Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуфаттоҳи Ғоиб: “Ҷаноби Олӣ беасос танбеҳ намедиҳад”


Абдуфаттоҳи Ғоиб

Абдуфаттоҳи Ғоиб – раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон – рӯзи 28-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки танбеҳ ё “выговор”-и гирифтаи ӯ бепоя набуд. Ӯ дар як шарҳи кӯтоҳ гуфт, “Ҷаноби Олӣ беасос танбеҳ намедиҳад. Танбеҳи гирифтаи мо асос дорад.”

Як нафари огоҳ аз қазия гуфт, ки Нусратулло Давлатзода барои риоя нашудани расмиёти андозӣ ва мушкилоти соҳибкорону андозситонӣ бештар гап шунидааст.

Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ин бештар тафсилот надод ва нагуфт, ки далели танбеҳи ӯ чӣ буд. Аммо як корманди Хадамоти гумрук бидуни ифшои номаш гуфт, танбеҳи раҳбарияти ниҳоди онҳо ба иҷро нашудани пардохтҳои гумрукӣ дар нуҳмоҳаи имсол рабт дорад. Як манбаи дигари Радиои Озодӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, "Абдуфаттоҳи Ғоиб барои воридоти маҳсулоти қочоқӣ, мушкили марбут ба риоя нашудани расмиёти гумрукӣ ва воридоти маҳсулоти пастсифат, аз ҷумла маҳсулоти гуштӣ аз раиси ҷумҳур гап шунид ва барои ҳамин "выговор" (танбеҳ) гирифт."

Нусратулло Давлатзода
Нусратулло Давлатзода

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумрук ва Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, бинобар ба таври зарурӣ “иҷро накардани вазифаҳои хидматиашон” танбеҳ гирифтаанд. Матни ин танбеҳ бо имзои Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми ноябр дар вебсайти президенти Тоҷикистон нашр шуд. Дар матн гуфта мешавад, ки муҷозоти ин ду мақом мутобиқи моддаи 32-и қонун “Дар бораи хидмати давлатӣ” сурат мегирад. Як нафари огоҳ аз қазия гуфт, ки Нусратулло Давлатзода барои риоя нашудани расмиёти андозӣ ва мушкилоти соҳибкорону андозситонӣ бештар гап шунидааст.

Танбеҳи ин ду мақоми баландпоя дар ҳолест, ки бо қарори раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 28-уми ноябр се мақоми масъули соҳаи назорат дар воридот ва фурӯши маҳсулоти ғизоӣ низ аз мансабҳои ​худ барканор шуданд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 28-уми ноябр ин афродро барои беэътиноӣ ба мақом ва беназоратӣ нисбат ба воридоти маҳсулоти, ба қавли ӯ, пастсифати ғизоӣ, аз ҷумла гӯшти мурғ, айбдор кардааст.

Ибодулло Қурбониён
Ибодулло Қурбониён

​Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ гуфт, бино ба қарори ҳукумат, Ибодулло Қурбониён аз мақоми раиси Оҷонси "Тоҷикстандарт", Шералӣ Вазиров аз раёсати Хадамоти назорати байторӣ ва Холмуҳаммад Каримзода аз мақоми раиси Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ барканор шуданд. Ин қарор рӯзи сешанбе дар пайи маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон содир шудааст. ​

Дар ин ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон аз воридоти "маҳсулоти пастсифату ба саломатии мардум зараровари озуқа" интиқод кардааст. Дар хабар гуфта мешавад, бар пояи як тафтиши хидматӣ, ки бо супориши мустақими президент ва аз ҷониби мақомоти дахлдор сурат гирифтааст, "далелҳои зиёди поймол намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ворид кардани маҳсулоти пастсифату арзон ба бозори истеъмолӣ, дидаву дониста иҷозат додани воридоти маҳсулоти бесифат ва ба саломатии мардум зараровар" ошкор шудааст.

Коршиносон: Бори аввал аст, ки шарҳи барканории мақомот нашр мешавад

Бархе коршиносон мегӯянд, бори нахуст дар фармонҳои хукумати Тоҷикистон сабаби дақиқи муҷозоти мақомдорон зикр ва таъкид шудааст, ки фаъолияти ин афрод сабаби сар задани бемориҳо дар миёни сокинон шудааст.

Рустам Бобоҷонов, иқтисоддони тоҷик, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз чунин вокуниши президент Раҳмон ба воридоти маҳсулоти пастсифат истиқбол кард ва гуфт: ​"Воқеан, боис ба таассуф аст, ки дар Тоҷикистон ин қадар корхонаҳои паррандапарварӣ фаъолият мекунанд, вале боз ҳам гӯшти мурғ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Боз ҳам гӯшти пастсифат ворид мекунанд. Ба ин далел барканории ин мақомот як амри саривақтӣ аст, то дар оянда аз чунин воридот ҷилавгирӣ шавад."

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, вуҷуди корхонаҳои паррандапарварӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз далели кофӣ будани ин навъи маҳсулот барои сокинон буда наметавонад. Ӯ афзуд, ​"аслан, бори аввал аст, ки чунин як мақоми баландпояи Тоҷикистон мансабдоронро мушаххас барои роҳ додани як камбуд аз вазифа сабукдӯш мекунад. Хуб мешавад, агар минбаъд низ сабаби барканории ҳар як мансабдор равшан таъкид шавад. Ман сахт шубҳа дорам, ки тамоми тавлидоти корхонаҳои паррандапарварии Тоҷикистон барои ниёзҳои сокинони кишвар кифоят кунад. Аз сӯи дигар, мавзӯи сифати ин маҳсулот низ чандон қонеъкунанда нест."

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон пайваста аз боздошт ва нобудсозии маҳсулоти камсифати воридотӣ гузориш медиҳанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи Ҷамила Мирбозхонова, сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали имсол 34 ширкат ва соҳибкорони тоҷик беш аз 27 тонна гушти паррандаро аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид кардаанд. Ба гуфтаи Мирбозхонова, Хадамоти гумрук пайваста барои ҷилавгирӣ аз воридоти ғайриқонунии чунин маҳсулот чораандешӣ мекунад. Аз ҷумла, ба иттилои вай, маъмурони гумруки вилояти Суғд аз талоши соҳибкори тоҷик Камолиддин Назаров, ки мехост ҳудуди 6 тонна гӯшти мурғро ба кишвар ворид созад, ҷилавгирӣ кардаанд. Бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Ғафуров ин соҳибкор ба маблағи 7242 сомонӣ ҷарима шудааст.

"Кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар Душанбе моҳи майи соли 2016 10 тонна гӯшти паррандаи навъи «Фазан»-ро , ки аз тарафи ҶДММ «Сафар-2012» аз Эрон ба Тоҷикистон ворид карда шуда буд, бинобар сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи меъёрию санитарӣ нобуд карданд", - афзуд ӯ.

Бо вуҷуди ҳузур пайдо кардани ширкатҳои ватанӣ дар бозори дохилӣ Тоҷикистон ҳанӯз ҳам бахши аъзами молу маҳсулоти ниёзи хешро аз хориҷи кишвар ворид мекунад. Як назар ба омори содироту ворид кофист, ки то чӣ ҳад вобаста будани кишвар аз маҳсулоти хориҷа бармало шавад.​

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон соли гузашта ба маблағи 3 миллиарду 30 миллион доллар бо кишварҳои хориҷӣ додугирифт карда, танҳо ба 898 миллион доллар маҳсулоти тавлиди худро содирот кардааст. Ин рақам се маротиба камтар аз маблағи воридот мебошад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG