Чин дар наздикии Сарез маркази зилзиласанҷӣ сохтанист
Чин тасмим гирифтааст, ки дар атрофи Сарез – як кӯли сунъие дар вилояти Бадахшон – марказҳои зилзиласанҷӣ таъсис диҳад. Сарез соли 1911 дар пайи зилзилаи шадид ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб пайдо шуд. Саодатқадам Маскаев, як масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 21-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ахиран мутассисони Академияи илмҳо ва Идораи геологияи Тоҷикистон якҷоя бо коршиносони Чин аз маҳалли кӯли Сарез дидан кардаанд. Сарҳанг Саодатқадам Маскаев, раҳбарии Раёсати истифодабарии низоми Усой ва масъалаҳои кӯли Сарез дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, 21 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ахиран мутассисони Академияи илмҳо ва Идораи геологияи Тоҷикистон якҷо бо коршиносони Чин аз маҳалли кӯли Сарез дидан кардаанд.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Ҷавонон
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир