Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати адлия гуфт, Сайфуллозода "шиканҷа нашуд", "латукӯб шуд"


Бинои Вазорати адлияи Тоҷикистон
Бинои Вазорати адлияи Тоҷикистон

Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки Ҳикматулло Сайфуллозода, рӯзноманигор ва узви зиндонии ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, шиканҷа нашуда, балки дар пайи муноқишаи лафзӣ дар маҳбас "латукӯб шудааст".

Дар ҳоле ки наздиконаш гуфта буданд, "ӯ аз сараш захмӣ аст", вазорат мегӯяд, "ӯ осеб надида ва барои муолиҷа низ муроҷиат накард". Зиндонҳои Тоҷикистон пӯшида ҳастанд ва тасдиқи мустақилонаи хабар аз манобеи дигар имконпазир нест.

Масъулони Вазорати адлия рӯзи 8-уми октябр дар эъломияи расмӣ гуфтанд, як узви зиндонии гуруҳи Раҳмон Сангинов (Раҳмон Гитлер) рӯзи 5-уми сентябри имсол Ҳикматулло Сайфуллозодаро дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат задааст.

"Санҷиш нишон дод, ки миёни маҳкумшудагон – Ҳикматулло Сайфуллозода ва Аслиддин Турсунов – дар заминаи бархӯрди манфиатҳои маишӣ муноқишаи лафзӣ сар задааст. Дар натиҷа, Аслиддин Турсунов ба таҳқирҳои Ҳикматулло Сайфуллозода тоб наоварда, ӯро зери латукӯб қарор додааст", - гуфтаанд дар изҳорот. Маълум нест, ки баҳси онҳо бар сари чӣ буда, дар куҷо ва кадом вақт иттифоқ уфтодааст.

Ба иттилои расмӣ, Аслиддин Турсуновро бо гуноҳи "вайрон кардани тартиботи дохили зиндон" ба 15 шабонарӯз ба тавқифгоҳи ҷаримавӣ андохтаанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода
Ҳикматулло Сайфуллозода

Пайвандони Ҳикматулло Сайфуллозода дар охири моҳи сентябр хабар дода буданд, ки ӯ дар қисми тиббии маҳбаси шаҳри Ваҳдат "захмӣ шудааст". Онҳо гуфтанд, як маҳбус нимашаб ба сари ӯ бо чойник задааст. Ба иддаои Фароғат Сангинова, ҳамсари Сайфуллозода, "маҳбуси ҳамлавар бемор набудааст", вале рӯшан нест, чӣ гуна дар нимашаб ба қисми тиббии маҳбас роҳ ёфтааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, ки моҳҳо боз аз бемории дил ранҷ мекашад ва моҳи июни имсол ҷарроҳӣ шудааст, дар қисми тиббии маҳбас бистарӣ аст.

Ин ҳодиса дар ҳоле рӯй додааст, ки созмони Хабарнигорони Бидуни Марз (RSF) дар оғози моҳи сентябр аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, Ҳикматулло Сайфуллозодаро афв кунад, чун "ҷонаш дар хатар аст".

Сайфуллозодаро дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 дастгир ва баъдан ба шонздаҳ сол зиндон маҳкум карданд. Мақомоти Тоҷикистон он сол Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифоъро ба ташкили ошӯб ва ҳизби наҳзати исломиро ба тарҳрезӣ ва сармоягузории он гунаҳкор карданд. Чизе, ки раҳбарияти ҳизб дар хориҷа борҳо рад намудааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода дар гузашта сухангӯйи ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва масъули нашрияии ҳизбии "Наҷот" буд. 70-сола аст.

XS
SM
MD
LG