Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳбандиҳо Хоруғро ба камбуди ғизо рӯбарӯ кардааст. ВИДЕО


Мақомоти Бадахшон ба Раёсати Оҷонсии зиддиинҳисорӣ дар ин вилоят супориш додаанд, ки аз баланд рафтани нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳо ҷилавгирӣ кунанд. Нилуфар Асламшоева, масъули равобити бо ҷомеаи ҳукумати Бадахшон дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, дар баробари танзими нархи маҳсулот, инчунин Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ дар вилоят вазифадор шудааст, ки нуқтаҳои фурӯшро зиёд кунанд.

Дар пайи барфбории зиёди рӯзҳои ахир роҳҳо ба шаҳри Хоруғ -- маркази маъмурии Бадахшон баста шудаанд, ки сабаби боло рафтан ва камбуди маҳсулоти озуқаворӣ дар бозори ин шаҳр шудааст. Гуланор, як соҳибкор аз шаҳри Хоруғ мегӯяд, мошини ҳомили бору колои ӯ ба сабаби баста будани роҳҳо, наметавонад аз шаҳри Душанбе ба тарафи Бадахшон ба роҳ барояд. Ин тоҷирзан афзуд, ба фурӯшгоҳи ӯ бештар барои ғизоҳои кӯдак аз ҷумла “йогурт” муроҷиат мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар бозорҳои шаҳри Хоруғ махсусан камбуди сабзавот мушоҳида мешавад.

Бозори шаҳри Хоруғ.
Бозори шаҳри Хоруғ.

Насриддин Сабзалиев, сардори раёсати Оҷонсии зиддиинҳисорӣ дар Бадахшон рӯзи 17 феврал дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, нархҳои бозорҳо мӯътадил мебошанд ва бо мусоидати “Тоҷикматлубот” он танзим мешаванд: “Имрӯз нархи картошка, сабзӣ ва пиёзро аз 4 сомонӣ ба 2,5 фаровардем. Нархи орд 165 сомон”. Ин мақоми Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар Бадахшон гуфт, маҳсулоти онҳо қаблан дар анборҳо захира шудааст ва барои 1 моҳи дигар кифоят мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинони шаҳри Хоруғ мегӯянд, баланд рафтани нархи бархе аз маҳсулоти озуқа, ба шиддат эҳсос мешавад. Лутфия Нурмамадова, соҳиби фурӯшгоҳ дар шаҳри Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо баста шудани роҳ, яклухтфурӯшҳо нархи маҳсулотро гарон мекунанд. Ӯ ба унвони мисол гуфт, нархи як кило маска қаблан 15 сомонӣ буд ва ҳоло то 18 сомонӣ расидааст. Ба гуфтаи ин сокини Хоруғ, маҳсулотҳое ба монанди шир ва “окорочка” тамоман камёфт шуда, нархи 1 килограмм помидор ба 18 сомонӣ расидааст.

Боло рафтани нархҳо дар бозорҳои шаҳри Хоруғ дар ҳолест, ки роҳҳо ба ин шаҳр танҳо аз самти ноҳия Роштқалъ боз аст. Нилуфар Асламшоева, дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, роҳи Душанбе-Хоруғ дар мавзеъҳои Сангевни ноҳия Дарвоз, Хехики ноҳия Ванҷ ва деҳаҳои Қалот ва Пастхуфи ноҳияи Рӯшон баста аст. Ӯ инчунин гуфт, дар самти Ғунд-Хоруғ ҳам дар деҳаҳои Барсем, Танг ва Шитам тарма фаромадаст. Ба гуфтаи ӯ, барои поксозии роҳҳо бо ширкатҳои хусусӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва техникаҳои ширкатҳои сохтмонӣ дар асоси шартнома, ҷалб шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Бадахшон, рақрибан 100 хонавода дар шаҳри Хоруғ – маркази вилояти Бадахшон – ба ҷойҳои амн кӯч дода шудаанд. Мақомот мегӯянд, дар пайи андаке гарм шудани ҳаво ва боридани борон хатари фаромадани тарма бештар шуда, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 200 манзили сокинон дар маркази Бадахшон таҳти хатар аст. То кунун аз боронгарии зиёд дар Хоруғ боми наздик ба 25 хона фурӯ рехтааст.

Умед Тӯтишоев, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода дар Хоруғ, ба расонаҳои давлатӣ гуфтааст, ки хонаводаҳо дар мактабу марказҳои фарҳангӣ ва манзили наздиконашон ҷо карда шуданд. Ситоди ҳолатҳои фавқулода бо нашри як муроҷиатнма аз сокинони Бадахшон хостааст, ки дар се рӯзи оянда аз сафар ба Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар худдорӣ кунанд, чун "бо гарм шудани ҳаво тармафароӣ шиддат мегирад".

Дар як моҳи охир дар натиҷаи фаромадани тарма дар роҳҳои кишвар, 13 нафар ҷон бохтанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар панҷ соли охир офатҳои табиӣ ба буҷаи кишвар 600 миллион доллар хисорот расонда ва ҷони беш аз 120 нафарро рабудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG