Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хешони чанд узви зиндонии Ҳизби наҳзат ба омбудсмен аризаи шикоятӣ навиштаанд


Дар идораи Умед Бобозода гуфтанд, ки баъд аз хатми таътили наврӯзӣ аризаро ба баррасӣ мегиранд.

Гуруҳе аз хешовандони аъзои зиндонии Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ бо муроҷиат ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хостаанд, шарҳ бидиҳад, ки оё гирифтани кумаки молӣ аз фарзандонашон дар хориҷ ҷиноят ба ҳисоб меравад.

Дар аризае, ки ҳадди аққал чаҳор нафар зери он имзо гузошта ва ба дафтари омбудсмен Умед Бобозода супурдаанд, омадааст: “Аз шумо хоҳиш мекардем, ки ба мо фаҳмонида шавад, ки оё мо дар ҳақиқат бар асоси ягон санад, ё ҳуҷҷате қонунӣ аз гирифтани маблағҳои кумакпулии хориҷӣ маҳрумем ё не? Оё ба мо ирсол намудани кумакпулӣ барои он касоне, ки ба мо онро равон мекунанд, ин ҷиноят аст, ё не?”

Номаро рӯзи 17-уми март ба идораи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон супурдаанд ва дар он омадааст, ки нусхаҳое аз ин нома ба унвони вазири умури дохилӣ, додситони кул ва раиси Кумитаи амнияти миллӣ ҳам фиристода мешавад.

Фароғат Сангинова, ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода, узви зиндонии раёсати Ҳизби наҳзат рӯзи 18-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба кумаки молӣ эҳтиёҷ доранд ва аз бими онки ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашаванд, наздиконашон, ки дар хориҷа паноҳанда ҳастанд, ба онҳо пул намефиристанд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш дар зиндон бемор аст ва имкони хариди дорувориро надорад, чун аз кумакҳои молие, ки ба онҳо мефиристоданд, маҳрум шудаанд.

Ба гуфтаи Фароғат Сангинова, онҳо бинобар ночорӣ ва дар ҳоли вазнини молиявӣ монданашон ба омбудсмени Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, зеро манобеи дигари даромад надоранд. Дар ариза ба номи омбудсмен омадааст: “Ягона кумаке, ки метавонад, зиндагонии моро дар як сатҳи камтарин ҳам бошад, нигаҳ дорад, ба наздикони дар маҳбас будаамон бурдани хӯрокаю либосу лавозимоти тиббӣ ва инчунин пардохти хароҷоти ҳатмии коммуналиро таъмин кунад – ин кумаки молиявии хешу табор, наздикон ва хайрхоҳони дар хориҷи кишвар буда мебошад.”

Зери ин ариза илова бар Фароғат Сангинова, Савриниссо Ҷурабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит, Валамати Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллоҳи Раҷаб, Резагул Розиқова, ҳамсари Зубайдуллоҳи Розиқ, аз аъзои шинохтаи Ҳизби наҳзат имзо гузоштаанд, ки ҳамаи онҳо бо гуноҳҳои терроризм ба зиндон маҳкум шудаанд. Худашон ва раёсати ҳизб мегӯянд, ки ин афрод гуноҳе надоранд ва бо иттиҳомоти бофтаву сохта ба зиндон андохта шудаанд.

Дар идораи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар воқеъ аризаи мазкурро гирифтаанд, вале баъди таътили наврӯзӣ, ки дар Тоҷикистон то чанд рӯзи дигар идома мекунад, онро ба баррасӣ мегиранд. Шуҳрат Раҳматуллоев, ки худаш дар хориҷ аст ва модараш зери ариза имзо гузоштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски ҳадди аққал ду нафар барои гирифтани кумакпулӣ аз аъзои Ҳизби наҳзат ба зиндон маҳкум шудаанд, дигар касе аз тарс ба хешовандони муҳтоҷи худ кумак намефиристад.

Ӯ афзуд: “Гарчанде фиристодани маблағ ва кумак ба пайвандон ғайриқонунӣ набошад, дар кишвари мо мақомот инро ҷурм медонад. Аксари хонаводаҳои маҳбусони сиёсӣ аз минтақаҳои дурдасти кишвар ҳисоби бонкӣ надоранд ва ин ҳам шояд як мушкили дигарест. Наздикони муҳоҷирашон маҷбуранд, ба номи дигарон дар кишвар, ё аз номи дигарон аз хориҷ бифиристанд, ки ин хеле мушкил ҳаст. Мо мехоҳем, аз роҳи қонунӣ бо ному насаби худамон ба наздиконамон ёрӣ расонем.”

Мақомоти Тоҷикистон то кунун чаҳор нафарро бо гуноҳи муомилоти молӣ бо гуруҳҳои “ифротгарову террористӣ” ва ё дарёфти кумак аз онҳо ба зиндон маҳкум кардаанд. Аз ҷумла Асрориддин Розиқов, писари Зубайдулло Розиқов моҳи декабри соли гузашта ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар ин миён, ҳукми Дона Набиев, як пирамарди 80-сола сару садои зиёде барангехт, ки ӯро ҳам моҳи декабр бо гуноҳи ифротгароӣ ва кумаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик, аз ҷумла дар Афғонистон ба 7 соли зиндон маҳкум карданд. Муаллифони ариза, аз ҷумла бо зикри номи ин ду нафар гуфтаанд, ки баъди ба зиндон андохтани онҳо, хешовандонашон аз “ёрӣ расондан ба мо худдорӣ мекунанд.”

Ҷамшед Ёров ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон бо назардошти созмони террористӣ эълон шудани Ҳизби наҳзат, қабули ҳамагуна пул аз тарафи аъзои ин созмон дар хориҷро ҷиноят меҳисобанд. Бахтовар Ҷумъаев, ҳуқуқдони дигари тоҷик мегӯяд: «Афроде, ки дар феҳристи ташкилотҳои мамнуъ дар Тоҷикистон шомил ҳастанд, шахсан аз номи худ маблағ фиристода наметавонанд, зеро онҳо дар ҷустуҷӯ қарор доранд ва чунин амали онҳо ғайриқонунӣ дониста мешавад.”

Ҳизби наҳзати исломӣ, ки то соли 2015, аз ҳизби умдаи мухолифи давлат ба ҳисоб мерафт, дар он сол аз тарафи Додгоҳи олӣ созмони террористӣ эълон шуд ва фаъолияташро ҳам дар кишвар мамнуъ карданд. Ба зидди даҳҳо нафар аз аъзои ҳизб пас аз ошӯби соли 2015 парвандаи ҷиноӣ боз карданд ва 13 узви раёсати он ба солҳои тулонии зиндон маҳкум шуданд.

Дар ин ошӯб ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода даҳҳо нафар аз ҷумла, маъмурони амниятӣ кушта шуданд. Ҳукумати Тоҷикистон пас аз ин ошӯб Ҳизби наҳзати исломиро, ҳидоятгар ва тарҳрези ошӯб ва созмони террористӣ номида, фаъолияташро манъ кард.

Раҳбарони ҳизб мегӯянд, ин як иддаои беасос аст ва ошӯб танҳо баҳонае барои аз саҳнаи сиёсӣ рондани ин ҳизби мухолифи давлат буд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар низ аъзои ин ҳизбро зиндониёни ақидатӣ ва ё сиёсӣ номида аз ҳукумат хостаанд, онҳоро раҳо кунад. Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ин афрод зиндонии сиёсӣ нестанд ва барои ҷиноятҳояшон ҷазо гирифтаанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG