Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси зиндонҳо ҳамла ба Раҳматуллои Раҷабро рад кард, пайвандонаш шубҳа доранд. ВИДЕО


Раҳматуллои Раҷабро ба 28 сол зиндон маҳкум кардаанд
Раҳматуллои Раҷабро ба 28 сол зиндон маҳкум кардаанд

Дар ҳоле ки раиси Идораи маҳбасҳои Тоҷикистон ҳамла ба Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро рад кард, пайвандонаш ба дурустии он шубҳа доранд.

Расонаҳои наздик ба мухолифони тоҷик дар хориҷа рӯзи 2-юми октябр бо такя ба манобеи худ гузориш доданд, ки ба Раҳматуллои Раҷаб “кӯшиши ҳамла бо корд сурат гирифтааст”.

Раҳматуллои Раҷабро дар зиндони шаҳри Ваҳдат нигоҳ медоранд.

Мансурҷон Умаров
Мансурҷон Умаров

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия, 4-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин овоза аст ва асос надорад".

"Пайвандонаш метавонанд, ба зиндон раванд ва аз ҳолаш бохабар шаванд. Мутмаин гарданд, ки ӯ саломат аст", -- афзуд ӯ.

Яке аз пайвандони Раҳматуллои Раҷаб 4-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба аёдаташ ба маҳбас рафтанд, вале танҳо телефонӣ суҳбат карданд.

“Хеле боэҳтиёт суҳбат мекард. Гуфт, ки ҳеч ҳамла нашудааст, саломат аст, вале боэҳтиёт гап мезад. Ба монанди ин ки касе дар болои сараш буд. Ба ҳар ҳол, хотирамон ҷамъ нест", -- гуфт яке аз пайвандони Раҳматуллои Раҷаб.

Сабаби изтироби наздикони Раҳматуллои Раҷаб он будааст, ки ҳафтаи гузашта дар ҳамин зиндон рӯзноманигор ва узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, Ҳикматулло Сайфуллозода, ҳадафи ҳамлаи як маҳбус қарор гирифт.

Намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия хабари захмӣ шудани Сайфуллозодаро тасдиқ ё рад накард. Як масъули зиндони шаҳри Ваҳдат 30-юми сентябр бо шарти фош нашудани ном ба Радиои Озодӣ гуфта буд, маҳбус Аслиддин Турсуновро барои ҳамла ба Сайфуллозода даҳ рӯз ба ҳуҷраи ҷаримавӣ андохтанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, ки моҳҳо боз аз бемории дил ранҷ мекашад ва моҳи июни имсол ҷарроҳӣ шудааст, дар қисми тиббии маҳбас бистарӣ аст. Фароғат Сангинова, ҳамсари ӯ, ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи панҷшанбеи гузашта ба дидани шавҳараш рафт, вале ба қисми тиббии зиндон роҳ наёфта, бо ӯ телефонӣ суҳбат кардааст.

Наворро дар инҷо бинед:

Ба Раҳматуллои Раҷаб дар зиндон чӣ рӯй дод?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00

Раҳматуллои Раҷаб ба 28 сол ва Ҳикматулло Сайфуллозода ба 16 сол зиндон маҳкум шудаанд. Онҳо дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 дастгир ва баъдан ба зиндон маҳкум шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон он сол Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифоъро ба ташкили ошӯб ва ҳизби наҳзати исломиро ба тарҳрезӣ ва сармоягузории он айбдор карданд. Чизе, ки раҳбарияти ҳизб дар хориҷа борҳо рад намудааст.

XS
SM
MD
LG