Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои "ёфтан"-и Маҳмадалӣ Ҳайит аз 11 созмон мадад хостанд. Умаров: "Ӯ зиндаву саломат аст"


Маҳмадалӣ Ҳайит, акс аз соли 2011
Маҳмадалӣ Ҳайит, акс аз соли 2011

Пайвандони Маҳмадалӣ Ҳайит, узви зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, мегӯянд, ҳафт моҳ боз дар бораи дар чӣ вазъ будани ӯ хабар надоранд ва барои "ёфтанаш" аз 11 созмони байнулмилалӣ мадад хостаанд. Раиси Идораи зиндонҳо мегӯяд, "ӯ зиндаву саломат аст", вале ба сабаби вайрон кардани низоми маҳбас аз ҳаққи мулоқот маҳрум аст.

"Вақте иҷозаи вохӯрӣ надоданд..."

Маҳмадалӣ Ҳайит бар асоси чаҳордаҳ банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла терроризму ғасби ҳокимият ва исёни мусаллаҳона, ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Пайвандонаш дар ним сол як бор ҳаққи дидани ӯро доранд.

Онҳо мегӯянд, мулоқоти навбатӣ бояд моҳи ноябри соли 2021 баргузор мешуд, аммо мақомот иҷозаи вохӯриро надоданд. Ин вазъ, ба гуфтаи пайвандонаш, шубҳаҳоро дар бораи солиму бардам будани Ҳайит ба вуҷуд овардааст.

Фирӯзи Маҳмадалӣ, писари Маҳмадалӣ Ҳайит, рӯзи 19-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Додситонии кул ва ниҳодҳои дигари Тоҷикистон муроҷиатҳоро беҷавоб гузоштанд ва онҳо ночор аз созмонҳои байнулмилалӣ ёрӣ хостанд.

"Мақомот ҳарфе намегӯянд. Рӯзи 18-уми январ ба Комиссариати олии Созмони Милал оид ба ҳуқуқи инсон, Салиби Сурх, САҲА ва созмонҳои дигар нома фиристодем. Мунтазири ёрии созмонҳои ҳуқуқи башар ҳастем," -- гуфт ӯ.

Нигаронӣ аз чист?

Нигаронии аъзои хонавода, ба қавли Фирӯзи Маҳмадалӣ, бештар аз он аст, ки падарашро бо як марди муттаҳам ба қатл дар як ҳуҷра ҷой карда буданд ва "ӯ ҳар замон бо ҳар баҳона ҷанҷол мехезонд".

"Падарам ба маъмурияти зиндон муроҷиат карда буд, ки ҳаёту саломатиаш зери хатар аст ва ба утоқи дигар гузаронда шавад, аммо талаби ӯро напазируфтанд. Хомӯшии мақомот, баҳонаҳои маъмурони зиндон ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия, иҷоза надодан ба мулоқот ва тарси Маҳмадалӣ Ҳайит, ки дар ояндаи наздик ба ӯ ҳодисае рух хоҳад дод, боиси нигаронӣ мегардад," -- гуфта шудааст дар нома ба созмонҳои байнулмилалӣ.

Посухи раиси Идораи зиндонҳо

Мансурҷон Умаров
Мансурҷон Умаров

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон, рӯзи 19-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, Маҳмадалӣ Ҳайит "зиндаву саломат аст ва ҳеч мушкил надорад".

Ӯ афзуд: "Агар, Худо нахоста, фавтад ё бемор шавад, ба наздиконаш хабар медиҳем. Вай сиҳату саломат аст. Ҳамсараш хеле хуб медонад. Пас аз шаш моҳи дигар, бо расидани муҳлати навбатии мулоқот, бо наздиконаш дидор мекунад. Вай на дучори омикрон шудааст ва на зуком. Саломат аст."

Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини пешини раиси ҳзиби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2016 дар як мурофиаи паси дарҳои баста ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст. Ӯ ва наздиконаш ҳукми додгоҳро беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид соли 2018 боздошти Ҳайитро ғайриқонунӣ дониста, аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ӯро бе ягон қайду шарт ва фавран озод кунад. Мақомот дар Тоҷикистон гуфтанд, "гуноҳи ӯ ва дигарон исбот шудааст" ва онҳоро раҳо намекунанд.

XS
SM
MD
LG