Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико "як ҳавопаймои бидуни сарнишини сохти Эрон"-ро дар Сурия зад


Артиши Амрико эълом кард, ки як ҳавопаймои бидуни сарнишини "Шоҳид-129"-и сохти Эрон рӯзи сешанбеи 20-уми июн ҳадафи як ҳавопаймои ҷангии "F-15" қарор гирифт ва дар шимол-шарқи пойгоҳи Танфи Сурия дар наздикии марзи Урдун, суқут кардааст.

Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", дар баёнияи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико омадааст, ки ин ҳавопаймои бидуни сарнишин дар ҳолати таҳоҷумӣ ба маҳали ҷойбаҷошавии нерӯҳои эътилоф, ки дар ҳоли омӯзиши низомӣ барои муқобила бо нерӯҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳастанд, наздик мешуд.

Нерӯҳои эътилоф бо раҳбарии Амрико қаблан дар ҷануби Сурия ба нерӯҳои давлатии он кишвар ва тарафдорони онҳо ҳамла карда ва як ҳавопаймои бидуни сарнишинро сарнагун карда буданд.

Як мақоми Амрико ба хабаргузории Франс-пресс гуфтааст, ки ин ҳавопаймои бидуни сарнишин бо суръат ба тарафи маҳалли таҷаммӯи ин нерӯҳо омад ва ба ҳамин сабаб, нерӯҳои эътилоф барои дифоъ аз худ, онро сарнагун карданд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", артиши Амрико ишора кард, ки маълум нест контроли ҳавопаймои бидуни сарнишин дар дасти чӣ касе ё касоне будааст. Ин дувумин бор дар моҳи ҷорӣ аст, ки Амрико мегӯяд, як ҳавопаймои бидуни сарнишинро дар наздикии минтақаи Танф, ҳадаф қарор додааст.

Нерӯҳои эътилоф бо раҳбарии Амрико қаблан дар ҷануби Сурия ба нерӯҳои давлатии Сурия ва тарафдорони онҳо ҳамла карда ва як ҳавопаймои бидуни сарнишинро сарнагун карда буданд. Минтақаи Танф дар масири шоҳроҳи калидии Димишқ-Бағдод, мавриди таҳдиди нерӯҳои зери ҳимояти Эрон, ки вафодор ба режими Башор Асад ҳастанд, қарор дорад.

Яз рӯз пеш аз сарнагунии ҳавопаймои бидуни сарнишини сохти Эрон, як ҳавопаймои ҷангии Амрико як ҳавопаймоии ҷангии вобаста ба ҳукумати Сурияро дар ҷануби шаҳри Раққа сарнагун карда буд. Артиши Сурия дар баёнияе бо таъйиди сарнагунии ҳавопаймо гуфт, ки халабони ҳавопаймо нопадид шудааст.

Артиши Сурия ҳамчунин аз ин амалкарди нерӯҳои амрикоӣ интиқод намуда ва онро ба зиёни раванди мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" хондааст. Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи эътилофи байналмилалӣ бо раҳбарии Амрико, ҳавопаймои ҳукумати Сурия нерӯҳои дар ҳоли мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро, ҳадаф қарор дода буд.

XS
SM
MD
LG