Бар асари ду ҳамлаи ҷудогона ба бинои порлумони Эрон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ дар Теҳрон, ҳадди ақал 12 нафар кушта ва ҳудуди 40 тани дигар захмӣ шудаанд. Гурӯҳи “Давлати исломӣ" иддао кардааст, ки ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбе ба бинои порлумони Эрон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ дар Теҳронро афроди ин гурӯҳ анҷом додаанд. Ин гурӯҳ бо нашри як навори видеоӣ дар пойгоҳи таблиғотии худ “Аъмоқ”, масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт.
Хабаргузориҳо дар Эрон гузориш доданд, ки ҳамлаҳои субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон, ки ҳудуди соати даҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд, ва гурӯҳи "Давлати исломӣ" масъулияти онро пазируфт, пас аз панҷ соат ва барҷой мондани 12 кушта, соати 3-и баъд аз зӯҳр ба поён расид. Хабаргузориҳои Эрон субҳи 7-уми июн аз вуқӯи тирандозӣ дар "роҳравҳо"-и порлумони он кишвар ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ -- бунёдгузори Ҷумҳурии исломӣ хабар доданд.
Масъулияти ҳамла ба бинои порлумони Эрон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ дар Теҳронро гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифтааст
Ба гузориши расонаҳои Эрон, ҳадди ақал се ҳамлавар ба оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайн дар ҷануби Теҳрон ҳамла карданд ва ба сӯи зиёраткунандагон тирандозӣ намуданд. Радио ва телевизиони Эрон аз қавли Ҳусейн Ҳошимӣ, як масъули шаҳри Теҳрон гузориш дод, ки яке аз ҳамлаварон худро тарконд ва дигари аз сӯи нерӯҳои амниятӣ кушта шуд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамлавари савум боздошт шудааст. Оқои Ҳошимӣ гуфтааст, ки як коргар дар ҷараёни ин ҳамла кушта ва чанд тани дигар захмӣ шудаанд.
Аммо дар ҳамла ба бинои порлумони Эрон, ҳамлаварон дар ибтидо ба муҳофизон ҳамла карда, вориди сохтмон шуданд ва ба тирандозӣ оғоз карданд. Хабаргузории "Тасним" гузориш дод, чаҳор нафар дар дохили бинои порлумон ба гарав гирифта шуданд.
Хабаргузории нимарасмии ИЛНА ҳам хабар дод, ки ду тан аз ҳамлаварон боздошт шуданд ва вазири амнияти Эрон гуфтааст, ки ин ҳамла аз сӯи "гурӯҳҳои террористӣ" анҷом шудааст. Вазири амнияти Эрон ба телевизиони он кишвар гуфтааст, ки аъзои гурӯҳи савум қабл аз пиёда кардани ҳамлаи дигар боздошт шуданд. Вазорати амнияти Эрон мегӯяд, ки яке аз ҳамлаварон худро дар дохили бинои порлумон мунфаҷир кардааст.
Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, рӯзи чаҳоршанбе дар фосилаи чанд дақиқа, чанд фарди мусаллаҳ ба порлумон ва ҳарам ё оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ, ҳамла карданд. Соати даҳу ними субҳи чаҳоршанбе хабаргузориҳо гузориш доданд, ки як фард бо тирандозӣ ба сӯи нерӯҳои нигаҳбони порлумон, вориди бинои ин ниҳод шуданд. Чанд дақиқа баъд, хабаргузории ИСНА хабар дод, ки чаҳор фарди мусаллаҳ бо тирандозӣ вориди порлумон шуда ва бо ҳадаф қарор додан нигаҳбонони порлумон, ба тирандозии худ идома доданд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Илёс Ҳазратӣ, намояндаи Теҳрон низ гуфт, "ҳамлаварон се нафар ва муҷаҳҳаз бо ду мил Калашников ва як мил силоҳ камарӣ буданд".
Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, пас аз ин ҳодиса дарҳои вурудӣ ва хуруҷии порлумон баста ва аз хуруҷи намояндагон аз саҳни порлумон ҷилавгирӣ шуд. Бо ин ҳол, иҷлосияи ошкори порлумон идома ёфтааст.
Ҳифозат аз порлумон ва аксари ниҳодҳои ҳукуматӣ дар Эрон ба ӯҳдаи Сипоҳи посдорон аст. Дар бинои порлумони Эрон чандин дари вурудӣ ва хуруҷӣ ҳаст, ки бархе аз онҳо чандсад метр бо саҳни порлумон фосила доранд ва дар ин фосила низ чандин дари электронӣ, вуҷуд дорад.
Ҳамлаҳо дар шаҳри Теҳрон ҳамагӣ се ҳафта пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон, ба вуқӯъ пайвастанд. Дар интихоботи рӯзи 19-уми май номзади ислоҳталабон Ҳасани Рӯҳонӣ барои чаҳор соли дигар раиси ҷумҳури Эрон интихоб шуд.
Русия ҳамла ба Теҳронро маҳкум карда ва гуфтааст, ки мубориза бо терроризм ва гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба ҳамоҳангии ҳарчӣ бештар, ниёз дорад.