Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсмени тоҷик гуфт, дар бораи Дониёр Набиев ва ҳукми зиндони ӯ чизе намедонад


Дар аксҳо: Умед Бобозода ва Дониёр Набиев
Дар аксҳо: Умед Бобозода ва Дониёр Набиев

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар Тоҷикистон гуфт, дар бораи Дониёр Набиев (Бобои Дона)-и 80-сола ва ҳукми зиндони ӯ, ки бо вокунишҳои тунд рӯ ба рӯ шудааст, чизе намедонад.

Умед Бобозода рӯзи 4-уми феврал дар посух ба суоли хабарнигорон дар Душанбе гуфт, "дар бораи зиндонӣ шудани ин шахс ҳам ҳеч муроҷиат нашудааст." Ин дар ҳолест, ки чанд созмони ҳомии ҳуқуқи башар маҳкумияти Набиевро сахт танқид ва озодии ӯро талаб кардаанд.

Дониёр Набиевро моҳи августи соли 2020 дастгир ва рӯзи 28-уми декабри соли гузашта дар як муҳокимаи пӯшида ба ҳафт сол зиндон маҳкум карданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8-уми январи имсол гуфт, узви собиқи Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ бо гуноҳи ифротгароӣ ва кумаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик ба зиндон маҳкум шудааст.

Масъулони вазорат гуфтанд, сокини деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ "пули хадамоти махсуси баъзе аз кишварҳоро гирифта, онҳоро барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард", аммо аз ҳеч кишваре ном набурда ва далелу санадеро ҳам нишон надодааст.

Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар баёнияе гуфт, ҳама иттиҳомот "сиёсӣ ва маҳз барои бадном кардани як пирамарди бегуноҳ аст."

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch ҳабси Набиевро маҳкум кард ва озодии ӯро тақозо намуд.

Намояндагони Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Маркази ҳуқуқи башари Тоҷикистон, Бунёди "Бузургмеҳр Ёров" ва коршиносони дигар низ рӯзи 22-юми январ аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо карданд, Дониёр Набиевро "билофосила ва бе қайду шарт" озод кунад. Ба ин талабҳо то ҳол мақомоти Тоҷикистон вокуниш накардаанд.

Соле пеш Гуруҳи кории Созмони Милал оид ба боздошти худсарона гуфт, баъзе аз аъзои ҲНИТ бо қонуншиканӣ ва бе риояти ҳуқуқашон зиндонӣ шудаанд ва ҳукумат бояд онҳоро раҳо кунад.

Мақомот гуфтанд, аъзои ҳизб барои чанд ҷиноят, аз ҷумла, ба қавли онҳо, даст доштан дар ошӯби нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ маҳкум шудаанд. Раҳбарияти ҳизб дар хориҷа иддаои даст доштан дар ошӯбро бепоя хондаанд.

XS
SM
MD
LG