Пайвандҳои дастрасӣ

7 тан дар Тоҷикистон аз резиши тарма ҷон бохтанд. (ВИДЕО, АКС)


Дар пай резиши тарма ва барфбориҳои рӯзҳои ахир, 7 нафар дар манотиқи мухталифи кишвар ба ҳалокат расиданд. Панҷ нафар дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва ду нафар дар вилояти Бадахшон қурбонии тармафароӣ шуданд.

Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, субҳи душанбеи 30 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар пайи корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ, кормандони ин ниҳод дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз зери қабати ғафси тарма, ҷасади 4 нафарро пайдо кардаанд. Ҳамчунин, аз дохили як мошини сабукрав, ки зери тарма монда буд, ҷасади як мусофир пайдо шудааст.

Юсуфова гуфт, ки феълан корҳои ҷуcтуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ идома дошта ва аз ин рӯ мумкин аст, шумораи қурбониён афзоиш ёбад. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, дар натиҷаи фаромадани 50 тарма дар ин масир дар рӯзи 28-уми январ, роҳ дар қисмати километри 51 то 71-ум баста шудааст ва бештар аз 100 мошин банд мондаанд.

Мақомот мегӯянд, ки шумораи қурбониёни ҳодисаи фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба панҷ нафар расидааст дорад ва эҳтимол дорад афзоиш ёбад.

Ин манбаъ гуфт, корҳои наҷот аз шаби 28-ум шурӯъ шуд ва то кунун 800 нафарро аз маконҳои хатарнок берун кардаанд, 50 мошини боркаш ва 150 мошини сабукрав низ ба ҷойи бехатар интиқол дода шудаанд. Барои наҷоти мардуми дармонда дар байни тарма, тамоми ҳайати наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода сафарбар шудаанд.

“Дар байни мардуми бандмонда, кӯдакон, пиронсолон ва занон ҳастанд ва баъзеҳо бисёр тарсидаанд ва дар ҳоли шок қарор доранд.” Рӯзи гузашта Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳалокати як зани 28-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ва ду кӯдак хабар дода буд.

Далер Мерганов, сухангӯи IRS -- ширкати мутассаддии нигоҳубини Роҳи Душанбе-Чаноқ субҳи 30 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, соатҳои 11-и шаби гузашта масири Душанбе-Хуҷанд боз шуд, вале субҳи имрӯз бинобар фаромадани тарма, ҳаракат дар ин масир дигарбора қатъ шудааст.

Далер Мерганов афзуд, ки дар ҳоли ҳозир 30 техникаи пуриқтидори ин ширкат барои поксозии ин роҳ фаъолият доранд. Ӯ аз қавли сокинони минтақаи Ҳушёрӣ гуфт, ки чунин боришоти барф ва фаромадани тарма дар ин минтақа бесобиқа буда, барои бори аввал ба вуқӯъ омадааст.

Дар ҳамин ҳол, Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 30 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳаракати ғайримуназзами мошинҳо, ба амалиёти пок кардани роҳ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд халал ворид мекунад. Ӯ гуфт, ки барои бемамоният сурат гирифтани ҳаракат дар ин масир, ҷадвал ё графики ҳаракат аз ду тараф, таҳия мешавад.

Ҷаноби Худоёрзода гуфт, ки бинобар баста будани шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, аз ширкатҳои “Сомонэйр” ва Тоҷикэйр” хоҳиш карданд, ки парвозҳои худро ба маркази вилояти Суғд бештар намоянд. Вай гуфт, ки дирӯз аз Душанбе ба Хуҷанд се парвоз анҷом шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон зимни як ҳушдор аз сокинони кишвар даъват карданд, ки ба манзури дар хатар нагузоштани ҷони худу наздикон, дар ду-се рӯзи оянда аз ҳаракат дар масири Душанбе-Хуҷанд худдорӣ кунанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, ҳанӯз дар ин масир хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад.

Боридани барфи зиёд ва ҳамзамон гармтар шудани ҳаво сабаби фалокат дар чандин роҳи муҳим дар Тоҷикистон шудааст, аз ҷумла рӯзи 28-уми январ, километри 91-уми роҳи Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатолро баст, вале инҷо касе осеб надидааст.

Вазъ дар роҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб ҳам бад аст, чун инҷо бар асари лағжиши тарма дар қаламрави ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон роҳ баста аст. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бар асари фаромадани тарма ду нафар дар Бадахшон ҷон бохтаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG