Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати се созмон ва ҳомиёни ҳуқуқ аз Тоҷикистон ба "озодии фаврӣ"-и Дониёр Набиев


Ба қавли наздиконаш Дониёр Набиев 87-сола аст
Ба қавли наздиконаш Дониёр Набиев 87-сола аст

Намояндагони се созмони ҳомии ҳуқуқи башар ва чанде аз фаъолон аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардаанд, Дониёр Набиев (Бобои Дона)-и 80-соларо, ки аз ҷониби мақомот бо гуноҳи ифротгароӣ 7 сол зиндонӣ шудааст, "билофосила ва бе қайду шарт" озод кунад.

Изҳороти Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Маркази ҳуқуқи башари Тоҷикистон, Бунёди "Бузургмеҳр Ёров" ва коршиносони дигар рӯзи 22-юми январ нашр шуд. Дар он ҳукми зиндони Набиевро дорои "ангезаҳои сиёсӣ" донистаанд.

Дониёр Набиевро моҳи августи соли 2020 дастгир ва рӯзи 28-уми декабри соли гузашта дар як муҳокимаи пӯшида ба ҳафт сол зиндон маҳкум карданд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 8-уми январи имсол гуфт, узви собиқи Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ бо гуноҳи ифротгароӣ ва кумаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик ба зиндон маҳкум шудааст.

Масъулони вазорат гуфтанд, сокини деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ "пули хадамоти махсуси баъзе аз кишварҳоро гирифта, онҳоро барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард", аммо аз ҳеч кишваре ном набурда ва далелу санадеро ҳам нишон надодааст.

Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар баёнияе гуфт, ҳама иттиҳомот "сиёсӣ ва маҳз барои бадном кардани як пирамарди бегуноҳ аст." Қаблан созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch низ ҳабси Набиевро маҳкум кард ва озодии ӯро тақозо намуд. Ба ин талабҳо то ҳол мақомоти Тоҷикистон вокунише накардаанд.

Дар изҳороти ахири се созмон ва ҳомиёни ҳуқуқ "боздошту зиндонӣ кардани Дониёр Набиев дар давраи пандемияи COVID-19 барои фаъолияти сулҳомез ва хайрияаш" ҳамчун "ба хатари ҷиддӣ гузоштани зиндагии ӯ ва нақзи уҳдадориҳои Тоҷикистон дар заминаи ҳуқуқи башар" интиқод шудааст.

Стив Свердлов, ҳомии ҳуқуқи башар ва профессори донишгоҳи Калифорнияи Ҷанубӣ рӯзи 22-юми январ гуфт, "Тоҷикистон дар як бӯҳрони давомдори ҳуқуқи башар қарор дорад ва аллакай чандин ҳуқуқшинос, журналист ва фаъоли маданиро қурбонӣ кардааст." Свердлов мегӯяд, "Набиев бояд билофосила озод шавад".

Соле пеш Гуруҳи кории Созмони Милал оид ба боздошти худсарона гуфт, баъзе аз аъзои ҲНИТ бо қонуншиканӣ ва бе риояти ҳуқуқашон зиндонӣ шудаанд ва ҳукумат бояд онҳоро раҳо кунад. Мақомот гуфтанд, аъзои ҳизб барои чанд ҷиноят, аз ҷумла, ба қавли онҳо, даст доштан дар ошӯби нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ маҳкум шудаанд. Раҳбарияти дар хориҷа иддаои даст доштан дар ошӯбро бепоя хондаанд.

XS
SM
MD
LG