Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи норӯшани вазири адлия дар бораи саломатии Маҳмадалӣ Ҳаит


Маҳмадалӣ Ҳаит аз соли 2015 дар зиндон аст
Маҳмадалӣ Ҳаит аз соли 2015 дар зиндон аст

Вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, Муҳаммадалии Ҳаит, муовини пешини раиси Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба хотири вазъи саломатиаш ба мақомот муроҷиат кардааст. Наздикони Ҳаит борҳо аз бад шудани саломатии ӯ дар зиндон шикоят карда, талаб карданд, ки ҷойи нигоҳдории ӯ тағйир дода шавад.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 12-уми июл дар посух ба ин талабҳо гуфт, барои барқарор кардани саломатии Муҳаммадалии Ҳаит "тамоми чораҳо андешида шуд." Ашӯриён рӯшан нагуфт, ки феълан вазъи саломатии Муҳаммадалии Ҳаит чӣ хел аст. Вазир дар бораи "чораҳои андешидашуда" ҳам тафсилот надод ва танҳо ишора кард, ки агар зарур шавад аз берун пизишк даъват мекунанд.

Вазири адлия танҳо афзуд, ду дархости дигари Муҳаммадалии Ҳаит дар бораи ҷойгир кардани ӯ бо маҳбуси гуфтааш дар як утоқ ва интиқол доданаш ба макони дигарро рад кардаанд.

Пештар наздикони Муҳаммадалии Ҳайит гуфтанд, ӯ аз идораҳои зиндонҳо хостааст, ки Саидумар Ҳусайнӣ, аз муовинони дигари раиси ҲНИТ-ро бо ӯ дар як утоқ ҷойгир кунанд. Вале Музаффар Ашӯриён, рӯзи 12-уми июл гуфт, ин дархости Муҳаммадалии Ҳаитро рад кардаанд. Рад кардани ин дархостҳо ҳам ба гуфтаи вазир "дар доираи қонун аст."

Ба гуфтаи пайвандон, аз тақрибан 200 узви зиндонии Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ танҳо Маҳмадалӣ Ҳаит ва Саидумар Ҳусайнӣ, ки ба зиндони якумрӣ маҳкум шудаанд, дар боздоштгоҳи муваққат (СИЗО) нигоҳ дошта мешаванд, ки шароиташ дар муқоиса ба зиндонҳо сахттар будааст. Онҳо соли 2015 дастгир ва соли 2016 ба ҳабс маҳкум шуданд.

Муҳаммадалии Ҳайит, соли 2016 дар як мурофиаи паси дарҳои баста бар асоси 14 банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ба ҳукми абад маҳкум шудааст, ҳарчанд ӯву наздиконаш қарори додгоҳро беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид соли 2018 боздошти Муҳаммадалии Ҳаитро ғайриқонунӣ донист ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ӯро бе ягон қайду шарт ва фавран озод кунад. Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, гуноҳи ӯ ва дигарон исбот шудааст ва онҳоро аз зиндон раҳо намекунанд.

XS
SM
MD
LG