Ҳаштумин пуле, Тоҷикистонро бо Афғонистон васл мекунад
Тоҷикистон ва Афғонистонро як пули нав ва бозори наздимарзӣ ба ҳам пайваст хоҳад кард. Ин ҳаштумин пуле хоҳад буд, ки байни ду кишвари ҳаммарз бунёд мешавад. Иттиҳодияи Аврупо ахиран дар мувофиқа бо ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон, тарҳи бунёди пули наверо дар ноҳияи Фархор оғоз кард.