Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи ҳаракати таксиҳои "3 сомонӣ" дар роҳҳои Душанбе. ВИДЕО


Манъи ҳаракати таксиҳои "3 сомонӣ" дар роҳҳои Душанбе. ВИДЕО
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳаракати таксиҳои маъруф ба «се сомонӣ»-ро дар ҳудуди пойтахт манъ карда, баъзе аз ин таксиҳоро боздошт ва ба ҷаримагоҳ бурдаанд. Умарҷони Эмомалӣ – сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ – рӯзи 12 апрел далели ин тасмимро ҷилавгирӣ аз тамбашавӣ дар роҳҳо номид. Ӯ гуфт, “ин таксиҳо бояд барои мусофиркашонӣ иҷозатнома ва патенти хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиётро дошта бошанд. Ҳамзамон ин таксиҳо дар ягон ҷамъияти мусофирбар сабт шуда, рақами махсуси зард бигиранд.” Ин навъи таксиҳо маъмулан дар кӯчаҳои марказии пойтахт ҳаракат карда, бар ивази 3 сомонӣ ба сокинони Душанбе хидмат мерасонанд. Абдулло, як таксирони ҷавон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд иҷозатномаи мусофиркашонӣ дорад, вале мошинаш ҳангоми кор дар кӯчаи марказӣ боздошт шудааст. Вай гуфт, ба ивази ҳазор сомонӣ мошинашро аз ҷаримагоҳ баровардааст. “Қарз гирифта, мошинро баровардам. Бе ин намешавад. Зиндагӣ аз ҳисоби ҳамин мошин мегузарад”, - афзуд ӯ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG