Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар маркази рақобатҳои "ёркашӣ"-и Саудӣ ва Эрон


Хабаргузории нимарасмии "Тасним" - наздик ба Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон, бо нашри мақолаи "Нуфузи густурдаи саудиҳо дар Тоҷикистон: Хатари терроризм дар камини Осиёи Миёна", ба баррасии паҳлӯҳои мухталифи равобити рӯзафзуни Арабистони Саудӣ бо Тоҷикистон дар пасманзари коҳиши равобити Душанбеву Теҳрон пардохтааст.

Чаро кор ба инҷо расид, ки раҳбароне чун оқои Раҳмон ин қадар ба Арабистони Саудӣ наздик шуданд?

"Осиёи Миёна омодаи фаъолиятҳои террористӣ аст"

Ин матлаб, ки рӯзи 2 июн дар вебсайти расмии хабаргузорӣ нашр шуд, амнияти Тоҷикистонро бинобар ҳаммарз буданаш бо Афғонистони ноором дар рӯбарӯи чолишҳо медонад ва мегӯяд, дар сурати осебпазирии субот дар Тоҷикистон, имкон дорад тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ба гирдбоди ноамнӣ печад. Нашрия иддао кардааст, ки минтақаи Осиёи Миёна "барои оғози фаъолиятҳои террористӣ бисёр омода аст, чун қисмати бузурге аз нерӯҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳат-ан-Нусра" аз мардуми ҳамин минтақа ҳастанд, ки ба Сурия рафтаанд".

Нашрия мегӯяд, зарурати таъмини амният дар Тоҷикистон кишварҳое монанди Русия ва Чинро, ки шарикони муҳими сиёсӣ дар минтақа ҳастанд, водор кардааст, дар қолаби созмонҳое назири Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ё бо ҳузури мустақиму тақвияти нерӯҳои низомии Тоҷикистон, девори дифоии муносибе дар баробари таҳдидҳо ба вуҷуд оваранд.

Чӣ пойи Саудиро ба Тоҷикистон кашонд?

Сипас мақолаи "Тасним" рушди муносибатҳои рӯзафзуни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва баҳрабардори Риёз аз муносибатҳои камранги Теҳрону Душанберо ба риштаи таҳлил кашидаст. Ба бовари муаллиф, Тоҷикистону Эрон бештарин муштаракотро бо ҳам доранд ва бинобар ҳамин, заминаҳои густурдае барои тавсеаи боз ҳам муносибтари Теҳрону Душанбе вуҷуд дорад, аммо ба сабабҳои мухталиф ахиран робитаҳои ду кишвар ба сардӣ гароида ва ба таври ошкор, ҳамкориҳо кам шудааст.

"Тасним" яке аз сабабҳои сардӣ дар муносибати Душанбеву Теҳронро ба даъвати Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси "Ваҳдати исломӣ" рабт додааст. Ин конфронс моҳи декабри соли 2015, дуруст се моҳ баъд аз мамнӯъ шудани ин ҳизб дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҳоле ки акнун Тоҷикистон додугирифт бо Эронро маҳдуд кардааст ва мулоқоте ҳам байни раҳбарони ду кишвар ҷараён намегиранд, "Тасним" навиштааст, ки бо назардошти таҳдидҳои амниятӣ ва мушкилоти иқтисодӣ Эрон метавонист, бештарин нақшро барои Тоҷикистон дошта бошад.

Ҳарчанд ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифе идома дорад, аммо нисбат ба гузашта коҳиш ёфтааст. Бо коҳиши сатҳи муносибатҳо миёни Теҳрон ва Душанбе, пойи нерӯи дигаре ба Тоҷикистон боз мешавад, ки, ба бовари нашрияи эронӣ, ин Арабистони Саудӣ аст ва "бештарин хатарро барои ин кишвар ва минтақа дорад". Нашрия иддао кардааст, ки ниёзҳои молии Душанбе муҳимтарин омиле аст, ки Тоҷикистонро ба тарафи густариши робитаҳо бо саудиҳо мекашонад.

Дар ин матлаб ду сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ ба таври густарда таҳлил шудаанд.

Кайвон Ҳусейнӣ, таҳлилгари Радио Фардо - бахши эронии Радиои Озодӣ мегӯяд, баъд аз нишасти Риёз ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ интиқодоти зиёде шуд ва мунаққидон гуфтанд, ки ҳузури раҳбарони зиёди арабу мусалмони дигар дар ин нишаст барои мавқеияти Эрон дар минтақа хуб нест. "Ин матлаб дар воқеъ як навъ интиқод аз ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ ва сиёсати хориҷии Муҳаммадҷаводи Зариф дар минтақа аст, ки мегӯянд, "чаро кор ба инҷо расид, ки раҳбароне чун оқои Раҳмон ин қадар ба Арабистони Саудӣ наздик шуданд".

Ин шореҳи эронӣ мегӯяд, зоҳиран посдорони инқилоб ҳукумати Рӯҳониро ба хотири даъвати ду сол пеши раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Теҳрон "иштибоҳ" медонанд, ки натиҷааш дур шудани як ҳукумати замоне шарику ҳамкор дар Осиёи Марказӣ буд. ​"Албатта, медонем, ки ба ғайр аз Тоҷикистон кишварҳои дигари минтақа ҳамаашон дар Риёз ҳузур доштанд. Дипломатияи Риёз барои муттаҳид ва дуруст кардани як ҷабҳа алайҳи Эрон ва ҳамзамон бо сафари Доналд Трапм, президенти Амрико, аз сӯи бархе коршиносон, муваффақиятомез хонда шудааст", - гуфт Ҳусайнӣ.

Вале нуктаи аслӣ, аз назари ӯ ин аст, ки Эрону Арабистони Саудӣ дар Ховари Миёна барои бозидани нақши калидӣ дар минтақа вориди сабқати шадид ҳастанд. Рақобати минтақавии ин ду кишвар сабаб шуд, ки ҳар ду иддаои бартарихоҳӣ доранд ва талош мекунанд, ҳар яке дар дунёи Ислом, ба вижа дар Ховари Миёна нақши бориз дошта бошанд.

"Ин достон як навъ ёркашии сиёсӣ дар минтақа аст. Яъне, шумо дунболи ин ҳастед, ки кишварҳои бештаре бо шумо ва дар дипломатияи шумо шарик бошанд. Хатҳои рӯшане вуҷуд дорад, ки Арабистони Саудӣ ба Амрико наздик аст ва кишварҳои ҳампаймони ИМА аз ин сиёсати Арабистони Саудӣ ба вижа дар Халиҷи Форс пуштибонӣ мекунанд".

XS
SM
MD
LG