Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти амниятӣ: Омилони ҳамлаҳои Теҳрон "эронӣ" буданд


Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки омилони ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбе ба бинои порлумони он кишвар ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ дар Теҳрон, шаҳрвандони ҳамин кишвар ҳастанд. Муовини дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон рӯзи шаби гузашта ба таври расмӣ эълон кард, ки ин ҳамлаварон "эронӣ" мебошанд.

Ба гузориши Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, Ризо Сайфулилоҳӣ, дар гуфтугӯ бо шабакаи дувуми телевизиони Эрон гуфтааст, "ин афрод аз баъзе минтақаҳои Эрон ҳастанд, ки ба ДИИШ пайваста буданд ва дар он минтақаҳое, ки гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" эъломи хилофат карда буд, бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд."

Тибқи бархе гузоришҳо, ҳамлаварон ба бинои порлумони Эрон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ эҳтимолан аз гурӯҳҳои салафӣ дар вилояти Курдистон бошанд.

Вай дар идома гуфтааст, ки бинобар шикастҳои ахир ва масъалаи аз байн рафтани ин гурӯҳ, онҳо худро дар пешрӯи азҳампошӣ медиданд ва бинобар нақши Ҷумҳурии исломӣ дар ин замина, ин ҳамларо анҷом доданд.

Муовини дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба таври мушаххас нагуфт, ки ин афрод мутааллиқ ба кадом минтақаи Эрон ҳастанд. Вале тибқи бархе гузоришҳо, ҳамлаварон ба бинои порлумони Эрон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ, эҳтимолан аз гурӯҳҳои салафӣ дар вилояти Курдистон бошанд.

Маҳкумияти ҳамлаҳои Теҳрон. Аз Душанбе то Вошингтон

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамлаҳои хунбори рӯзи чаҳоршанбе 7-уми июн ба бинои порлумони Эрон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ дар Теҳронро маҳкум кард. Дар ин ҳамлаҳо 12 нафар кушта ва беш аз 40 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Шӯрои амнияти Cозмони Милали Муттаҳид дар баёнияе ин ҳамлаҳоро "ваҳшиёна ва буздилона" хонд. Ба гузориши хабаргузориҳо, дар ин баёнияи Шӯрои Амнияти СММ, ки аз сӯи Ҷопон таҳия ва бо имзои 15 узви ин шӯро, ба тасвиб расид, омадааст, ки "Шӯрои Амният бори дигар терроризмро дар ҳар шакл ва навъ, маҳкум мекунад."

Дар ҳамлаҳои Теҳрон 12 нафар кушта шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:29 0:00

Дар ҳамлаҳои рӯзи чаҳоршанбе ба бинои порлумони Эрон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ дар Теҳрон, ҳадди ақал 12 нафар кушта ва ҳудуди 44 нафар маҳруҳ шуданд ва ҳамлаварон низ ба қатл расиданд. Гурӯҳи "Давлати исломӣ" бо интишори як баёния эълон кард, ки ҳамларо афроди ин гурӯҳ анҷом доданд. Ин гурӯҳ ҳамзамон таҳдид кардааст, ки алайҳи Эрон ҳамлаҳои бештаре анҷом хоҳад дод.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар робита ба амалҳои террористӣ дар шаҳри Теҳрон ба унвони Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият фиристода ва онро маҳкум кардааст. Дар ин паёми Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст, ки "мо ин ҷинояти золимонаи террористонро қатъиян маҳкум намуда, зарурати таъхирнопазири тақвияти муборизаи беамону дастаҷамъонаро бо ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ муҷаддадан таъкид менамоем."

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар паёме бо қурбониёни ҳамлаҳои терорристӣ"-и Теҳрон ибрози ҳамдардӣ кардааст. Бо ин вуҷуд Трамп гуфтааст, "кишварҳои пуштибони терроризм худ қурбонии "шарорате" мешаванд, ки паҳнкунандаи он ҳастанд."

Ба гузориши Қасри Сафед, Доналд Трамп дар баёнияе гуфтааст, "мо барои қурбониёни бегуноҳи ҳамлаҳои террористии Эрон ва ҳамчунин миллати Эрон, ки чунин даврони пурчолишеро сипарӣ мекунанд, сӯгворем ва дуо мекунем". Амрико Эронро "бузургтарин кишвари пуштибони терроризм дар ҷаҳон" медонад. Ин дар ҳолест, ки Эрон ин иттиҳомро радд мекунад.

Раиси парламенти Эрон ҳамлаҳоро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:48 0:00

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш низ ҳамлаҳои Теҳронро маҳкум кардааст. Сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, "СММ умедвор аст омилони ин хушунатҳо ба ҷазои аъмоли худ бирасанд. Ҳама кишварҳо бояд барои мубориза бо терроризм бо якдигар ҳамкорӣ кунанд."

Масъули сиёсати хориҷи Иттиҳодияи Аврупо, вазири умури хориҷии Олмон ва Бритониё ҳам ҳамлаҳои Теҳрон маҳкум кардаанд. Вазири умури хориҷии Австралияи низ рӯзи панҷшанбе дар баёнияе, ҳамлаҳо дар Теҳронро накӯҳиш кардааст.

XS
SM
MD
LG