Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсмен ба дархости хешони аъзои зиндонии ҳизби наҳзат "не" гуфт


Фароғат Сангинова, Савриниссо Ҷурабекова, Валамат Иброҳимзода, Резагул Розиқова ба Омбудсмен ариза навишта буданд.
Фароғат Сангинова, Савриниссо Ҷурабекова, Валамат Иброҳимзода, Резагул Розиқова ба Омбудсмен ариза навишта буданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ё Омбудсмен дар посухи номае ба пайвандони зиндониёни узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гуфтааст, дарёфти кӯмак аз афроде, ки бо иттиҳоми “терроризм” ҷустуҷӯ мешаванд, хилофи қонун аст.

17-уми марти имсол чор нафар аз наздикони зиндониён дар номае аз Омбудсмен хостанд, шарҳ диҳад, ки бо кадом асос онҳоро аз гирифтани кӯмак аз пайвандонеашон, ки дар хориҷ ҳастанд, маҳрум кардаанд.

Аксар пайвандони фаъолони зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ, ки ба хориҷ паноҳ бурдаанд, бо иттиҳоми “терроризм ва экстремизм” ҷустуҷӯ мешаванд. Онҳо ин иттиҳоми мақомотро сиёсӣ медонанд.

Ҳусниддин Нидоев, сардори шӯъбаи сиёсии Идораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, номаро баррасӣ карданд ва ба муаллифони он посух додаанд. Ӯ аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ кард, вале дар нусхаи посухи Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, гирифтани кумакпулӣ аз “аъзоёни созмони террористӣ” ҷиноят хонда мешавад.

Дар нома гуфта мешавад, “ҳаргуна робита бо аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистӣ, аз ҷумла қабули кумакпулӣ, манъ аст”.

Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолони ҲНИТ-ро соли 2015 дар ҳамдасти ба “ошуб”-и мусаллаҳона бо раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиа муттаҳам кард ва онро вориди рӯйхати “ташкилоти террористӣ-экстремистӣ” карданд. Иттиҳоме, ки раҳбарони ҳизб онро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд ва қабул надоранд.

Соли 2015 наздики 200 нафар аз фаъолони ин ҳизб дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои тӯлонӣ зиндон шуданд.

Дар аризаи наздикони онҳо ба Омбудсмени кишвар гуфта мешавад, ки онҳоро дар Тоҷикистон барои наздики фаъолони ҲНИТ будан ба кор намегиранд ва сарчашмаи даромад надоранд, аз ин рӯ, ба кӯмаки фарзандонашон аз хориҷи кишвар эҳтиёҷ доранд.

Ин аризаро Фароғат Сангинова, ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода, Савриниссо Ҷурабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллоҳи Раҷаб, Резагул Розиқова, ҳамсари Зубайдуллоҳи Розиқ, аз аъзои шинохтаи Ҳизби мамнуи наҳзат навиштаанд.

Ин нома баъди он навишта мешавад, ки мақомот чанд нафарро бо иттиҳоми муомилоти молӣ бо гуруҳҳои “ифротгарову террористӣ” ва ё дарёфти кумак аз онҳо зиндон карданд.

Аз ҷумла, Асрориддин Розиқов, писари Зубайдулло Розиқов соли гузашта барои расонидани кӯмаки аз хориҷ воридшуда 5 сол ва Дониёр Набиев, (Бобои Дона) бо чунин иттиҳом 7 сол зиндон шуданд.

Дар номаи ҳамсарони фаъолони ҳизби наҳзат аз шароити нигаҳдорӣ ва вазъи саломатии онҳо дар зиндон нигаронӣ шудааст.

Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар посух ба номаи онҳо навиштааст, ки “дар рӯзҳои Иди Наврӯз намояндаҳои Омбудсмен аз шароити маҳбасхонаҳо” дидан кардаанд ва он ҷо “барои онҳо шароит муҳаё шудааст”.

Шуҳрат Раҳматуллоев, писари Раҳматуллои Раҷаб мегӯяд, бо падараш гуфтугӯи телефонӣ дошт, вале ӯ дидор бо намояндагони Омбудсменро рад кардааст.

Наздикони зиндониён дар хориҷ мегӯянд, бинобар фишори мақомот ва эҷоди маҳудият имкони кӯмак ба хонаводаҳояшонро надоранд.

Қонунҳои Тоҷикистон дарёфти кӯмак аз афроде, ки бо гумони терроризм таҳти пайгард қарор доранд, манъ мекунад ва онро як навъ ҳамкорӣ бо "созмони террористӣ" медонанд, ки ин ҷазои сахт пешбинӣ мекунад.

Пайвандони зиндониён мегӯянд, бо ин банди қонун мушкил надоранд, вале иттиҳоми “терроризм” нисбат ба онҳо ҳеҷ асоси воқеӣ надорад ва дар ҳеҷ додгоҳи мустақил низ собит нашудааст.

XS
SM
MD
LG