Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрон дар Халиҷи Форс. Омодагии Эрон барои содироти маводи ғизоӣ ба Қатар


Раиси Иттиҳодияи содиркунандагони маҳсулоти кишоварзии Эрон рӯзи душанбеи 5-уми июн эълон кард, ки Теҳрон омода аст давоми 12-соат маводи хӯрокии мавриди ниёзи Қатарро таъмин кунад. Тибқи гузоришҳо, дар пайи қатъи робитаҳои Арабистони Саудӣ ва чанд кишвари арабӣ, мардуми Қатар ба фурӯшгоҳҳо шитофтанд ва аз тарси камбуди ғизо, дӯконҳоро холӣ карданд​.

Арабистони Саудӣ, Миср, Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Араб бинобар ҳимояти Қатар аз "терроризм" ва "ҳифозат аз амнияти миллӣ", робитаҳои худ бо Қатарро қатъ карданд. Тибқи гузориши расонаҳо, дар пайи ин тасмим, мардуми Қатар ба фурӯшгоҳҳо ҳуҷум бурданд ва талош карданд маводи зиёди хӯрокворӣ барои камбуди эҳтимолии ин мавод дар рӯзҳои ояндаро, харидорӣ кунанд.

Раиси Иттиҳодияи содиркунандагони маҳсулоти кишоварзии Эрон рӯзи душанбеи 5-уми июн эълон кард, ки Теҳрон омода аст давоми 12-соат маводи хӯрокии мавриди ниёзи Қатарро таъмин кунад.

Дар ҳамин ҳол телевизони "Ал-Ҷазира" гузориш додааст ки мошинҳои пур аз маводи хӯрокворӣ барои Қатар, пушти марзҳои ин кишвар бо Арабистони Саудӣ саф баста ва наметавонанд вориди ин кишвар шаванд. Қатар барои маводи хӯроквории ба танҳо роҳи заминии худ бо Саудӣ вобаста аст.

Ризо Нуронӣ, раиси Иттиҳодияи содиркунандагони маҳсулоти кишоварзии Эрон бо ишора ба қатъи робитаҳои чаҳор кишвари арабӣ бо Қатар гуфт, "танҳо роҳи иртиботи заминӣ бо Қатар аз тариқи Арабистони Саудӣ мумкин аст ва баъди қатъи равобит бо ин кишвар, Эрон наздиктарин кишвар бо Қатар аст, ки метавонад аз тариқи роҳи обӣ бо тай кардани масофати 12-соата, маҳсулоти ғизоиро ба ин кишвар содир кунад."

Ӯ афзудааст, имкони фиристодани маҳсулот аз се бандар -- Бушаҳр, Бандар Аббос ва Бандари Ланга ба Қатар фароҳам аст. Ба гуфтаи Ризо Нуронӣ, Қатар солона чаҳор то панҷ миллиард доллар анвои маводи хӯроквориро аз Арабистони Саудӣ, Миср ва Имороти Муттаҳидаи Араб ворид мекард, ки бо сахттар шудани таҳримҳо, акнун ба як якборагӣ ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Дар айни замон саррофхонаҳои қатарӣ қабули риёлҳои Арабистони Саудӣ ва дирҳами Имороти муттаҳидаи Арабро қатъ карданд. Бисёриҳо мехостанд доллари амрикоӣ харидорӣ кунанд. Талаботи калон саррофхонаҳоро зери фишор қарор додааст ва баъзе саррофҳо меъёр ҷорӣ намуда ва ба як кас на бештар аз 3000 доллар мефурӯхтанд.

Дар идомаи таҳаввулоти вобаста бо қатъи робитаи чанд кишвари арабӣ бо Қатар, хабаргузорнии "Рейтерз" ба нақл аз манбаъҳои тиҷоратӣ хабар дод, ки Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб содироти шакар ба Қатарро мамнӯъ кардаанд. Тибқи ин гузориш, Давҳа солона 100 ҳазор тонна шакари сафед аз Иморот ва Арабистони Саудӣ, ворид мекард.

Кувейт хостори хештандории Қатар шуд

Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо Шайх Сабоҳ Аҳмад Ҷобир Ас-Сабоҳ, амири Кувейт дар гуфтугӯи телефонӣ бо Шайх Тамин бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар, хостори хештандории Қатар ва худдории ин кишвар аз иқдомоте шудааст, ки боиси афзоиши таниш бо Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои минтақа мешавад. Ба гузориши хабаргузории расмии Кувейт, Шайх Сабоҳ Аҳмад Ҷобир Ас-Сабоҳ дар ин тамос ибрози умедворӣ кардааст, ки амири Қатар "корҳоеро барои коҳиши таниш анҷом дода ва аз гирифтани тасмимҳое, ки метавонад ба афзоиши танишҳо бианҷомад, худдорӣ кунад."

Амири Қатар.
Амири Қатар.

Ин дар ҳоле аст, ки ба гузориши "Ассошиэйтед пресс", гуфтугӯи телефонии раҳбарони Кувейт ва Қатар чанд соат пас аз вуруди мушовири вижаи подшоҳи Арабистони Саудӣ ба Кувейт сурат гирифт. Тибқи гузоришҳо, Холид Ал-Файсал, амири минтақаи Макка ва мушовири Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ, бегоҳи душанбе бо паёме аз подшоҳи Арабистони Саудӣ, вориди Кувейт шуд.

Амиқтарин бӯҳрони солҳои ахир дар баёни кишварҳои Халиҷ ҷомеаи ҷаҳониро низ нигарон кардааст. Рӯзи душанбе Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия ҷонибҳоро ба муколама даъват кард: "Кишварҳо метавонанд дар ҳар гуна шароит ихтилоф дошта бошанд, вале онро бояд ба таври осоишта ҳал намуд.".

Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Миср субҳи душанбеи 5-уми июн яке пас аз дигаре эълом карданд, ки робитаҳои дипломатиро бо Қатар қатъ мекунанд. Ин кишварҳо тасмими худро ба "ҳимояти Қатар аз терроризм" ва "ҳифозат аз амнияти миллӣ", рабт додаанд.

Мусофирон дар назди дафтари "Qatar Airlines" дар Риёз.
Мусофирон дар назди дафтари "Qatar Airlines" дар Риёз.

Дар пайи қатъи равобити Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн ва Миср бо Қатар, Амрико эълон кард ҳозир аст барои ҳалли ихтилофоти мавҷуд кӯмак кунад. Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико, ки ба Австралия сафар кардааст, рӯзи душанбеи 5-уми июн гуфт, "гумон намекунам қатъи робитаи чанд кишвари арабӣ бо Қатар таъсире дар мубориза бо терроризм дар минтақа ва дар сатҳи ҷаҳон дошта бошад".

Чанд рӯз қабл, нишонаҳое аз ба миён омадани таниш байни кишварҳои арабӣ ва Қатар дар пайи як изҳороти мансуб ба Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, дида мешуд. Қатар рӯзи чаҳоршанбеи 24-уми май эълон карда буд, ки хабаргузории давлатии ин кишвар рахна ё ҳакк шуда ва изҳороте ба нақл аз Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар дар интиқод аз Амрико ва дар ситоиш аз Эрон, "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, "Ҳамос" ва "Ихвон-ул-муслмин", ки дар ин хабаргузорӣ мунташир шудааст, асос надорад.​

Гуфта шуда буд, ки амири Қатар дар як маросими артиш, ин изҳоротро баён кардааст. Ҳукумати Қатар гуфта буд, ки ин изҳорот "сохта ва ҷаълӣ" аст ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ чунин суханонеро нагуфтааст. Бо вуҷуди он, ки ҳукумати Қатар ин хабарро радд кард, аммо расонаҳои Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамчунон изҳороти Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сониро мунташир карданд.

Дар соли 2013 Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн -- се увзи Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар пайи ихтилофи назар бо Қатар, Доҳаро ба ҳимоят аз исломгароён муттаҳам ва сафирони худро аз Қатар фаро хонда буданд.

XS
SM
MD
LG