Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи вазири адлия ба нигаронии пайвандони Маҳмадалӣ Ҳайит


Маҳмадалӣ Ҳайит
Маҳмадалӣ Ҳайит

Вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, маъмурони маҳбас нисбат ба Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, “ягон амали ғайриқонунӣ раво надидаанд”.

Пайвандони Ҳайит моҳи январи имсол дар номае ба созмонҳои байнулмилалӣ навиштанд, ки аз эҳтимоли шиканҷа шудани ӯ ва ё бад шудани вазъи саломатияш нигаронанд.

Ташвиши онҳо аз ҷо сарчашма мегирад, ки ӯ ҳақ дорад, дар шаш моҳ як бор бо наздиконаш вохӯрад, аммо бо гузашти ҳашт моҳ чунин иҷоза дода нашудааст.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлия, рӯзи 2-юми феврал дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, Маҳмадалӣ Ҳайит дар тавқифгоҳи тафтишотии 9/1 адои ҷазо мекунад ва, мумкин аст, ягон қоидаро вайрон кардааст, аммо тафсилот надод.

Танҳо гуфт, “дар он мавриде, ки иҷозат набуд, ба ягон вайронкунӣ даст зада буд. Вақте навбаташ омад ва агар ягон вайронкунӣ рух надиҳад, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ метавонад, бо хешу табори худ боздид кунад.”

Пеш аз ин Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Маҳмадалӣ Ҳайит "зиндаву саломат аст ва ҳеч мушкил надорад". Вале наздиконаш мепурсанд, агар вазъи саломатии Ҳайит хуб аст, пас, чаро мақомот ӯро ба наздиконаш нишон намедиҳанд.

Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини пешини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2016 дар як мурофиаи паси дарҳои баста ба ҳабси умрбод маҳкум шуд. Мақомот ҳукми додгоҳро собитшуда медонанд, наздиконаш беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ меҳисобанд.

XS
SM
MD
LG