Пайвандҳои дастрасӣ

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 20 ҳазор тонна гӯшти мурғ ворид шудааст, ҳарчанд ҳамасола ин рақам наздики 64 ҳазор тонна будааст.

Тибқи меъёр ҳар сокини кишвар дар як сол бояд на кам аз 7,5 килограмм гӯшти мурғ истеъмол кунад. Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 ноябр президент Эмомалӣ Раҳмон раҳбари панҷ ниҳоди муваззаф ба воридоти маҳсулоти гӯштӣ ба Тоҷикистонро барои маҳсулоти пастсифати ғизоӣ муҷозот кард.

Бо тасмими раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафтаи ҷорӣ Ибодулло

Мутахассисони тоҷик ҳисоб кардаанд, ки ҳар як сокини Тоҷикистон бояд дар як сол ҳадди ақал 7,5 килограмм гӯшти мурғ истеъмол кунад

Қурбониён аз мақоми раиси Оҷонси "Тоҷикстандарт", Шералӣ Вазиров аз раёсати Хадамоти назорати байторӣ ва Холмуҳаммад Каримзода аз мақоми раиси Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ барканор шуданд. Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумрук ва Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, бинобар ба таври зарурӣ “иҷро накардани вазифаҳои хидматиашон” танбеҳ гирифтаанд. Сабаби ин муҷозот - ворид шудани гӯшти пастсифати мурғ ба Тоҷикистон унвон шуда, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик сабаби бемориҳои сокинон гардидааст.

"Масъулият ба тоҷирон аст"

Дар ҳамин ҳол, масъулини соҳаи байтории кишвар мушкили дар фурӯш будани маҳсулоти пастсифати гӯштиро ба дӯши тоҷирон вогузор мекунанд.

Тоҷибек Норов, муовини раиси барканоршудаи Хадамоти байтории Тоҷикистон 30 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “маҳсулоти воридшавандаи гӯшти мурғро тибқи ҳуҷҷатҳои роҳкиро санҷида, сипас дар озмоишгоҳҳои худ ташхис мекунем. Соҳибкорони тоҷик низ талош мекунанд танҳо он гӯшти паррандаеро ворид созанд, ки мо бо наҳваи парвариш ва тавлиди он шинос ҳастем”.

Вай гуфт, ки ба Тоҷикистон гӯшти парранда асосан аз Туркия, Бразилия ва ИМА ворид мешавад. Ба иттилои ин манбаъ, дар соли ҷорӣ дар пайи манъи воридоти гӯшти парранда аз Эрон, ба Тоҷикистон ҳатто як килограмм аз ин маводди эронӣ ворид нашудааст.

Тоҷибек Норов афзуд: «Дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон тақрибан 20 ҳазор тонна анвои мухталифи гӯшти парранда ворид шудааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи омори чандинсола ниёзи ҳамасолаи Тоҷикистон ба гӯшти парранда ҳудуди 64 ҳазор тонна мебошад. Зеро, мутахассисони тоҷик ҳисоб кардаанд, ки ҳар як сокини Тоҷикистон бояд дар як сол ҳадди ақал 7,5 килограмм гӯшти мурғ истеъмол кунад».

Ҷаноби Норов афзуд, ки сабаби паст будани сифати гӯшти парранда дар бозорҳои Тоҷикистон ба ин далел аст, ки чаканафурӯшон меъёрҳои нигаҳдории ин маводдро риоя намекунанд. Маъмулан, чаканафурӯшон аз анборҳо гӯшти паррандаро гирифта, дар яхдонҳои худ нигаҳдорӣ мекунанд. Аммо, дар пайи қатъи интиқоли нерӯи барқ ва хунукназарии фурӯшандаҳо гӯшти паррандаи яхшуда зуд сифати худро аз даст медиҳад.

Тоҷирон: Меъёрҳои нигаҳдорӣ риоя мешавад

Дар Тоҷикистон макони аслии хариду фурӯши маҳсулоти ғизоӣ бозорҳо мебошанд. Бозори бузургтарини фурӯши маҳсулоти ғизоии “Фаровон”-и пойтахт яке аз маконҳои тиҷорати гӯшти мурғ ҳам ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷо фурӯшгоҳҳои дигар, аз ҷумла супермаркетҳо ҳам мол харидорӣ мекунанд ва баъдан дар нуқтаҳои тиҷоратии худ ба фурӯш мегузоранд.

Тоҷирони бозор таъкид мекунанд, ки меъёр ва қоидаи ҳифзу нигаҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти гӯштиро ҷиддан риоя мекунанд.

Юсуф Раҷабов, як фурӯшандаи маҳсулоти гӯштӣ яке аз онҳост. Вай гуфт, меъёри нигаҳдории маҳсулоти гӯшти мурғи воридотӣ риоя мешавад ва то ҳол ба онҳо ҳеҷ шикояте аз муштариён ба сифати пасти гӯшти мурғ нарасидааст. Вай дар бораи наҳваи нигаҳдории гӯшти мурғ дар фурӯшгоҳаш гуфт:

«Баъд аз овардани қуттиҳои маҳсулоти яхшудаи мурғ ба фурӯшгоҳ он дар анбори махсуси дорои то 20 дараҷаи сардӣ нигаҳдорӣ мешавад. Ҳатто агар нерӯи барқ қатъ шавад, мо нерӯгоҳи кӯчаки дизелӣ дорем ва онро ба кор меандозем. Агар барои дарозмуддат нерӯи барқ қатъ шавад, мо қуттиҳои мурғи яхшударо ба анборҳои дигар интиқол медиҳем».

Аз Бразилия то Тоҷикистон

Бархе коршиносони соҳа мегӯянд, мавзӯи воридоти маҳсулоти ғизо ва ба вижа гӯш аз кишварҳои хориҷӣ бояд шадидан назорат шавад, чунки сифати он аз санаи истеҳсол, мӯҳлати интиқол, шароити нигаҳдорӣ ва санаи фурӯш сахт бастагӣ дорад. Маҳмадалӣ Табаров, мутахассиси Маркази санитариву эпидемиологии Тоҷикистон мегӯяд:

«Бояд донист, ки вақте маҳсулот аз кишварҳои дур ба Тоҷикистон ворид мешавад, дар тӯли масофаи интиқолаш гӯшти парранда метавонад сифати худро тағйир диҳад. Аслан шубҳанок аст, ки маҳсулот аз кишварҳои дур бо чунин нархи арзон то ба мо мерасад. Зеро мурғи яхшуда масалан аз Бразилия ё ИМА тӯли чанд моҳ тавассути киштиҳо ва мошинҳои боркаш ба Тоҷикистон мерасанд.

Аммо ҳам дар киштӣ ва ҳам мошинҳо бо яхдонҳое муҷаҳҳаз мебошанд, ки сардии то 40 дараҷаро таъмин мекунанд. Харидорон зимни пайдо шудани шубҳа дар сифати маҳсулот бояд аз фурӯшандаҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи онро талаб кунанд».

Бо ин ҳама мақомоти беҳдошти Тоҷикистон аз ироаи омори мушаххаси бемор шудани мардум дар натиҷаи истеъмоли гӯшти вайрон ё маҳсулоти дигари ғизоии мӯҳлаташ гузашта худдорӣ мекунанд. Вале табибон мегӯянд, ки ғизои носолим аз бемориҳои мисли шикамдард сар карда то заҳролудшавии шадиди организми инсон мерасонад.

Истеъмоли гӯшти яхзада машварат нест

Дар барномаҳои таълимии тиббӣ дар телевизионҳои байналмилалӣ зиёд машварат мешавад, ки сокинон маҳз ба хотири ҷилавгирӣ аз мушкилоти сиҳҳатӣ аз истеъмоли гӯшту мурғ ва ҳасиби яхзадашуда парҳез кунанд ва ба ҷои он аз моли тоза кушташуда хӯрок таҳия кунанд. Маҳсулоти гӯштиро табибон машварат медиҳанд танҳо баъди пухтан дар дараҷаи баланди гармӣ истеъмол кунанд, то ки микробҳояш безарар гардонида шавад.

Як сокини Душанбе, ки аз паёмадҳои ғизои пастсифат ҳарос дорад, мегӯяд, барои худ фурӯшгоҳ ва ҳам молу маҳсулоти қобили эътимодро интихоб карда танҳо ҳамонро харидорӣ мекунад. Эътимод ба фурӯшандаву истеҳсолкунандаи маҳсулот – яке дигар аз василаҳои ҳифзи сиҳҳатии худ ва аъзои хонавода маҳсуб мешавад. Нодира Шариповаи 25-сола, ки дар бозори “Фаровон” машғули харидории маводди мавриди ниёз буд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз таҷрибаи худ гуфт, ки талош мекунад маводи ғизояшро аз тоҷирони муайяни ҳамин бозор бихаранд.Зеро, ба гуфтаи вай:

“Тӯли чанд сол аст, ки танҳо дар ҳамин бозор харидорӣ мекунам. Зеро, таҷрибаам нишон дод, ки дар ин бозор маҳсулот ҳамеша бо сифати хуб пешниҳод мешавад. То ҳол ҳеҷ мавриде нашудааст, ки аз харидам изҳори пушаймонӣ карда бошам”.

Аммо, ба гуфтаи Тоҷибек Норов, масъули Хадамоти байтории Тоҷикистон, мушкили сифати пасти гӯшти мурғ асосан ба фурӯшандаҳое рабт дорад, ки дар мағозаҳо ва дар бозорҳои дурафтода тиҷорат мекунанд ва маҳслуоти гӯштиро на дар яхдонҳои калони махсус, балки дар ҳавои тоза ва дар қуттиҳо нигаҳдорӣ мекунанд.

Ҷаҳонгир Назаров, як фурӯшандаи гӯшти мурғ аз шаҳри Душанбе таъкид мекунад, ки дар фаъолияти тиҷоратиаш ҳамеша мувозиби шароити санитарии фурӯши гӯшт аст:

“Ман маъмулан як ё ду қуттӣ гӯшти яхшудаи мурғро ба дӯконам оварда, талош мекунам онро дар як рӯз бифурӯшам.Ман яхдоне дорам, ки ғунҷоишаш то 30 килограмм гӯшти яхшудаи мурғ аст. Мешаванд мавридҳое, ки интиқоли нерӯи барқ қатъ мешавад. Ҳатто дар ин сурат ман аз манбаъҳои дигари нерӯи барқ истифода мекунам, то сифати маҳсулот тағйир наёбад”.

Коршиносони соҳа мегӯянд, таваҷҷӯҳи мардум ба гӯши яхшуда дар ҳолате мешавад, ки арзиши он назар ба гӯшти тару тоза ва нав забҳшуда ба маротиб камтар аст. Гӯшти яхзадашударо бештар қишри камдаромади аҳолӣ харидорӣ мекунад, чунки арзиши он ду баробар камтар назар ба гӯшти тару тоза аст. Аз ҷумла, қимати як кило гӯшти мурғи яхзадашуда дар бозори умадфурӯшӣ аз 15-16 сомонӣ шурӯъ шуда, нархи мурғи сохти корхонаи Ёвон 25 сомонӣ ва бештар аз он арзиш дорад.

Бархе коршиносон мегӯянд, бо боло рафтани даромади мардум сифати зиндагӣ ва ғизои аҳолӣ ҳам ба самти беҳбуд тағйир меёбад, аз ин рӯ вуҷуди мушкили фурӯши маҳсулоти пастсифат хоси ҷомеаҳоест, ки бо мушкилоти молӣ рӯбарӯ мебошанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG