Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Данғара ба ёди сайёҳони кушташуда муҷассама мегузоранд


Дар маҳалли ҳамла ба ҳафт сайёҳи хориҷӣ дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара, ки дар натиҷа чаҳор нафари онҳо кушта шуданд, муҷассамаи дучарха гузошта хоҳад шуд.

  • Интизор меравад, маросими пардабардорӣ аз муҷассама дувуми сентябри имсол, дар рӯзи сабқати дучархаронҳо, сурат гирад. Ин сабқатро Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон якҷо бо ширкати хадамоти таксии "Рахш" ташкил кардаанд.

Содиқҷон Зарифӣ, масъули шуъбаи робита бо ҷомеаи ширкати "Рахш Такси", рӯзи 26-уми август гуфт, дучархаронҳо аз Душанбе то маҳалли қатли сайёҳони хориҷӣ ба Данғара мераванд. "Онҳоро мошини Ёрии таъҷилӣ ва нозирони роҳ ҳамроҳӣ мекунанд. Гузоштани муҷассамаи дучарха рамзи эҳтиром ба ҷаҳонгардони хориҷист. Бо ин кор бори дигар исбот мекунем, ки тоҷикон ҳамавақт меҳмондӯст буданд ва хоҳанд монд", - афзуд ӯ.

Ташаббускорони сабқат мегӯянд, ҳузури хоҳишмандон озод аст ва интизор меравад дар ин маросим сайёҳони хориҷӣ низ ширкат кунанд.

Аз ин пештар дар маҳалли қатли сайёҳони хориҷӣ дар ҷамоати Себистони Данғара лавҳаи хотира ва гулдаста гузошта шуда буд. Дар ин лавҳа ба ду забон – англисӣ ва тоҷикӣ ҳамдардии амиқи мардуми Тоҷикистон ба хонаводаи қурбониён баён шудааст.

Тоҷикистон соли 2018-ро соли рушди сайёҳӣ унвон кард ва мақомот талош мекунанд, ки ин кишварро дар чашми хориҷиҳо ҷаззобу дилкаш муаррифӣ кунанд, то шумори бештари меҳмонҳо бо зарфиятҳои туристии ин кишвар аз наздик шинос шаванд. Ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон, ки нахустин бор дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол рух дод, на танҳо сокинон, балки сохторҳои ҳифзи қонуни кишварро ҳам таконзада кард.

Рӯзи 10-уми август мутахассисони бахши сайёҳии кишварҳои узви Итиҳоди Давлатҳои Мустақил дар як нишаст дар Душанбе изҳори умед карданд, ки ҳамла ба сайёҳон хориҷиҳои дигарро аз дидани зебоиҳои Тоҷикистон бознамедорад.

Аммо Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико дарҳол мақоми Тоҷикистонро аз ҷиҳати амният барои сайёҳон як зина поин овард.

Ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ рӯзи 29-уми июли имсол дар Себистони Данғара рух дод. Дар ин ҳамла чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Аустин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ҳамларо Ҳусейн Абдусамадов, Зафарҷон Сафаров, Асомуддин Маҷидов, Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуфовҳо анҷом додаанд. Ҳарчанд гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт, ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Эрон баланд гардид.

Дар амалиёти боздошти ҳамлаварон чаҳор нафари онҳо “безарар гардонда шуда”, танҳо Ҳусейн Абдусамадов дар боздошт аст. Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки дар робита ба ин ҳамла даҳ нафарро дастгир кардаанд, ки ду нафар барои кумаки молӣ ва ҳашт тани дигар барои “хабар надодан” аз тарҳи ҳамла муттаҳаманд.

XS
SM
MD
LG