Гул Шералӣ: "Писару домодамро беасос ҳабс карданд"
Гул Шералӣ (Шералӣ Гулов), вазири собиқи энергетика ва саноати Тоҷикистон, ба боздошт ва ҳабси писару домодаш вокуниш кард. Ӯ рӯзи 13-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳамагуна айб алайҳи писару домодашро бепоя хонд ва гуфт, "онҳо бар ивази некӣ бадӣ дидаанд". Диловар Гулов – писари 22-солаи Гул Шералӣ – ба панҷ рӯз ҳабси маъмурӣ гирифта шудааст. Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе рӯзи сешанбе дар як иттилоияи расмӣ Гулов ва 12 нафари дигар, аз ҷумла Дилшод Нуруллозода, домоди Гул Шералиро ба майдаавбошӣ айбдор кард. Мақомот гуфтанд, ки онҳоро саҳари 10-уми март барои нақзи тартибот дар тарабхонаи "Галакси"-и шаҳри Душанбе боздошт ва ҳабс карданд.