Пайвандҳои дастрасӣ

Як гузаргоҳи муҳими марзиро аз ДИИШ гирифтанд


Ҷанг барои бозпас гирифтани шаҳри Мосули Ироқ идома дорад.

Фармондеҳони артиши Ироқ мегӯянд, ки нерӯҳои давлатӣ ва размандагони қабилаҳои суннимазҳаб як гузаргоҳи муҳим дар марз бо Сурияро аз ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” бозпас гирифтанд.

Гузаргоҳи Ал-Волид се сол пеш ба дасти ҷангҷӯён афтод. Артиши Ироқ рӯзи 17-уми июн бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, дар ҷанг ба зидди аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ғарби Ироқ, нерӯҳои ҳавоии кишвар ва Амрико ба нерӯҳои заминӣ кӯмак кардаанд.

Гузаргоҳи Ал-Волид дар марз бо шаҳри Ал-Танфи Сурия қарор дорад, ки дар инҷо Амрико як пойгоҳеро барои кӯмак ба нерӯҳое истифода мекунад, ки бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва бар зидди ҳукумати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия меҷанганд.

Гузаргоҳи Ал-Волидро тундравон рӯзи 22-уми июни соли 2014 ишғол карданд. Дар он сол, гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” қаламравҳои васеи Ироқу Сурияро гирифт ва шаҳри Раққа дар Сурия ва шаҳри Мосул дар Ироқро пойтахти “хилофати” худ эълон кард.

Баъди ишғоли Ал-Волид гурӯҳи “Давлати исломӣ” назорат дар марзи Ироқу Сурияро ба даст овард. Дар он замон ин гурӯҳи ифротгаро гуфт, ки марзҳоро аз байн мебарад ва дар қаламрави ин ду кишвари арабӣ “хилофат” месозад.

Размандагони таҳти ҳимояти Амрико дар ҳарду кишвар ҳоло ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ“-ро зери фишор қарор додаанд ва саъй доранд, онҳоро аз Раққа ва Мосул берун кунанд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамзамон бо ҳимояти нерӯҳои давлатии Ироқ, ба ошӯбгарони Сурия ва размандагони курди мухолифи ҳукумати Башор Асад кӯмак мекунад. Русияву Эрон дар ин ҷанг ба ҳукумати Сурия кӯмак мерасонанд.

Дар натиҷаи ҷангҳо дар Мосул ҳазорон нафар аз хонаҳояшон фирор кардаанд.
Дар натиҷаи ҷангҳо дар Мосул ҳазорон нафар аз хонаҳояшон фирор кардаанд.

Ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар хоки Сурия ва дар наздикии шаҳри Ал-Танф ба нерӯҳои шиамаҳзаби зери ҳимояти Эрон имкон намедод, аз тариқи шоҳроҳи Бағдод-Димишқ кӯмакҳои лозимиашонро ба даст биёранд. Ишғоли гузаргоҳи Ал-Волид ғолибан ба талошҳои Амрико дар онҷо мусоидат мекунад.

Рӯзи 6-уми июн нерӯҳои эътилофӣ ба раҳбарии Амрико гуфтанд, ки гурӯҳе аз нерӯҳои зери ҳимояти Эронро, ки аз тарафи ҳукумати Башор Асад меҷангиданд, дар наздикии пойгоҳи Ал-Танф аз байн бурданд. Русия ин ҳамларо “таҷовуз” номид ва танқид кард.

Вазорати дифои Амрико ҳамчунин рӯзи 14-уми июн аз ирсоли HIMARS як системаи пешрафтаи мушакии саёр ба пойгоҳи Ал-Танф хабар дод ва эътирози Русияро барангехт.

Дар шаҳри Мосул сарбозони Ироқ бо ҳимояти нерӯҳои Амрико, баъди нӯҳ моҳи ҷанг ҷангҷӯёни гурӯҳи ифротгарои “Давлати исломӣ” – ро дар як гӯшаи шаҳри кӯҳнаи Мосул танг кардаанд. Муқовимати ҷангҷӯён бо снайперҳо, кӯчаҳои тангу серодам ва ҳузури 100 ҳазор мардуми мулкӣ ҳаракати сарбозони давлат ба дохили шаҳрро суст кардааст.

Дар атрофи шаҳри Раққа Нерӯҳои Сурияи Демократӣ, ки Амрико аз онҳо ҳимоят мекунад, манотиқи шимолӣ, шарқӣ ва ғарбии шаҳрро гирифтаанд ва барои ҳамлаи охирин ва маҳви гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар инҷо омода мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG