Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит: Иҷоза диҳанд, як бор бинем, ки ӯ зиндаву саломат аст ё не. ВИДЕО


Савринисо Ҷӯрабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит
Савринисо Ҷӯрабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит

Пайвандони Маҳмадалӣ Ҳайит, узви зиндонии ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, пас аз радди мулоқот бо ӯ аз сарнавишташ дар боздоштгоҳ нигаронанд. Ҳайит ба ҳабси абад маҳкум шудааст ва дар ним сол як бор ҳақ дорад, ки бо зану фарзандон ё хешовандони дигари наздик мулоқот кунад, вале ҳафтаи гузашта масъулони Боздоштгоҳи рақами 1-и Душанбе (СИЗО) ба онҳо иҷозаи вохӯриро надоданд.

Мақомот расман масъаларо шарҳ намедиҳанд. Баъзе аз намояндагони боздоштгоҳ ба наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит гуфтаанд, “ӯ ба ҳавохӯрӣ набаромад” ва аз ин рӯ аз ҳаққи вохӯрӣ маҳрум аст.

Радиои Озодӣ дар мусоҳибае бо Савринисо Ҷӯрабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, пурсид, ки кай барои дидани шавҳараш ба боздоштгоҳ рафт ва аз мақомот чӣ шунид?

Маҳмадалӣ Ҳайит
Маҳмадалӣ Ҳайит

Савринисо Ҷӯрабекова: Шавҳарамро бояд рӯзи 24-уми ноябр медидам, вале иҷозат надоданд. Сабабашро пурсидам. Ҳамон рӯз шарҳе надоданд. Ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия муроҷиат кардам. Аризаамро дода, гуфтанд, ки иҷозаи ба боздоштгоҳ даромаданро дорам. Дубора ба боздоштгоҳ рафтам, пурсидам, гуфтанд, ки иҷозаи вохӯрӣ надоред, чун шавҳаратон тартиботро вайрон кардааст. Нафаҳмидам, ки чӣ хел тартибот вайрон шудааст. То 27-уми ноябр ҳеч ҷавобе нагирифтем. Ин масъул ҳалли масъаларо ба уҳдаи он идора мегузорад, дигараш ба уҳдаи ин.

Радиои Озодӣ: Ба таври мушаххас чизе гуфтанд?

Савринисо Ҷӯрабекова: Гуфтанд, аз рӯйи қонун агар тартиботи муассисаро вайрон кунӣ, шаш моҳ иҷозаи вохӯрӣ бо наздикон нест. Баъд ман пурсидам, чӣ хел тартиботро вайрон мекунад, ки шаш сол боз дар ҳамин ҷо аст? Гуфтанд, ба ҳавои тоза набаромад.

Радиои Озодӣ: Инро кӣ гуфт?

Савринисо Ҷӯрабекова: Сардори муассиса ё СИЗО-и рақами 1.

Радиои Озодӣ: Бовар доред?

Савринисо Ҷӯрабекова: Не, чунки шавҳарам 6 сол боз дар онҷо нишастааст ва ҳама тартибу низомро медонад. Баъд вай медонист, ки рӯзи 24-уми ноябр вохӯрӣ дорем, моро интизор буд. Мо ҳам шабурӯзро мешуморем, ки кай шаш моҳ мешаваду як бор ӯро бинем. Моро аз ҳамин ҳам маҳрум карданд. Мо хеле нигаронем, ки вазъияти ҳамон одам чӣ хел аст. Ё шиканҷа шудааст ё саломатиаш хуб нест.

Радиои Озодӣ: Чӣ далел доред, ки мегӯед мумкин аст шавҳаратон шиканҷа шуда бошад?

Савринисо Ҷӯрабекова: Рӯзи аввал аз соати 10 то 16:30 дар назди СИЗО истодем, ягон масъули онҷо нагуфт, ки шавҳари ман кадом тартиботро вайрон кардааст. Ман пурсидам, ки кадом тартиботро вайрон кардааст, аммо нагуфтанд. Фақат ба ман гуфтанд, ки аз рӯйи қонун агар тартиботи дохилиро вайрон кунӣ, шаш моҳ аз ҳаққи мулоқот маҳрум мешавӣ. Ман боз пурсидам, ки кадом тартиботро вайрон кардааст, вай одами майда нест. Гуфтанд, ба Сарраёсат равед, муовинон ба Шумо мефаҳмонанд. Онҷо рафтем, гуфтанд, ки ба СИЗО равед мефаҳмонанд. Барои ҳамин мо ба шубҳа афтодем.

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Ҷӯрабекова: Нагузоштанд, ки шавҳарамро як бор аз дур бинам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:50 0:00

Радиои Озодӣ: Дар номаатон ба мақомот навиштаед, ки эҳтимол шавҳаратон дар қайди ҳаёт нест ё шиканҷа шудааст. Далели Шумо танҳо ҳамин иҷозаи вохӯрӣ надодан аст ё боз ягон маълумоти дигар доред?

Савринисо Ҷӯрабекова: Иҷозат надодан. Баъд ин асос шуда наметавонад, ки вақте як маҳбус ба ҳавохӯрӣ набарояд, аз дидорбинӣ маҳрум кунанд. Аз ҳама пурсидам, дар ягон қонун ин чиз нест.

Радиои Озодӣ: Шояд ин тартиботи дохилии ҳамон муассисаи иҷрои ҷазо аст?

Савринисо Ҷӯрабекова: Тартибот ҳам бошад, ақаллан аз дур як бор медидам. Хоҳиш кардам, суҳбат ҳам накунем, ақаллан аз дур бинам, ки ҳамон одам зиндаву саломат аст ё не. Ба ин ҳам иҷозат надоданд.

Радиои Озодӣ: Акнун кай иҷозаи вохӯрӣ медиҳанд?

Савринисо Ҷӯрабекова: Баъди шаш моҳ. Ростӣ, ман хеле кӯшиш кардам, хоҳиш кардам, ки аз дур як бор бинам, аммо иҷозат надоданд, "мумкин нест" гуфтанд. Мо нигарон ҳастем, ки мумкин аст саломатии шавҳарам хуб нест. Барои ҳамин дар ташвиш ҳастем. Наход дар шаш моҳ як бор ба мо ҳаққи дидан надиҳанд? Мо талаб кардем, ки агар иҷозат диҳанд, ҳамин рӯз омодаем, рафта бинем. Лекин иҷозат надоданд.

Радиои Озодӣ: То ин дам ба Додситонии кул, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ муроҷиат кардед. Намояндаи Омбудсмен ба мо гуфт, ки номаи Шуморо ба Додситонӣ фиристодаанд. Идораи зиндонҳо ба зангҳои мо посух надод. Худи Шумо то ин дам аз мақомот чӣ посух гирифтед?

Савринисо Ҷӯрабекова: Не, ҳоло ягон ҷавоб нагирифтем. Нигарон ҳастем. Хоб ҳам нестем, ҳайронем, ки ба куҷо муроҷиат кунем. Фақат хабарро расонаӣ кардем. Ростӣ, дар ин шаш сол ба ҳар ҷое муроҷиат кардам, посухи мусбат нагирифтаам.

Радиои Озодӣ: Чӣ гуна? Шаш моҳ пеш шавҳаратон аз мақомот хоста буд, ки радио ва чойники барқиашро баргардонданд. Агар хато накунем, як дархост қабул шуда буд…

Савринисо Ҷӯрабекова: Як дархост ҳамин буд, ки чойникашонро баргардонанд. Ҳаминашро ҳам намедонем, ки чойникро доданд ё не. Гуфтем, баъди шаш моҳ бинем чӣ хел шудааст, ки дигар иҷозаи мулоқот надоданд. Вай ҳамроҳи як шахси гунаҳкор ба одамкушӣ буд, намедонем, баъди шаш моҳ чӣ хел шуд. Ҳоло ҳам ҳамроҳи ҳамон нафар аст ё ҳамон маҳбус чӣ кораш кард? Барои ҳамин ҳайронем, ки ба куҷо муроҷиат кунем.

Радиои Озодӣ: Шавҳаратон ҳаққи занг задан дорад?

Савринисо Ҷӯрабекова: Не, ҳақ надорад. Барои ҳамин, нигаронем. Ақаллан ба занг задан ҳақ дошта бошад, ки як бор садояшро шунавем.

Радиои Озодӣ: Шавҳари Шумо ҳамроҳ бо Саидумар Ҳусайнӣ, муовини дигари роҳбари Ҳизби дар тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба ҳабси абад маҳкум шуда, дар як муассиса нигоҳ дошта мешаванд. Наздикони онҳо оё тавонистанд вохӯрданд?

Савринисо Ҷӯрабекова: Бале, онҳо рӯзи 22-юми ноябр вохӯрданд.

Радиои Озодӣ: Саидумар Ҳусайнӣ дар бораи Маҳмадалӣ Ҳайит ба наздиконаш чизе нагуфтааст?

Савринисо Ҷӯрабекова: Не, ростӣ.

XS
SM
MD
LG