Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи робитаҳои дипломатии 4 кишвари арабӣ бо Қатар.ВИДЕО


Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Миср субҳи душанбеи 5-уми июн яке пас аз дигаре эълом карданд, ки робитаҳои дипломатиро бо Қатар қатъ мекунанд. Ин кишварҳо тасмими худро ба "ҳимояти Қатар аз терроризм" ва "ҳифозат аз амнияти миллӣ", рабт додаанд. Дар баёнияе, ки хабаргузории расмии Баҳрайн онро нашр кард, гуфта шудаааст, ки ин кишвар ҳама робитаҳои баҳрӣ ва ҳавоии худро бо Қатар қатъ карда ва ба шаҳрвандони қатарӣ 14 рӯз фурсат додааст, то Баҳрайнро тарк кунанд.

Кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс ба ин боваранд, ки Қатар бо Эрон муносибатҳои танготанг дорад ва аз гурӯҳҳои исломгаро, назири Ихвон-ул-Муслимин" ҳимоят мекунад.

Хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ низ субҳи душанбеи 5-уми июн хабари қатъи робитаҳои дипломатии ин кишвар бо Қатарро пахш кард. Арабистони Саудӣ гуфтааст, ки ин тасмим барои ҳифозат аз "терроризм ва ифротгароӣ" зарурӣ мебошад.

Ба иттилои хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ, ин кишвар ҳама тамосҳои заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоӣ бо Қатарро қатъ мекунад. Ҳамчунин рафтуомади шаҳрвандони Қатар ба Арабистони Саудӣ ба далоили "амниятӣ", манъ шудааст. Ба таъкиди хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ, ин кишвар шаҳрвандонашро аз сафар ба Қатар барои зиндагӣ ва ё убур аз онҷо, манъ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дипломатҳои қатариро ба "пуштибонӣ, таъмини молӣ ва наздикӣ бо терроризм, бунёдгароӣ ва фирқагароӣ" муттаҳам карда ва бо онҳо 48 соат фурсат додаааст, то Иморотро тарк кунанд.

Вазорати умури хориҷии Миср низ эълом кардааст, ки "ба далели амнияти миллӣ", ҳама роҳҳои ҳавоӣ ва баҳрии худро ба рӯи ҳама рафтуомадҳо аз ва ба Қатар, масдуд кардааст. Қоҳира ҳукумати Қатарро муттаҳам кардааст, ки аз "террористҳо" аз ҷумла аъзои гурӯҳи "Ихвон-ул-муслимин", ҳимоят мекунад.

Раҳбарони пешини Қатар ва Эрон.
Раҳбарони пешини Қатар ва Эрон.

Кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ба ин боваранд, ки Қатар бо Эрон муносибатҳои танготанг дорад ва аз гурӯҳҳои исломгаро, назири Ихвон-ул-Муслимин" ҳимоят мекунад.

Дар муқобил Доҳа рӯзи душанбе бо ибрози таассуф аз қатъи робитаҳои ин кишварҳо бо Қатар гуфт, тасмими ин кишварҳо бар пояи иддаои "дурӯғин ва беасос" гирифта шудааст. Дар баёнияи Доҳа гуфта шудааст, ки ин кишварҳо ҳаққи ҳокимияти Қатарро нақз кардаанд.

Дар пайи қатъи равобити Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн ва Миср бо Қатар, Амрико эълон кард ҳозир аст барои ҳалли ихтилофоти мавҷуд кӯмак кунад. Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико, ки ба Австралия сафар кардааст, рӯзи душанбеи 5-уми июн гуфт, "гумон намекунам қатъи робитаи чанд кишвари арабӣ бо Қатар таъсире дар мубориза бо терроризм дар минтақа ва дар сатҳи ҷаҳон дошта бошад".

Дар айни ҳол ин мақоми амрикоӣ хостори ҳаллу фасли ихтилофот миёни Қатар ва кишварҳои арабӣ шуд. Қатар мизбони бузургтарин пойгоҳи низомии Амрико дар Ховари Миёна аст ва ҳудуди 11 ҳазор низомии Амрико дар ин кишвар ҳузур доранд.

Қатъи робитаҳои кишварҳои арабӣ бо Қатар дар ҳоле сурат гирифт, ки тайи рӯзҳои гузашта, амири Қатар дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Эрон, ба "тақвияти ҳамкорӣ бо Теҳрон" таъкид карда буд.

Чанд рӯз қабл, нишонаҳое аз ба миён омадани таниш байни кишварҳои арабӣ ва Қатар дар пайи як изҳороти мансуб ба Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, дида мешуд. Қатар рӯзи чаҳоршанбеи 24-уми май эълон карда буд, ки хабаргузории давлатии ин кишвар ҳакк шуда ва изҳороте ба нақл аз Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар дар интиқод аз Амрико ва дар ситоиш аз Эрон, "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, "Ҳамос" ва "Ихвон-ул-муслмин", дар ин хабаргузорӣ мунташир шудааст, ки асос надорад.

Бӯҳрони равобити Қатар бо Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Миср
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Гуфта шуда буд, ки амири Қатар дар як маросими артиш, ин изҳоротро баён кардааст. Ҳукумати Қатар гуфта буд, ки ин изҳорот "сохта ва ҷаълӣ" аст ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ чунин суханонеро нагуфтааст. Бо вуҷуди он, ки ҳукумати Қатар ин хабарро радд кард, аммо расонаҳои Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамчунон изҳороти Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сониро мунташир карданд.

Дар соли 2013 Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн -- се увзи Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар пайи ихтилофи назар бо Қатар, Доҳаро ба ҳимоят аз исломгароён муттаҳам ва сафирони худро аз Қатар фаро хонда буданд.

XS
SM
MD
LG