо нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоиро сари вақт пардохта натавонистанд. Вакилон зимни ин муҳокима дар баробари зикри дигар омилҳо, масъалаи «дар сатҳи кофӣ диққат надодани кормандони мақомоти андоз»-ро яке аз сабабҳои пур нашудани будҷа номиданд.

Таъсири бӯҳрони иқтисодии Русия

Як манбаи асосии даромади мардуми Тоҷикистон, ки боиси гардиши чархи иқтисод мешавад, интиқолҳои пулии муҳоҷирон аз Русия аст, ки то се соли қабл ба 4 миллиард доллар - нисфи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баробар буд. Аммо бо рукуди иқтисоди Русия дар пайи таҳримҳои Ғарбу Аврупо дар паи шурӯи низоъҳои мусаллаҳона дар шарқи Украина, мизони интиқолҳои пулии муҳоҷирони тоҷик то ба 2 миллиард доллар коҳиш ёфт.

Гардиши савдо дар дохили кишвар як баробар кам шуд. Агар дар соли 2014 кишвар ба ҳисоби миёна ҳар моҳ дар ҳаҷми 358 миллион доллар мол ворид мекард, дар оғози соли ҷорӣ он то ба 185 миллион доллар коҳиш ёфт.

Нуриддин Қаюмов, доктори улуми иқтисод мегӯяд, як манбаи асоси даромади будҷа корхонаҳои азими нассоҷӣ ва истеҳсоли абрешим буданд, ки сол ба сол истеҳсоли маҳсулоти онҳо кам мешавад.

“Ман ба омор як назар карда мушоҳида кардам, ки истеҳсолот дар корхонаҳои нассоҷӣ камтар мешавад. Истеҳсоли абрешим қариб ба нестӣ расидааст. Ҳол он ки ин корхонаҳо як замон манбаи асосии андоз ва даромади будҷа буданд”, иброз дошт Қаюмов.

Саҳми ширкатҳои наздик ба ҳукумат дар пардохтҳо маълум нест

Дар ин баробар дар Тоҷикистон як қатор ширкатҳои наздик ба ҳукумат амал мекунанд, ки ё аз пардохти андоз озод шудаанд ва ё маълум нест онҳо чӣ миқдор андоз супурда саҳмашон дар бахши даромади будҷа чанд аст.

Михаил Петрушков, раҳбари «Маркази ҳимояти соҳибкорӣ» дар Тоҷикистон рӯзи 1 декабр дар суҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, мушкили аслӣ дар таҳияи будҷа аст, ки ҳар сол қисмати даромади он 10-11 дарсад бештар карда мешавад. Ӯ гуфт:

«Ману ҳамкоронам ва таҳлилгарони дигар ҳеҷ ба дарки ин намеравем, ки мақомдорон бо умед ба чӣ нақшаи даромади будҷаро ҳар сол 10 дарсад ва бештар аз он боло мебаранд? Ин рақам аз куҷо гирифта мешавад? Чаро 10 дарсаду 30 фоиз не? Касе ба ин посух гуфта наметавонад ва ҳама аз нозирони гумрук ва андоз гила мекунад, ки онҳоро ҷаримаи ҳангуфт бастанд. Аммо ин айби онҳо нест. Онҳо маҷбуранд, ки нақшаи будҷаро иҷро кунанд, бар ҳар қимате, ки бошад».

Петрушков афзуд, агар Тоҷикистон таҷрибаи ҳар сол боло бурдани нақшаи даромади будҷаро хотима надиҳад, ин барои ҳама, пеш аз ҳама ба соҳибкорони тиҷоратҳои хурду миёна оқибати бад дорад. «Иқтисоди кишварҳои узви ИДМ ва Тоҷикистон дар шароити буҳрон пеш мераванд ва дар ин ҳолат на ин, ки мизони даромад, балки хароҷоти будҷаро камтар бояд кард. Харҷи мо бояд мутаносиб ба даромадамон бошад», гуфт Петрушков.

Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, бо боло рафтани нақшаи даромади будҷа фишор болои соҳибкорони хурду миёна, ки манбаи асосии даромади будҷа ҳастанд, зиёд мешавад ва онҳо аз ин фаъолият даст мекашанд. Ба таъкиди Петрушков, фоида аз соҳибкорӣ дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз камтар мешавад.

Тоҷикистон дар соли 2012 замони қабули Кодекси нави андоз ба мавҷи тарки пеша кардани соҳибкорон дучор шуда буд. Он замон Оҷонсии омор гузориш дода буд, ки дар давоми як сол 20 ҳазор соҳибкор фаъолияташро қатъ кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG