Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Душанбе - Чаноқ боз аст, вале пур аз барф (ВИДЕО)


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки бо вуҷуди резиши зиёди барф, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба рӯи ҳаракат боз аст. Ронандагони ин масир аз издиҳоми мошинҳо дар бархе аз қитъаҳои ин роҳ шикоят доранд.

Боришоти зиёди барф дар рӯзҳои охир ҳаракати мошинҳоро дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бо мушкил рӯбарӯ кардааст. Ширкати IRS, масъули ин роҳ мегӯяд, аз километри 48 то 74 роҳ хафви тармафароӣ вуҷуд дорад. Бо ин ки роҳи пайвастакунандаи пойтахт ва шимоли Тоҷикистон боз аст, бар асари барфи зиёд ва ҳам яхбандон баъзе ронандаҳо мегӯянд, баъди берун шудан аз нақби Истиқлол, беш аз 70 километр роҳро то Душанбе дар 8 соат тай кардаанд.

Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ танҳо роҳи заминиест, ки пойтахти Тоҷикистонро бо вилояти Суғд мепайвандад.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ бо назардошти ташвиши ронандаҳое, ки ба самти Душанбе-Хуҷанд ҳаракат мекунанд ва дар истгоҳи таксиҳои “Сементзавод” мунтазири ҳаракат ҳастанд, мегӯяд, сарфи назар аз боришоти шадиди барф, роҳ боз аст.

Шералӣ Ганҷалзода, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон, субҳи рӯзи 22 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, резиши барф дар минтақаҳои кӯҳӣ идома дорад, вале роҳ боз аст ва ҳатто мошинҳои сабукрав ҳам убур мекунад. Ҷаноби Ганҷалзода гуфт, феълан роҳ боз аст, вале резиши давомдори барф чӣ ба дунбол хоҳад дошт, пешгӯи кардан мушкил аст. Вай гуфт, ки субҳи барвақт дар баромадгоҳи шаҳр дар Варзоб қарор дошт ва як “Опел” аз Хуҷанд ба Душанбе расид. “Ронандаи “Опел” гуфт, ки дар ин масир барфи шадид меборад, вале роҳ кушода аст.

Шералӣ Ганҷалзода афзуд, ҳаво шадидан сард шудааст ва тарма ҳам намефарояд, вале ин ба он маъное нест, ки ронандаҳо бидуни омодагӣ ҳаракат кунанд. Аммо ронандагони мошинҳои мусофирбар мегӯянд, ки роҳ кушода ҳам бошад, роҳбандони мошинҳо( “пробка”) имкон намедиҳад, ки саривақт роҳро убур кунанд ва ба манзил бирасанд.

Усмон Тоҳиров як ронандаи таксӣ гуфт, дирӯз ду маротиба бар асари лағзиши мошинҳои боркаши “Дулан” дар назди туннели “Истиқлол” корвони мошинҳо дармонданд. Вай мегӯяд, баъзе мошинҳои борбар бо чархҳои куҳна ҳаракат мекунанд ва дар сурати лағзиш, роҳро мебанданд.

Масъулони ширкати Инновейтев Роуд Солюшан (IRS) низ мегӯянд, ки бориши бошиддати барф ва тармафароии зиёд ҳаракати нақлиёт дар ин масирро ба мушкил рӯбарӯ кардааст, вале бо ин вуҷуд онҳо ҳама имкониятҳои худро сафарбар кардаанд ва ин кор таҳти назорати директори филиали ширкат Асомиддин Азизов қарор дорад. Далери Абдулло, сухангӯи ин ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, харидории зиёда аз 129 мошину техникаи замонавӣ барои нигоҳдории роҳ, ки аксарашон дар ҷумҳурӣ назир надоранд, далели возеҳи он аст, ки IRS дар нигоҳдории роҳ хеле фаъолу собитқадам аст.

Вазъи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд пас аз бафррезиҳои ахир
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:54 0:00

XS
SM
MD
LG