Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости маҳкумияти муттаҳамони қатли "Бобои барфӣ"


Дархости маҳкумияти муттаҳамони қатли "Бобои барфӣ"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Додситонӣ аз додгоҳи шаҳри Душанбе дархост кардааст, ки муттаҳами аслӣ дар қатли "Бобои барфӣ"-ро ба 10 сол зиндон маҳкум кунад. Садриддин Бобоев, додситоне, ки масъулияти айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи қатли Парвиз Давлатбековро дорад, аз додгоҳ хост, то Беҳрӯз Шарифов, яке аз мутаҳамони ин парвандаро ҷазои 10 соли ҳабс бо нигоҳ доштан дар зиндони низомаш умумӣ маҳкум кунад. Ҳамчунин айбдоркунандаи давлатӣ, дар додгоҳи шаҳри Душанбе тақозо кард, ки ба ду тани дигар аз муттаҳамони парванда - Фаррух Самиев ва Шараф Давлатов маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати панҷ солӣ бо нигоҳ доштан дар зиндони низомаш умумӣ ҳукм содир кунад. Аммо айбдоркуннадаи давлатӣ нисбати Ҳасан Абдурашидов, дигар аз муттаҳамони парванда ҷазои пардохти ҷарима дар ҳаҷми 100 нишондиҳандаи маошро пешниҳод кард.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG