"Вазъаш хуб аст." Вокуниши Омбудсмен ба шиканҷа шудани Ҳайит

Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ. Акс аз бойгонӣ

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен шиканҷа шудани Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро рад ё тасдиқ накард.

Пайвандони Маҳмадалӣ Ҳайит дар оғози моҳи июн бо ӯ мулоқот карда, сипас дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи шиканҷа шуданаш хабар доданд. Наздикони Саидумар Ҳусайнӣ, муовини дигари зиндонии раиси Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, низ аз афзоиши фишори равонӣ ва вазъи нохуби саломати ӯ шикоят карданд.

Омбудсмени тоҷик Умед Бобозода 16-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар мавриди вазъи саломатии Маҳмадалӣ Ҳайит ва Саидумар Ҳусайнӣ (ҳарду ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудаанд) бо муовини сардори Раёсати идораи зиндонҳо, Ҳамид Абдулло, мулоқот карданд.

Ҳусниддин Нидоев, намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон, гуфт, “дар мулоқот аз масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар мавриди шиканҷа пурсидем. Онҳо ба мо гуфтанд, ки дар ин бора муроҷиат набуд. Айни ҳол гуфтанд, ки рӯзи 14-уми июл вазъи саломатии Маҳмадалӣ Ҳаит ва Саидумар Ҳусайнӣ хуб мебошад.”

Аммо ин масъули Ваколатдори ҳуқуқи инсон шиканҷа шудан ё нашудани Маҳмадали Ҳайитро рад ё тасдиқ накард. Ӯ танҳо гуфт, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба онҳо гуфтааст, “айни ҳол саломатии онҳо хуб арзёбӣ мегардад".

Маълум нест, чаро намояндагони Ваколатдори ҳуқуқи инсон бо худи маҳкумшудаҳо суҳбат накардаанд, то вазъро аз забони онҳо бишнаванд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Омбудсмен аз аҳволи Маҳмадалӣ Ҳайит хабар дод, вале...

Гулбибӣ Ҳаитова, хоҳари Маҳмадалӣ Ҳаит, 16-уми июни имсол дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бародараш дар мулоқот бо пайвандон аз шароити бад ва шиканҷа шуданаш дар рӯйи барф шикоят кардааст.

"Ӯро луч дар болои барф нигоҳ дошта, бо калтак (дубинка) мезананд. Баъди он ӯро дар об нигоҳ медоранд ва баъд ду ҳафта дар утоқи танбеҳ маҳкам мекунанд", -- гуфта буд Ҳаитова.

Ба гуфтаи наздиконаш, Маҳмадалӣ Ҳаит пеш аз ин низ мавриди латукӯб қарор гирифта, "сараш кафида ва пардаи гӯшаш дарида буд". Наздикони Ҳаит ҳамчунин шикоят карда буданд, ки маъмурони маҳбас ҳангоми санҷиши ҳаррӯза бародарашро паст мезананд ва бо ӯ муносибати бад мекунанд.

Дертар Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ, писари Саидумар Ҳусайнӣ, муовини зиндонии раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, аз идомаи фишор ба ӯ ва вазъи нохуби саломатияш дар маҳбас шикоят кард.

Маҳмадалӣ Ҳаит ва Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони пешини раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2016 дар мурофиаи паси дарҳои баста ба зиндони якумрӣ маҳкум шудаанд.

Мақомот онҳоро ба терроризм ва талош барои ғасби қудрат гунаҳкор дониста, гуфтаанд, ҳукм бар асоси далелҳои собит содир шудааст, вале наздиконашон ҳамаи иттиҳомотро беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ меҳисобанд.

Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид соли 2018 боздошти Ҳаитро ғайриқонунӣ дониста, аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки ӯро бе ягон қайду шарт ва фавран озод кунад. Мақомот дар Тоҷикистон гуфтанд, "гуноҳи ӯ ва дигарон исбот шудааст" ва онҳоро раҳо намекунанд.