Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносони тоҷик: Ҳамлаҳо дар Теҳрон ҳушдор ба ҳукумати Эрон аст


Ҳамлаҳои террористии гурӯҳи худохондаи “Давлати исломӣ”, ки нахустин бор Эронро ҳадаф қарор дод, осебпазир будани бисёр кишварҳоро дар баробари хатарҳои террористӣ таъкид кард. Дар вокунишҳо аз Тоҷикистон ҳам ин ҳамлаҳоро аксар таҳлилгарон ҳамчун ҳушдор аз таҳдидҳои афзояндаи террористӣ барои кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои мусалмонӣ арзёбӣ карданд.

Дар паи ду ҳамлае, ки рӯзи 7 июн дар назди сохтмони парлумон ва ҳам оромгоҳи раҳбари собиқи олии Эрон Оятулло Хумайнӣ рух дод, 17 нафар кушта ва 40 нафар захмӣ шуданд. Мақомоти Эрон гуфтанд, ки ин

Даҳшат ин аст, мегӯяд таҳлилгари ғарбӣ, ки то замони сарнагун шудани ин гурӯҳи террористӣ ҳеҷ нуқтае дар сайёра – аз Лондон гирифта то Теҳрон – эмин буда наметавонад. Дейвид Патрикаракос

ҳамлаҳо кори дасти эрониёни “ваҳҳобӣ” буда, ҳамаи панҷ ҳамлагари кушташуда дар сафи ДИИШ дар Ироқу Сурия тамрин гирифтаанд.

Ин ҳодиса маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард ва дар барқияи тасаллияти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии раиси ҷумҳурии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ "зарурати таъхирнопазири тақвияти муборизаи дастаҷамъона зидди зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ" таъкид шудааст.

Таҳлилгарон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳаводиси Эрон баёнгари он аст, ки дар шароити имрӯза ҳеҷ давлат амнияти шаҳрвандонашро пурра кафолат дода наметавонад.

“Эрон иртибот бо террористони дигар кишварҳоро кам кунад”

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамлаҳои ахири террористӣ Эронро водор мекунад, ҳамкорӣ бо терористон аз дигар кишварҳоро камтар кунад. Сайфулло Сафаров рӯзи 8 июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “Тоҷикистон ҳама вақт чунин ҳисоб мекунад, ки амнияти Эрон амнияти худаш аст. Ҳодисаҳои ахир мардум ва ҳукумати Эронро ҳушёр карда, онҳоро водор кунад, ки муқобили терроризми байналмилалӣ сахттар ҷангида, ҳамкориро бо террористон аз кишварҳои дигар камтар кунад».

Муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки пушти ин ҳодисаҳо метавонанд баъзе аз кишварҳои рақиби Эрон қарор дошта бошанд. Сафаров мегӯяд, ин "як чизи мантиқист, ки одатан дар ҳама ҷо дида мешавад ва манфиатхоҳон ба рақибони худ бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла бо роҳҳои терроризм ва ҳамкорӣ бо террористон фишор меоранд".

Изҳороти таҳлилгари наздик ба ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолест, ки Душанбе баъди ҳодисаҳои сентябри соли 2015 ва пазириши раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ дар Теҳрон равобиташро бо Теҳрон маҳдуд кард. Ин ҳамон даврае буд, ки Душанбе ҲНИТ-ро "террористӣ" ва "мамнӯъ" эълон кард.

Трамп, Зариф ва террористони эронӣ

Зимнан, вокуниши шабеҳ ба ин шоми 7 июн аз ҷониби Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ИМА ҳам пахш шуд. Трамп бо изҳори тасаллият ба мардуми Эрон вале гуфтааст, ки "кишварҳои пуштибони терроризм худ қурбонии шарорате мешаванд, ки паҳнкунандаи он ҳастанд". Вазири хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф дар посух суханҳои Трампро «манфур» хонд ва гуфт, ки «мардуми Эрон чунин иддаоҳои дӯстиро намепазирад». ИМА Эронро дар пуштибонӣ аз "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ва Фаластин ва ҳусиҳои Яман муттаҳам мекунанд, ки зидди ҳукуматҳои қонуниашон меҷанганд.

Вазорати иттилооти Эрон бо пахши хабаре дар робита бо ҳуввияти ҳамлагарони рӯзи 7 май аз онҳо ба унвони афроде ёд кардааст, ки «муддати тӯлонӣ бо ваҳҳобиҳо ҳамроҳ шуда» барои ҷанг дар хоки Ироқу Сурия ба Мосул ва Раққа рафта буданд. Бархе гуфтанд, Эрон бо «ваҳҳобӣ» хондани ҳамлагарон ба Арабистони Саудӣ ишора кардааст, ки бо ин кишвар дар Ховари Миёна дар ҳолати ихтилофи шадиди сиёсӣ қарор дорад.

Норалӣ Шаҳбонов, як устоди донишгоҳ дар Душанбе ва муҳаққиқи масоили терроризм аз эҳтимол дур намедонад, ки ҳамла ба бинои порлумони Эрон ва мақбараи Имом Хумайнӣ - натиҷаи тезутунд шудани муносибатҳои ин кишвар бо давлатҳои араб аст.

Ҷаноби Шаҳбонов бо зикри ин нукта афзуд: “Иҷрокунандагони ин амали террористӣ шаҳрвандони худи Эрон буданд, вале онҳо наметавонстанд бе нишондоди қувваҳои беруна ин корро анҷом диҳанд. Агар пеши роҳи ин ҳодисаҳо гирифта нашавад, пас фармоишгарон метавонанд вазъияти сиёсии Эронро муташанниҷ созанд. Чун ноором кардани вазъи Туркия ҳам ба ҳамин минвол сурат гирифта буд.”

“Эрон то дирӯз амнтарин кишвари Ховари Миёна буд”

Дар ҳамин ҳол Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, ҳамлаи ахир, ки гуруҳи худохондаи “Давлати исломӣ” онро ба ӯҳда гирифтааст, як навъ ҷуброни шикасти ин гурӯҳ аз сӯи Эрон мебошад. Ба таъкиди ҷаноби Бекмуҳаммад, “аз замони шурӯи нооромиҳо дар кишварҳои Ховари Миёна, Эрон аз амнтарин кишварҳоии минтақа ба ҳисоб мерафт.

Дар айни замон Эрон яке аз кишварҳои калидӣ дар мубориза бо терроризм дар Ироқ ва Сурия мебошад. Гурӯҳҳои террористӣ ва хосатан ДИИШ қаблан низ ҳадафи ноором кардани Эронро доштанд ва нерӯҳои қудратии Эрон ҳамеша барои муқобила бо ин гурӯҳҳо омода буданд. Террористҳо бо ҳамла ба бинои парлумон ва оромгоҳи Имом Ҳумайнӣ ҳадафҳои худро ба паёмҳои хос инъикос карданд. Талоши такрори чунин ҳодисаҳо ҳатман дар оянда сурат хоҳад гирифт.”

"Дарси" ҳамла ба Теҳрон

Инро бархе таҳлилгарони ғарбӣ ҳам таъкид мекунанд. Дейвид Патрикаракос, як муҳаққиқи масоили терроризм дар матлабе дар бахши англисии Радиои Озодӣ навиштааст, ки ҳамлаи ваҳшиёна ва мудҳиш дар қаламрави Эрон тасодуфӣ ваё “ғайриинтизор” набуд. Теҳрон дар ҷангҳои зидди “Гурӯҳи исломӣ” ба ҳукумати Ироқ ва Башор Асад мусоидат мекунад.

Даҳшат ин аст, мегӯяд таҳлилгари ғарбӣ, ки то замони сарнагун шудани ин гурӯҳи террористӣ ҳеҷ нуқтае дар сайёра – аз Лондон гирифта то Теҳрон – эмин буда наметавонад. Ин аст дарсе, ки ба қавли коршинос, бояд ҳама кишварҳои муборизи терроризм дар ёд дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG