Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди шикоят аз шиканҷа, Ваколатдор ба назди роҳбарони зиндонии ҲНИТ рафт


Яке аз зиндонҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Яке аз зиндонҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, намояндагони ӯ бо Раҳматулло Раҷаб, Абдуқаҳҳор Давлатов ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода дар зиндон вохӯрда, дар бораи шиканҷа шуданашон аз онҳо пурсидаанд. Дар шароите, ки наздикони ин нафарон аз муносибати бераҳмона шикоят карданд, мақомот мегӯянд, касе ба онҳо бадрафторӣ накардааст.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон рӯзи 15-уми октябр дар хабарномае гуфт, ду рӯз пеш масъулини ин ниҳод ба маҳбаси 3/1 рафта, аз вазъи зиндониён ва шароити зисти онҳо дидан карданд. Аз ҷумла ба гуфтаи ин ниҳод, ваколатдор Умед Бобозода дар алоҳидагӣ бо Раҳматуллои Раҷаб, Абдуқаҳҳор Давлатов ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода суҳбат кардааст.

Ваколатдор навиштааст, Раҳматуллои Раҷаб ва Абдуқаҳҳор Давлатов шиканҷа шуданашонро рад кардаанд. Тасдиқи дурусти ин иттилоъ ғайриимкон аст, чун хабарнигорон ба дохили зиндонҳо ва суҳбат бо зиндониён дастрасӣ надоранд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода

Ваколатдор ё омбудсмен аз Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода навиштааст, “ӯ аз ҷониби кормандон мавриди лату кӯб қарор нагирифтааст, балки байни ӯ ва дигар маҳкумшуда муноқиша сар задааст, ки ин қазия хусусияти сиёсӣ надорад.”

Пештар мақомоти идораи зиндонҳо низ айни ин чизро гуфта буданд, вале наздикон ва ҳам роҳбарони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гуфтанд, аҳволи Сайфуллозодаи 70-сола дар зиндон бисёр бад аст.

Пайвандони Ҳикматулло Сайфуллозода дар охири моҳи сентябр хабар дода буданд, ки ӯ дар қисми тиббии маҳбаси шаҳри Ваҳдат "захмӣ шудааст". Онҳо гуфтанд, як маҳбус нимашаб ба сари ӯ бо чойник задааст. Ба иддаои Фароғат Сангинова, ҳамсари Сайфуллозода, "маҳбуси ҳамлавар бемор набудааст", вале рӯшан нест, чӣ гуна дар нимашаб ба қисми тиббии маҳбас роҳ ёфтааст.

Созмони Хабарнигорони Бидуни Марз (RSF) дар оғози моҳи сентябр аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, Ҳикматулло Сайфуллозодаро афв кунад, чун "ҷонаш дар хатар аст". Сайфуллозода соли 2015 ҳамроҳ бо дигар роҳбарони ҲНИТ боздошт ва ба 16 соли зиндон маҳкум шуд. Вале наздиконаш ҳукми ӯро ноодилона хонда, ӯро бегуноҳ медонанд.

Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳам рӯзи 15-уми октябр навиштааст, Сайфуллозода аз ҳукми додгоҳ норозигӣ кардааст.

Роҳбарони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ борҳо талаб кардаанд, ки қазияи онҳо ошкоро баррасӣ шавад. Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2016 қазияи роҳбарони ҳизбро паси дарҳои баста баррасӣ ва онҳоро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳайит, ду муовини пешини раиси ҳизб ба ҳабси абад маҳкум шуданд.

Мақомот онҳоро дар ҳамдастӣ бо Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ муттаҳам карда, ҳизбро мамнуъ ва террористӣ эълон карданд. Вале масъулини ҲНИТ даст доштан дар ин ҳодисаро рад карда гуфтанд, “ошӯб”-и Ҳоҷӣ Ҳалим танҳо баҳонае барои манъи фаъолияти ҳизб буд.

Нигарониҳо дар бораи вазъи мухолифон дар зиндон дар ҳоле зиёд мешавад, ки хабарнигорон солҳост, ки ба дохили зиндонҳо дастрасӣ надоранд. Мақомот танҳо ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва чанд намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ иҷозаи вуруд ба зиндонҳоро медиҳад. Вале дақиқ нест, ки маҳбусон дар суҳбат бо намояндагони Омбудсмен то куҷо озодона суҳбат мекунанд.

XS
SM
MD
LG