Додгоҳе дар шаҳри Душанбе хоҳари Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломиро баъди шикоят аз вазъи бародараш дар маҳбас ба майдаавбошӣ гунаҳкор ва 546 сомонӣ (60 доллар) ҷарима кардааст.
Гулбибӣ Ҳайитова рӯзи 16-уми июн аз шароити нохуби бародараш дар зиндон ва шиканҷа шудани ӯ ба Радиои Озодӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ шикоят карда буд. Чанд корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гуфтаанд, Гулбибӣ Ҳайитова онҳоро дашном дод. Иддаое, ки Ҳайитова онро рад кардааст.
Радиои Озодӣ рӯзи 23-юми июн бо санаде шинос шуд, ки аз сӯйи Дилшод Саидзода, муовини сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тартиб дода шудааст.
Дар ин санад омадааст, Гулбибӣ Ҳайитова соати 8:30-и рӯзи 16-уми июн бо кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, аз ҷумла Раҳмон Нуриддин "беасос ҷангу ҷанҷол карда, онҳоро ҳақорату дашном дод ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон кард".
Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ҳамин далел нисбат ба Гулбибӣ Ҳайитова бо иттиҳоми майдаавбошӣ (моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) парванда боз кардааст. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 16-уми июн Гулбибӣ Ҳайитоваро 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 546 сомонӣ ҷарима бастааст.
Гулбибӣ Ҳайитова дар суҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ иттиҳоми мақомотро рад карда, гуфт, ӯ танҳо барои беҳтар кардани шароити бародараш дар зиндон ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ рафта буд ва касеро дашном надодааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи муҷозоти хоҳари Маҳмадалӣ Ҳайит расман чизе нагуфтаанд ва талошҳои мо барои гирифтани назари масъулони Идораи зиндонҳо бенатиҷа буд.
Гулбибӣ Ҳайитова рӯзи 16-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ низ шикоят кард, ки бародараш Маҳмадалӣ Ҳайитро дар зиндон зимистони гузашта "луч дар болои барф нигоҳ дошта, бо калтак (дубинка) мезананд. Баъди он ӯро дар об нигоҳ медоранд ва баъд ду ҳафта дар утоқи танбеҳ маҳкам мекунанд."
Пештар Музаффар Ашӯриён, вазири адлия дар посух ба шикоятҳо аз вазъи Маҳмадалӣ Ҳайит гуфта буд, ки маъмурони маҳбас нисбат ба ӯ "ягон амали ғайриқонунӣ раво надидаанд".
Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини пешини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2016 дар мурофиаи паси дарҳои баста ба зиндони якумрӣ маҳкум шуд. Ӯро ба терроризм ва талош барои ғасби қудрат гунаҳкор донистаанд. Мақомот гуфтаанд, ки ҳукм бар асоси далелҳои собит содир шудааст, вале наздиконаш ҳамаи иттиҳомотро беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ меҳисобанд.
Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид соли 2018 боздошти Ҳайитро ғайриқонунӣ дониста, аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки ӯро бе ягон қайду шарт ва фавран озод кунад. Мақомот дар Тоҷикистон гуфтанд, "гуноҳи ӯ ва дигарон исбот шудааст" ва онҳоро раҳо намекунанд.